Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, рӯҳонии шинохтаи тоҷикро рӯзи 14-уми апрел дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод дафн карданд. Шоҳидон гуфтанд, "барои видоъ бо ӯ ҳазорҳо нафар ҷамъ омаданд" ва "роҳ ба сӯи деҳа баста шуд". Яке аз иштирокдорон гуфт, "тақрибан 20-25 ҳазор нафар дар маросими видоъву дафн буданд". Ба қавли ӯ, шахсони зиёде бо сабаби баста шудани роҳ ба маросими дафн нарасиданд.
Домулло Ҳикматулло шаби 13-уми апрел дар 80-солагӣ даргузашт. Мавлавӣ Муҳаммад Фатҳуллоев, писари бузурги ӯ, 14-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш чаҳор рӯзи охир бистарӣ буд ва "аз бемории зуком ранҷ мебурд". Вай афзуд, рӯҳонӣ чанд моҳ пеш дар бемористони Қарияи Боло дар Душанбе низ муолиҷа гирифтааст.
Нақш дар эълони фатвоҳо
Ӯ то охири умр узви Шӯрои уламо, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, будааст. Аъзои Шӯро мегӯянд, ҳангоми тасмимгирӣ назари ин рӯҳонӣ муҳим ва то ҷое ҳалкунанда шумурда мешуд.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, раиси шуъбаи фатво, рӯзи 14-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳар тасмиме, ки Шӯрои уламо мегирифт, ҳатман назари домуллоро мепурсид. Хусусан дар муайяну мушаххас кардани моҳи Рамазон ва Иди Қурбон аз наздикон ва ё худи домулло маслиҳат мегирифтанд."
Дар солҳои гузашта Домулло Ҳикматулло бо Шӯрои уламо баъзе ихтилофи назар ҳам доштааст. Аз ҷумла, соли 2015 вақте Шӯрои уламо моҳи Рамазонро 29 рӯз эълон кард, Домулло Ҳикматулло ба ин тасмим эътироф карда, гуфт, "мардум бояд як рӯзи дигар рӯза гиранд".
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Домулло Ҳикматулло кӣ буд?
Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ соли 1941 дар деҳаи Ғилмони вилояти Қаротегин ва дар хонадони деҳқон таваллуд шудааст. Худи ӯ дар пешсухани китобе навиштааст: "Ба таърихи 1952 ба вилояти Қӯрғонтеппа ҳиҷрат овардем. Ин ҷо уламои шаръ бисёр буданд. Бародаркалони мо Неъматуллоҳ... моро ба хондани улуми дин ва арабӣ таъкид карданд..."
Ӯ таълими ибтидоии диниро дар замони Шӯравии собиқ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ ва Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, сипас, дар мактаби Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст.
Ин рӯҳонӣ аз намояндагони барҷастаи тасаввуф дар Тоҷикистон буд ва бисёре аз домуллоҳо даргузашти ӯро талафоти калон медонанд.
Эшони Муҳдадихоҷа, яке аз рӯҳониёни маъруф, аз Домулло Ҳикматулло "шахсияти шинохтаи ислом ва маърифатпарвар" ном бурд ва гуфт: "Китоби Бедилро дар назди падари ман хонда, боз дар назди донишмандони дигар таълим гирифтаанд. Аз шахсиятҳои муҳими кишвар буд, ки мардумро барои муҳаббату субот даъват мекард. Шогирдони зиёде дошт ва соҳиби мадрасаи хусусӣ буд."
Абдуллоҳи Раҳнамо, донишманди тоҷик, дар паёме ба Радиои Озодӣ, Домулло Тоҷикободиро "яке аз муҳимтарин меҳварҳои исломи суннатӣ дар кишвар" ва "шахсияти сатҳу аҳаммияти умумимиллӣ" хонд.
Ӯ гуфт: "Бо рафтани ин рӯҳонии бузургвор бе гумон як қутби маънавии ҷомеа кам шуд, як ҷабҳаи истодагарии милливу мазҳабӣ рафт. Муҳити динӣ ва маънавии мо як ҳавзаи дигар холитар гашт, амнияти эътиқодии мардум як дараҷаи дигар осебпазиртар шуд. Будани эшон дар замони фитнаҳои фикрию динӣ яке аз рамзҳои суннату асолату устуворӣ буд. Барои мазҳаб, барои миллат ва ҳатто барои давлат."
Вале баъзе аз рӯҳониён ба ҳарфҳои Домулло Ҳикматулло мувофиқ набуданд. Аз ҷумла назари ӯ дар бораи воҷиб будани итоат аз подшоҳ ва ба масҷид нарафтани занон баҳсҳоеро ба миён оварда буд. Бархе ҳам сукути ӯро дар баробари маҳдудиятҳои динӣ танқид карда буданд. Домулло Ҳикматулло то охири умр ба баҳсҳои мазҳабӣ ҳамроҳ нашуд, ҳарчанд баъзе аз шогирдонаш гуфтанд, "ӯ равияҳои навпайдоро дар дин қабул надошт."
Аз "итоат ба подшоҳ" то "фитнаи ҷанг"-у "намози занон"
Домулло Ҳикматулло аз рӯҳониёне буд, ки дар водии Рашт мезист ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз нерӯҳои исломӣ, ки дар ин минтақа нуфузи зиёд доштанд, ҳимоят накард. Баъдтар ӯ аз ҳукумати кунунӣ дар Тоҷикистон пуштибонӣ карда, ҳафт сол пеш аз мардум хоста буд, дар охири ҳар намоз дар ҳаққи раиси ҷумҳурӣ дуо кунанд.
Вай дар як суҳбаташ дар Маркази исломии Тоҷикистон дар соли 2014 итоат аз сарварон, бахусус "итоат ба подшоҳ"-ро воҷиб донист. "Амри итоат намудан ба подшоҳ... дар чандин аҳодис зикр гардидааст. Инчунин, дар ақидаи аҳли мазҳаби ҳанафӣ итоат намудан ба подшоҳ амри воҷиб мебошад", -- гуфта буд ӯ. Ҳарчанд гуруҳе дигар аз рӯҳониён бо чунин андеша мувофиқ нестанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, низ дар чанд сафараш ба водии Рашт бо Домулло Тоҷикободӣ мулоқот кардааст.
Номи ин рӯҳонии тоҷик дар мавриди ҷанг дар Сурия низ дар сархатти расонаҳо қарор гирифта буд. Домулло Ҳикматулло моҳи январи соли 2015 ҷанги Сурияро "фитна" номид ва гуфт, ширкат дар ин "фитна" барои мусалмонон, аз ҷумла барои ҷавонони тоҷик, раво нест.
Яке аз тавсияҳои баҳсбарангезе, ки номи Домулло Ҳикматуллоро ба расонаҳо бароварда буд, ба масҷид нарафтани занҳо мебошад.
Соли 2004 дар Тоҷикистон намозгузории занонро дар масоҷид макрӯҳ эълом карданд. Мудири онвақтаи бахши фатво гуфта буд, "Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ макрӯҳияти намозгузории занонро дар масоҷид бо далоили қотеъ собит кард ва мунтаҳо ҳамаи аъзои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон аз ҳамин мавқеъ пуштибонӣ карданд."
Ҷонибдоронаш ҳамеша изҳороту машваратҳои ӯро муҳиму бамаврид хондаанд, вале мухолифонаш пайваста барои сукут дар баробари, ба гуфтаи онҳо, маҳдудияти озодҳои динӣ танқид кардаанд.