Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WHO: Дар Тоҷикистон 6 нафар ба фалаҷи атфоли навъи дувум гирифтор шудаанд. ВИДЕО


Ин кӯдак ваксина ба зидди бемории фалаҷи атфол мегирад. Покистон, моҳи декабри 2020
Ин кӯдак ваксина ба зидди бемории фалаҷи атфол мегирад. Покистон, моҳи декабри 2020

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) чанд рӯз пеш хабар дод, ки дар Тоҷикистон камаш шаш мавриди гирифтории кӯдакон ба фалаҷи атфол (навъи дувум)-ро сабт кардаанд. Мубталоён кӯдакони аз 3 то 5-сола ва дар вилояти Хатлону шаҳри Ҳисор ҳастанд.

Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз фалаҷи атфол ҳама навзодҳоро, ҳанӯз аз замони Шӯравӣ, эм мекарданд, вале сабаби рӯй задани беморӣ дар чист? Ҷавоби ин ва суолҳои дигарро аз Шоҳин Ҳусейнов, мутахассиси фалаҷи атфол дар дафтари аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, пурсидем.

Агар волидон надонанд, ки фарзандашон ин ваксинаро гирифтааст ё на, беҳтараш як бори дигар гиранд. Ин ваксина зарар надорад. Агар бештар гиранд, айб ҳам надорад.
Шоҳин Ҳусейнов

Радиои Озодӣ: Лутфан, бигӯед, ки ин чӣ вирус аст ва чӣ хатар дорад?

Шоҳин Ҳусейнов: Фалаҷи атфоли навъи дуюм дар шароите ба вуҷуд меояд, ки шумори зиёди одамон бе ваксинзанӣ бо ҳам дар як ҷо зиндагӣ карда, шароити гигиении хуб надоранд. Ин вирус, ки онро навъи ваҳшии полиомиелит низ меноманд, аз соли 1999 барҳамхӯрда ба шумор меравад, вале бо он сабаб ҳанӯз ҳам пайдо мешавад, ки ваксинаи “зиндаи” поливирус то соли 2016 истифода шудааст. Ин ваксинаи зинда ба организм ворид шуда, тағйир меёбад ва ба шакли дуюми фалаҷи атфол табдил мешавад. Мо намунаҳои онро дар кишварҳои Африқо, Покистон ва Афғонистон мушоҳида мекунем. Ин, ки намунаҳои ин вирус дар минтақаи мо пайдо шудааст, пешбинишаванда буд, чунки танҳо дар як соли гузашта дар Афғонистон 320 ва дар Покистон 100 кӯдак ба ин вирус гирифтор шуданд. Вирусе, ки дар Хатлон ошкор шуд, аз лиҳози генетикӣ ба вируси Покистон рабт дорад.

Фарқи фалаҷи атфоли навъи ду дар чӣ аст?

Радиои Озодӣ: Фарқи ин навъи фалаҷи атфол аз полиомиелите, ки мардум мешиносанд, дар чӣ аст?

Шоҳин Ҳусейнов: Фарқ танҳо дар тарзи пайдо шудани он аст. Тамоми хусусиятҳои дигараш айнан мисли полиовируси ваҳшӣ мебошад. Ин ҳамон полиовирусест, ки дар натиҷаи тағйирёбии маводе, ки дар ваксина истифода мешавад, ба вуҷуд омадааст. Хусусиятҳояш монанд аст. Мутаассифона, ин ҳам ба маркази системаи асаб таъсир карда, боис ба фалаҷи кӯдак мешавад. Як хусусияти калидии полиомиелит ин аст, ки босуръат зуҳур мекунад: бо таби баланду дарди шикам ва ҳам суст шудани дасту по. Фалаҷ асосан ба даст ва пой таъсир мерасонад, аммо метавонад, вобаста ба он ки вирус ба кадом қитъаи асаби кӯдак роҳ меёбад, дигар узвҳоро ҳам фалаҷ кунад. Асосан дасту пои кӯдакро фалаҷ мекунад.

