Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, ба сабаби сирояти бемории полиомелит ва ё фалаҷи атфол ба чаҳор кӯдак дар Тоҷикистон, дар кишвар вазъи фавқуллодаи дараҷаи дуввум эълон кардааст.
Дар баёнияи расмии созмон аз рӯзи 19-уми март омадааст, то рӯзи 18-уми март дар Тоҷикистон чаҳор мавриди фалаҷи атфоли навъи дуввумро сабт кардаанд, ки як навъи заиф ва ҳосилшуда аз ваксина аст.
Эълони вазъи фавқуллода аз тарафи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ як муқаррароти дохилии ин созмон аст ва имкон медиҳад, ки барои кумак ба кишвари осебдида, манобеи лозимӣ, ваксина ва ё дорувориву васоили тиббии лозим зудтар фиристода шавад. Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон низ ба ин феҳраст ворид ҳастанд, то барои пешгирӣ аз беморӣ ва ё муолиҷа чораҳои заруриро биандешанд.
Дар баёнияи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ омадааст, ки аввалин мавриди сирояти фалаҷи атфоли навъи дуввум дар вилояти Хатлон рӯзи 22-уми ноябри соли 2020 сабт шуд, ки ин навъи беморӣ ҳоло дар Покистон чарх мезанад. Гирифтори дуввуми бемориро феврали имсол ва боз ҳам дар вилояти Хатлон сабт кардаанд. Ду кӯдаки бемори дигарро рӯзи 8-уми март дар ноҳияи Ҳисор ба қайд гирифтаанд ва ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ташхиси беҳдоштӣ дар се маҳал вуҷуди вирусро нишон додааст.
Вирусе, ки ҳам сироят кардааст, ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз ваксинаи зидди беморӣ пайдо мешавад ва бо тағйири таркибаш батадриҷ мисли вируси ваҳшӣ ва ё табиӣ рафтор мекунад. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд: “Таҳқиқи фарогир барои пайдо кардани сарчашмаи беморӣ, дар беморхонаҳо, тафтиши омори минтақаҳо дар бораи ваксинзанӣ, радёбии афроди дар иртибот бо беморон идома дорад.“ Ҳадаф аз он пайдо кардани гирифторони эҳтимолии беморӣ чӣ дар гузашта ва чӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон будааст.
Тоҷикистон моҳи феврали соли 2021 ваксинзании саросарӣ ба зидди бемории фалаҷи атфолро хотима додааст, то кӯдакон аз навъи дуввуми фалаҷ эмин бошанд. Бино ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Бунёди Ҳимоят аз Кӯдакони Созмони Милал соли 2019 тақрибан 96 дар сад ва соли 2020 бештар аз 90 дар сади кӯдакон дар Тоҷикистон ваксинаи фалаҷи атфолро гирифтаанд. Моҳи феврали соли 2021 ҳам маъракаи ваксинзании саросарӣ ба ҳамин ҳад будааст.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, ҳоло саъй дорад, ҳамроҳ бо мақомоти Тоҷикистон маъракаи эмкунӣ бо ваксинаи наверо оғоз намояд, то аз сирояти навъи дуввуми фалаҷи атфол пешгирӣ шавад.
Навъи дуввуми фалаҷи атфол ба гуфтаи табибону мутахассисон аз ваксина ба зидди беморӣ сарчашма мегирад. Бо вуҷуди онки ваксина кӯдаконро аз беморӣ эмин медорад, аммо дар сурати сирояти вируси “нимҷони ин ваксина” ба кӯдаконе, ки ваксина нагирифтаанд ва масуният надоранд, вируси нимҷон қавитар мешавад, таркибашро дигар ва мисли вируси ваҳшӣ ва табиӣ рафтор мекунад. Сирояти ин вирус кӯдакро фалаҷ мекунад ва дар баъзе ҳолат мекушад.
Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, хуруҷи навъи дуввуми фалаҷи атфол соли 2019 дар саросари ҷаҳон якбора зиёд шудааст. Соли 2020-ум сирояти беморӣ дар Афғонистон ва аз ҷумла манотиқи ҳаммарзи он бо Тоҷикистону Туркманистону Узбекистон мушоҳида шудааст.
Тоҷикистон аз соли 2002 кишвари орӣ аз фалаҷи атфол ва ё полиомелит эълон карда буданд, ҳарчанд то соли 2010 мавридҳои алоҳидаи сирояти беморӣ ва маргу мири кӯдакон аз он сабт шуда буд. Бори охир ва 11 сол пеш дар кишвар вируси ин беморӣ ба 458 кӯдак сиооят кард ва 29 нафари онҳоро кушт. Дар миёни 458 нафар тақрибан нисфи онҳо кӯдакони аз 1 то 5-сола будаанд.
Хабари хуруҷи бемории фалаҷи атфол дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон як моҳ пештар эълон кард, ки коронавируси нав дар кишвар аз байн рафтааст. Ин вирус, ки то кунун ба гуфтаи вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон 13308 нафарро ба бемории СОVID-19 гирифтор карда ва 90 нафарро куштааст.
Оморе, ки на ҳама ба он бовар доранд. Эълон накардани сирояти навъи дуввуми фалаҷи атфол дар моҳи ноябри соли гузашта ва моҳи феврали имсол ҳам зоҳиран суолҳоеро дар бораи дурустии омору хабарҳои вазорати тандурустӣ бармеангезад.