Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тандурустӣ ба "набудани коронавирус" пойфишорӣ кард, вале шубҳаҳо рафъ нашуд. ВИДЕО


Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти хабарии 12-уми феврал
Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти хабарии 12-уми феврал

Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар давраи пандемияи коронавирус дар кишвар 26 пизишк фавтида, гирифтории 18 нафари онҳо ба COVID-19 тасдиқ шудааст. Ин гуфтаи вазир дар ҳолест, ки дар соли гузашта расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги даҳҳо пизишк ва бо нишонаҳои коронавирус хабар дода буданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ, рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ба ҷуз аз хабар дар бораи марги пизишкон ҳамчунин чанд дафъа аз набудани COVID-19 дар Тоҷикистон гуфт. Ҳарчанд иддае ба суханони мақомот дар бораи набудани коронавирус шубҳа доранд.

Абдуллозода ҳамчун далел ба набудани коронавирус дар Тоҷикистон гуфт, моҳҳои қабл дар ҳар утоқи ташхиси комютерӣ то 300-400 ташхис мегузаронданд ва гирифтории як қисми онҳо ба коронавирус тасдиқ мешуд. Вале, ба иддаои вазир, аз оғози моҳи январ гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ нашудааст.

“Ҳоло дар беморхонаҳои Тоҷикистон ягон шахси гирифтор ба COVID-19 нест,” -- гуфт вазири тандурустӣ.

Аммо хабарнигорон ин гуфтаи вазири тандурустиро зери шубҳа гузошта, аз Ҷамолиддин Абдуллозода пурсиданд, чӣ гуна кишварҳои абарқудрат то ҳол бо коронавирус дасту панҷа нарм мекунанд, аммо мақомоти тоҷик аз ғалаба ба пандемия хабар медиҳанд?

Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, кишварҳои бузург нахуст карантин карда, баъдан ҳамаро иҷозаи хуруҷ аз хона доданд ва якбора боис ба афзоиши беморӣ шуданд. Вале ба гуфтаи Абдуллозода Тоҷикистон карантин накард ва ин таҷриба натиҷаи хуб овард.

Як нуктаи баҳсбарангез дар нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ ин буд, ки фиристодани як ҳайат барои санҷидани вазъи беҳдоштӣ аз Русия оё нобоварӣ ба омори расмии мақомоти тоҷик нест? Вазири тандурустӣ чунин чизеро рад кард ва гуфт, "барои исбот бигзор оянд ва вазъро аз наздик бинанд."

Ҷамолиддин Абдуллозода бори аввал омори гирифторӣ ба COVID-19-ро дар минтақаҳои Тоҷикистон зикр кард. Ӯ гуфт, аз ҳама зиёд дар вилояти Суғд сирояти коронавирус сабт шудааст. Омори беморонро дар ин минтақа 4 ҳазор кас баршумурд.

Дар шаҳри Душанбе низ, ба иттилои ӯ, 4 ҳазор нафар ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд. Аз рӯи гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон ноҳияҳои тобеи марказ дар ҷойи севум, Хатлон дар ҷойи чорум ва аз ҳама охир вилояти Бадахшон будааст.

Дар оғози пандемия нахустин хабарҳо аз фавти сокинон бо нишонаҳои коронавирус дар вилояти Суғд ба расонаҳо роҳ ёфта буд. Ҳарчанд мақомот ин хабарҳоро рад карда, ҳолатҳои марги шубҳаоварро аз илтиҳоби шуш мегуфтанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфт, аввалин бастаҳои ваксинаи “Астразенека” охири моҳи феврал ва аввали моҳи март вориди Тоҷикистон мешавад.

Вай гуфт, ваксина дар доираи барномаи COVAX ройгон ба Тоҷикистон мерасад. Баъзе аз мутахассисон мақомоти тоҷикро ба кашолколӣ дар ваксина кардани мардум айбдор мекунанд, аммо масъулини Вазорати тандурустӣ инро рад мекунад.

Ба ҷуз аз ваксинаи "Астразенека", ба гуфтаи вазири тандурустӣ, ҳукумати Тоҷикистон барои дарёфти ваксина бо Русия гуфтугӯ дорад.

XS
SM
MD
LG