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Посух ба чанд суол дар бораи фалаҷи атфол дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:00 0:00

Радиои Озодӣ: Чаро дар Тоҷикистон ҳолати беваксина ё эмкунӣ мондани кӯдакон пеш омад?

Шоҳин Ҳусейнов: Солҳои 2016-2018 дар тамоми сайёра мушкили ҷаҳонии таъминот бо поливаксина мушоҳида шуд. Ваксина намерасид. Беш аз 170 давлат дар як вақт ин ваксинаро дархост карданд, вале истеҳсолот дар таъмини ҳамаи онҳо оҷиз монд. Он замон қарор ин шуд, ки ваксина пеш аз ҳама ба кишварҳое дода мешавад, ки хатари гирифторӣ дар он ҷо хеле баланд аст – ин кишварҳои Африқо, Осиёи Ҷанубӣ ва дигарон буданд. Осиёи Марказӣ ва ду ҷумҳурии Қафқози Ҷанубӣ он замон ҳамчун кишварҳое бо сатҳи поини хатари олудашавӣ арзёбӣ мешуданд ва ба ҳамин хотир таъмини ваксинаҳо дар ин кишварҳо ба фурсати дигар вогузор шуд. Дар Тоҷикистон ин ваксина соли 2018 тақсим шуд. Мутаассифона, кӯдаконе, ки дар солҳои 2016-2018 таваллуд шуданд, натавонистанд, ваксинаи зидди полиомиелити навъи дуюмро дарёфт кунанд. Эмкунии онҳо зидди ин беморӣ ҳамин ҳоло, яъне аз 15 то 20-уми феврал анҷом шуд. Дар Тоҷикистон як моҳ пеш маъракаи эмкунӣ гузашт ва ҳамаи ин кӯдакон эм карда шуданд. Вале он ҳолатҳое, ки ба қайд гирифта шуданд, аз моҳи ноябри соли 2020 то феврали соли 2021-ро дар бар мегиранд. Ин кӯдакон бо ин ё он сабаб эм карда нашуда буданд.

Хатари олудашавии дигар кӯдакон вуҷуд дорад?

Радиои Озодӣ: Оё калонсолон ҳам аз кӯдакони бемор олуда шуда метавонанд?

Шоҳин Ҳусейнов: Бале, ин вирус ба калонсолон ҳам сироят мекунад. Дар асрҳои гузашта полиомиелит ба гурӯҳҳои калони мардум сироят мекард. Ба бовари мо, бо сабаби ин ки дар Тоҷикистон таҷрибаи эмкунии оммавӣ ба роҳ монда мешавад, хатари паҳншавии ин вирус айни замон вуҷуд надорад. Дар Тоҷикистон таҷрибаи доимии эмкунии саривақтӣ амал мекунад. Ба ҳамин хотир, дар миёни калонсолон дар Тоҷикистон афроди эмнашуда хеле кам ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Вале ҳоло мешавад гуфт, ки кӯдакони олудашуда ба кӯдакони олуданашудаи дигар хатарнок ҳастанд?

Шоҳин Ҳусейнов
Шоҳин Ҳусейнов

Шоҳин Ҳусейнов: Бале, ин нуктаи дуруст аст. Барои он ки пеши роҳи паҳншавии полиовирус гирифта шавад, дар рӯдаҳои кӯдак бояд иммунитет ё масуният ҳосил шавад. Ин вирус тавассути оби даҳон ва ахлоти кӯдак паҳн мешавад ва ба муҳити атроф роҳ ёфта, ба дигарон сироят мекунад. Аз ин рӯ, танҳо роҳи ҳимояти аҳолӣ аз ин вирус додани ваксинаи қатраӣ мебошад. Ин қатраҳоро кӯдак фурӯ мебарад.

