Абдуллоҷон Орифов, аввалин раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ва вакили собиқи порлумон шаби 25-уми феврал дар синни 80 солагӣ даргузашт.
Ба гуфтаи наздиконаш, вай чанд соли ахир бемори бистарӣ буд ва аҳли хонавода ӯро дар Хуҷанд нигоҳубин мекарданд. Писараш Олимҷон Орифов қабл аз маросими дафн ба Радиои Озодӣ гуфт: “Се сол пеш падарам бемории сактаи мағзӣ (инсулт) шуданд, ҳамин моҳи феврал буд. Шаби ҷумъа вафот карданд”.
Абдуллоҷон Орифов, профессори илмҳои иқтисодӣ 6-уми феврали соли 1941 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодшинос хатм кардааст. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ вай аз поягузорони системаи андозсупории Тоҷикистони навин шинохта мешавад.
Соли 1992 раиси Кумитаи андози Тоҷикистон буд ва баъдан дар мансабҳои муовини якуми раиси кумита кор кардааст. Аз соли 2000 - вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Олимҷон Орипов мегӯяд: “Падарам 17 сол дар Донишгоҳи онвақта ба номи Ленин ба шогирдон дарс гуфтаанд. Бисёртар дар вазифаи муовини ректор кор кардаанд ва аз ҳамин сабаб дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон шогирд доранд”.
Абдуллоҷон Орифов замони ҷанги дохилӣ ба Хуҷанд баргашта, солҳои зиёд ҳамчун мудири факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи Хуҷанд кор кардааст. Муаллифи беш аз 500 мақолаву таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи молиёт низ ҳаст. Дар маросими ҷанозаи Абдуллоҷон Орифов садҳо нафар аз дӯстону хешовандонаш ҳузур доштанд. Ӯро дар оромгоҳи зодгоҳаш деҳаи Рӯмон ба хок супурданд. Аз ӯ 4 фарзанд ва набераҳои зиёд боқӣ мондааст.