Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Даҳҳо духтари тоҷикро бурданд, намедонем, бо онҳо чӣ карданд"


Инҷо урдӯгоҳи Ал-Ҳол аст.
Инҷо урдӯгоҳи Ал-Ҳол аст.

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт мегӯяд, пандемияи коронавируси нав имкон надод, занону кӯдакони тоҷикро аз урдугоҳҳои Сурияро ба кишвар баргардонанд. Урдугоҳҳое, ки ба гуфтаи Созмони Милал ва занони тоҷик вазъи тоқатфарсое доранд.

Сумая яке аз ин занон ба Радиои Озодӣ гуфт, “Даҳҳо духтарони тоҷикро аз урдӯгоҳ ба зурӣ бурдаанд. Мо намедонем, бо онҳо чӣ карданд ва тақдири онҳо чӣ шуд." Зубайдулло Зубайдзода рӯзи 9-уми феврал дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ моҳи декабр худаш шоҳиди аҳволи бади паноҳҷӯён шуд ва мақомот саъй доранд, “то охирин касеро, ки мехоҳад, ба ватан баргардад”, ба Душанбе биёранд.

Ӯ афзуд: “Пандемия ҳам сабати ба таъхир афтодани бархе корҳои омодасозӣ шуд, вале сарфи назар аз ин ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, то охирин шаҳрвандеро, ки мехоҳад баргардад, интиқол диҳад.” Айни замон теъдоди номаълуме аз шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус занону кӯдакони ҷангҷӯёни кушташудаи ДОИШ дар Сурияву Ироқ ҳастанд.

Зубайдулло Зубайдов дар ин бора баъд аз он суҳбат кард, ки гуруҳе аз коршиносони ҳуқуқи башари Созмони Милал бо ирсоли нома ба 57 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон аз онҳо хостаанд, шаҳрвандонашонро аз урдугоҳҳои нопоку нимавайронаи Сурия баргардонанд.

Кумиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони Милал рӯзи 8-уми феврал бо изҳори нигаронии амиқ дар бораи вазъи амниятӣ ва башарӣ дар урдугоҳҳои Ал-Ҳол ва Рож дар шимолушарқи Сурия гуфт, аҳволи паноҳандагон дар онҷо бисёр бад аст ва 57 кишваре, ки бовар меравад, онҷо шаҳрванд доранд, бояд бе ҳеҷ таъхире онҳоро ба хонаҳояшон баргардонанд. Дар ҳарду паноҳгоҳ ба гуфтаи Созмони Милал бештар аз 64 ҳазор нафар нигаҳ дошта мешаванд ва аксарияти онҳо занону кӯдаконанд.

Ҳаштод дар сади онҳо кӯдаконанд

Зубайдулло Зубайдов ба Радиои Озодӣ гуфт, фақат дар яке аз ин урдугоҳҳо садҳо зану кӯдаки тоҷикро барои бозгардонидан сабти ном кардаанд: “Фақат дар урдӯгоҳи “Ал Ҳол” беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон сабти ном шудааст, ки 80 дар сади онҳо кӯдаконанд. Дар вақти ба қайд гирифтан имкон пеш наомад, ки ҳамаи онҳоро дар урудӯгоҳҳо сабт кунем.”

Зубайдулло Зубайдзода, изҳороти Сомони Милал оид ба баргардонидани шаҳрвандон аз урдугоҳҳои Сурияро саривақтӣ хонд ва гуфт, Тоҷикистон “тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодааст, ки хонаводаҳои тоҷикро ба ватан биёрад.”

Дар баёнияи Созмони Милал омадааст, “Ҳазорон нафаре, ки дар урдӯгоҳҳо нигаҳ дошта мешаванд, “ба хушунату истисмор ва маҳрумият ва рафторе рӯ ба рӯ ҳастанд, ки бар асоси қонунҳои байналмилалӣ баробар бо шиканҷаву дигар рафтори золимона аст. Теъдоди номаълум ҳам ҳалок шудаанд.”

Зубайдулло Зубайдзода ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ моҳи декабр вақти сабти ном кардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар урдугоҳҳои “Ал Ҳол” ва “Рож” шоҳиди вазъи тоқатфарсои паноҳандагон шуд. Ба Радиои Озодӣ ҳам муяссар шуд, бо ду зани тоҷик, ки дар “Ал-Ҳол” нигаҳ дошта мешаванд, суҳбат кунад.