Радиои Озодӣ: Оё дар Тоҷикистон ҳоло ваксинаҳои зидди фалаҷи атфоли навъи дуюм дастрас ҳаст? Ройгон (бепул) аст?

Шоҳин Ҳусейнов: Ду навъи ваксина вуҷуд дорад. Якум, поливаксина аст, ки инсони мушаххассро ҳимоя мекунад, вале аҳолиро не. Яъне, агар ба ҷисми кӯдаки эмшуда вирус ворид шавад, ӯ бемор намешавад, вале ин кӯдак паҳнкунандаи вирус мешавад. Ваксинаҳо вуҷуд доранд ва ҳама кӯдакон онро гирифтаанд. Ваксинаи қатраӣ, ки бояд хӯрда шавад, бояд ҳафтаҳои наздик ба кишвар ворид шавад. Ба фикрам, то охири моҳи апрел ва аввали моҳи май мерасад ва умед дорем, маъракаи эмкунӣ тамоми аҳолии Тоҷикистонро аз ин сироят ҳимоят мекунад. Ҳамаи ваксинаҳо бепул мешаванд ва ҳамеша бепул буданд.

Радиои Озодӣ: Ин ваксинаҳоро Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ медиҳад?

Шоҳин Ҳусейнов: Онҳоро Барномаи ҷаҳонии раъфи фалаҷи атфол дар шарикӣ бо СҶТ, UNICEF ва шарикони дигар фароҳам мекунад.

Падару модарон дар бораи вируси нав чиро бояд донанд?

Радиои Озодӣ: Аз рӯи маълумоти Шумо, баъд аз тасдиқ шудани ташхиси шаш кӯдаки олудашуда ба полиомиелити навъи ду Вазорати тандурустии Тоҷикистон чӣ кор кард? Оё бо аҳолӣ кор мебарад?

Шоҳин Ҳусейнов: Вазъият дар Тоҷикистон таҳти назорат аст, зери назари мақомоти раҳбарикунанда аст. Вазъ ҷиддӣ аст ва мақомот ҳам ин ҳолатро ҷиддан назорат мекунанд. Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон ситоди вокуниш ба бурузи ин беморӣ ташкил шудааст. Ба ин ситод инчунин созмонҳои ёрирасон шомил ҳастанд. Ин ситод ҳоло барои баргузор кардани эмкунӣ омода мешавад. Барои истифодаи ваксинаи қатраӣ бояд кори зиёди омодагиро анҷом дод. Як бахши ин маърака огоҳ кардан аст ва бояд то аҳолӣ ба таври дуруст расонида шавад. Ман мехостам, ба саволи Шумо дар бораи ҳолати кӯдакони бемор посух диҳам. Ин кӯдакон нишонаҳои фалаҷро доранд, ҳанӯз заиф ҳастанд, вале ҳеҷ яке аз ин кӯдакон дар ҳолати сангин нестанд.

Ҳангоми эмкунӣ. Акс аз бойгонӣ
Ҳангоми эмкунӣ. Акс аз бойгонӣ

Радиои Озодӣ: Ин кӯдакон метавонанд, рӯзе ба по шаванд, сиҳат шаванд?

Шоҳин Ҳусейнов: Мо ба ин чиз бисёр умедвор ҳастем. Полиомиелит ҳеҷ гоҳ то охир муолиҷа намешавад, вале нишонаи асосии он – фалаҷро мешавад нест кард ва барои ин бояд корҳои эҳёгарӣ анҷом дод.

Радиои Озодӣ: Пас, ҳоло волидони кӯдаконе, ки дар солҳои 2016-2018 ба дунё омадаанд, чӣ кор бояд кунанд? Масалан, шояд онҳо надонанд, ки фарзандашон эм карда шудаанд ё на…

Шоҳин Ҳусейнов: Агар волидон бидонанд, ки фарзандашон кадом навъи ваксинаро гирифтааст, хеле хуб аст. Агар надонанд, бояд аз духтури поликлиникаи маҳаллаи худ пурсанд, ки оё фарзанди онҳо зидди полиомиелит эм карда шудааст ё на. Агар кӯдак то соли 2016 таваллуд шудааст, ӯ бояд ваксинаи қатраии седараҷаиро қабул мекард. Ин ваксина чакраӣ буда, зидди се навъи полиомиелит пешбинӣ шудааст. Агар кӯдак дар солҳои 2016 то 2018 таваллуд шудааст, бояд моҳи феврали имсол ин ваксинаро қабул мекард. Агар баъд аз соли 2018 таваллуд шудааст, бояд дар 4-моҳагӣ зидди полиомиелит аз роҳи сӯзандору эм карда мешуд. Ба ҳар ҳол, ҳар падару модар бояд бифаҳманд, ки оё фарзандашон зидди полиомиелити навъи ду эм карда шудааст ё на. Ҳар кӯдаке, ки баъди соли 2016 таваллуд шудааст, бояд дар маъракаи эмкунии моҳҳои апрелу майи имсол иштирок кунад.

Радиои Озодӣ: Ба назари ман, баъзе аз волидоне пайдо мешаванд, ки мегӯянд, китобчаи ваксинаҳои фарзандашонро надоранд. Оё ин волидон метавонанд, тести доштани ваксинаи полиомиелити кӯдаконашонро баргузор карда, фаҳманд, ки кӯдакони онҳо аз ин вирус ҳимоят шудаанд ё на. Яъне ҳоло чунин гурӯҳи волидон бояд чӣ кунанд?

Шоҳин Ҳусейнов: Агар онҳо як дафъаи дигар эм карда шаванд, беҳтар асту бадтар не. Санҷиши хуни кӯдак дар заминаи доштани антиген як кори хеле гарон аст. Агар волидон надонанд, ки фарзандашон ин ваксинаро гирифтааст ё на, беҳтараш як бори дигар гиранд. Ин ваксина зарар надорад, ҳар қадар бештар гирад, ҳам айб надорад. Яъне, агар волидон ёд надоранд, ки фарзандашон ҳамин ваксинаро гирифтааст ё на, беҳтараш як бори дигар эм кунанд.

Радиои Озодӣ: Хабари ошкор шудани навъи дуюми полиомиелит дар ҳолест, ки Тоҷикистон, ба монанди кишварҳои дигар, дар ҳолати мубориза бо коронавирус мебошад. Оё ошкор шудани вируси фалаҷи атфол дар давраи пандемия вазъи соҳаи тандурустиро сангинтар намекунад?

Шоҳин Ҳусейнов: Ин чиз ба ҷараёни пандемия ҳеҷ рабт надорад. Албатта, фишор ба кормандон ва низоми тиб як андоза бештар мешавад, чунки онҳо бо маъракаи эмкунӣ ба зидди COVID-19 банд ҳастанд. Аз нигоҳи тиб, ин ду беморӣ ба ҳам ҳеҷ рабт надоранд. COVID ба роҳҳои нафас ва шушҳои одам зарба мезанад, полиомиелит ё фалаҷи атфол системаи марказии асабро тавассути рӯдаҳо ҳадаф қарор медиҳад. Синни афроде, ки ба ин ва он беморӣ гирифтор мешаванд, фарқ мекунад. Маъракаи эмкунии зидди COVID пеш аз ҳама дар байни аҳолии калонсол баргузор мешавад, эмкунии зидди полиомиелит кӯдакони то 5-соларо дар бар мегирад. Умедворем, ки маъракаву чораҳои роҳандозишуда метавонад, фишорро коҳиш диҳад. Умеди мо ин аст, ки то замони шурӯи марҳилаи эмкунии зидди фалаҷи атфол дар Тоҷикистон давраи асосии эмкунии калонсолон зидди COVID ҳам поён меёбад.

XS
SM
MD
LG