Таҳмина, яке аз ин занон, ки се фарзанд доштааст, гуфт, бештар аз сарнавишти кӯдаконашон дар изтироб ҳастанд, ки баъди расидан ба 14-солагӣ баъзан размандагони курд онҳоро бо худ мебаранд. Ӯ гуфт, дар ин муддат тақрибан 10 кӯдакро бурдаанд аз онҳо ҳеҷ дараке надоранд: “Онҳо аз мо намепурсанд, ба ҳарфҳои мо гӯш намедиҳанд. Намедонем кӯдаконамонро ба куҷо мебаранд, метарсем аз онҳо сарбоз насозанд ва агар пурсем, ки кӯдаконро ба куҷо бурдед, чизе намегӯянд. Мо намедонем, чӣ кор кунем, ман се кӯдак дорам.”

"Маро бо духтарчаам азоб дода, таҳқир карданд"

Як зани дигари тоҷик, ки худро Сумая муаррифӣ кард, гуфт: “Як кӯдакам дар дасташ бозича дошт ва дар он “Ло илоҳа илалллоҳ” навишта шуда буд, омаданду маро ҳамроҳи кӯдакам, ба зиндон бурданд. Азоб доданду пурсиданд, мақсади ту чӣ аст, чаро дар ин бозича чунин навишта шудааст. Ман гуфтам, ин бозичаро, ки овардааст намедонам, вале як бозича аст ва кӯдакам бозӣ мекунад. Маро бо духтарчаам азоб дода, таҳқир карданд”.

Сумая дар бораи сарнавишти духтарони ноболиғе суҳбат кард, ки ба гуфтаи ӯ онҳоро ба куҷое бурданду дигар наоварданд. Вай гуфт: “Даҳҳо духтарони тоҷикро аз урдӯгоҳ ба зурӣ бурдаанд. Мо намедонем, бо онҳо чӣ карданд ва тақдири онҳо чӣ шуд. Мо ҳатто аз посбонҳои урдӯгоҳ ҳаққи пурсидан надорем ва онҳо бо мо аслан гап ҳам намезананд. Аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳем, зудтар моро баранд. Агар ман гунаҳкор бошам ҷавоб медиҳам, лекин кӯдакони мо чӣ гуноҳ доранд?”

Зубайдулло Зубайдзода ба Радиои Озодӣ гуфт, муроҷиати Созмони Милал барои бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон “саривақтӣ буда ва дар тартиб додани барномаи комил барои бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад.” Тоҷикистон моҳи апрели соли 2019 84 кӯдаку навраси тоҷикро бо мусоидати созмонҳои хайрия ва кишварҳои арабӣ аз Бағдод ба Душанбе овард ва баъди он гуфт, ки саъй мекунад, занону кӯдакони боқимонда дар Ироқро ҳам биёрад.

Манбаъҳои мустақил ва огоҳ мегӯянд, як масъалаи муҳиме, ки бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистонро мушкил кардааст, талаби размандагони курд аст, ки мехоҳанд, мақомоти Тоҷикистон бо ҳукумати Ироқ музокира кунанд, на бо Сурия. Занону кӯдакони тоҷик пас аз шикасти гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” солҳои 2017-2018 ба дасти размандагони курд асир афтоданд ва ҳоло дар урдӯгоҳҳои зери назари Созмони Милали Муттаҳид дар чанд шаҳри Сурия нигаҳдорӣ мешаванд. Размандагони курд аз неруҳои асосие ҳастанд, ки дар ҷанг ба зидди ДОИШ нақши муҳиме ифо кардаанд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” соли 2014 қисмате аз ҳудудҳои Сурия ва Ироқро зери назорат гирифт ва он ҷоро “Хилофати исломӣ” эълон кард. Дар он сол ва чанд соли баъд бештар аз 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта ва ба сафи гуруҳҳои тундраву терористӣ ба мисли “Давлати исломӣ” пайвастанд. Ҷангҷӯёни зиёди тоҷик кушта шуданд ва занону кӯдаконашон онҷо бева ва ятим монданд.

XS
SM
MD
LG