Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Ҳуснобод метарсанд, ки хонаҳояшонро боз вайрон мекунанд. ВИДЕО


Сокинони маҳаллаи Ҳуснобод
Сокинони маҳаллаи Ҳуснобод

Сокинони маҳаллаи Ҳуснободи шаҳри Душанбе мегӯянд, пас аз се моҳи тахриби чанд манзил дар ин маҳалла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дигарбора ба вайрон кардани манзилҳояшон шурӯъ намудаанд.

Рӯзи 21-уми апрел хонаи як сокини ин маҳалла аз сӯи кормандони мақомоти маҳалливу ҳифзи ҳуқуқ вайрон карда шуд ва ба чанде дигар ҳушдор додаанд, ки манзилҳояшон тахриб мешавад.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

Сокинони маҳаллаи Ҳуснобод талаб доранд, ки тахриби хонаҳояшон қатъ гардад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Ҳарчанд сокинон гуфтанд, дар даст ҳуҷҷатҳои расмӣ доранд, вале масъулон мегӯянд, хонаҳо худсарона ва ғайриқонунӣ бунёд шудаанд.

"Чаро заминро фурӯхтед?"

Фарзона Бобоева, сокини Ҳуснобод рӯзи 21-уми апрел ба сахтӣ тавонистааст аз тахриби манзилаш пешгирӣ кунад. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, як гурӯҳ аз кормандони мақомот ба манзилаш омада, аз ӯ хостаанд, аз хона барояд, ки онро чаппа мекунанд.

"Гуфтам, чаро чаппа мекунед? Посух доданд, ки ин хона ҳуҷҷати қалбакӣ дорад, гуфтам, агар чунин аст, пас чаро дар вақташ ҳуҷҷати қалбакӣ карда мефурӯшед? Ҳашт сол мешавад кор карда, ду ҳуҷраашро ба зур сохтем, шавҳарам дар Маскав кор мекунад, ки хонаро пурра бунёд кунем, чаҳор фарзанди хурд дорам, гуфтанд, “ин гапҳо барои мо афсона аст”. Маро аз дари хона ба дарун партофтанд, даромада кӯдакҳоямро диданд, баромаданд. Дар ҳузури кӯдакон бо ман муносибати дағалона карданд, гуфтанд, ки боз омада чаппа мекунем",--афзуд, Фарзона Бобоева, сокини Ҳусунобод.

Ҳуснобод, як маҳаллаи навбунёдест, ки дар теппаҳои шимоли Душанбе қарор дорад. Қаблан ин заминҳо тобеи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ буд ва ду сол қабл қисми зиёди он ба ихтиёри ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузашт. Сокинонаш мегӯянд, чанд сол боз дар ин маҳалла ба сар мебаранд, вале аз одитарин шароит, ба мисли дастрасӣ ба обу мактаб, бархурдор нестанд.

Ҳушдорҳои батакрори мақомот ва нигаронии сокинон

Сокини Ҳуснобод
Сокини Ҳуснобод

Санифа Олимова, сокини дигари Ҳусунобод, рӯзи 22-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо обро мехаранд ва фарзандонро ба маҳаллаҳои дигар ба мактаб мефиристанд. Мусоҳиби мо таъкид намуд, ки ҳушдорҳои батакрори мақомоти маҳалливу ҳифзи ҳуқуқуқ дар мавриди тахриби хонаҳояшон, онҳоро нигарон намудааст.

"Мо аз зуромад ин ҷо истодаем, ба мо ҳуҷҷат доданд, мо ин заминро харидаем, чанд бор омаданд, гуфтанд, чаппа мекунем. Чаро дар вақташ сахт нагирифтанду фурӯхтанд ва имрӯз мегӯянд, ғайриқонунист, агар чаппа кунанд, бо ин фарзандони хурдам ҷое барои рафтан надорам",--гуфт, Санифа Олимова.

Чанде аз сокинони дигар гуфтанд, масъулони ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар гузашта аз бунёди манзилҳояшон хабар доштанд, вале чизе нагуфтанд.

"Он вақт ман раис набудам"

Айни чунин савол ба Зоиршоҳ Гулов, раиси ҷамоати Чоряккорон дода шуд ва ӯ посух дод, ки замони бунёди манзилҳои баҳснок раҳбарии ҷамоатро бар дӯш надошт.

“Ман нав омадаам, он вақтҳо ин ҷо набудам, барои ҳамин намедонам",--гуфт ӯ.

Гулов гуфт, сокинон манзилҳои худро бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва ғайриқонунӣ сохтаанд. Аммо чанде аз ҳамсуҳбатон гуфтанд, "қарори сохтмону техпаспорти хонаҳояшонро доранд." Ба қавли раиси ҷамоат, дар ҳудуди заминҳои баҳсноки маҳалла тақрибан 20-30 оила зиндагӣ мекунад.

Нигаронии сокинон аз таҳдиди тахриби манзилҳояшон дар ҳолест, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 21-уми январи имсол чанд хонаи навсохтро дар маҳаллаи Ҳуснобод пурра вайрон карда буданд. Он замон чанд сокини ин маҳалла ба Радиои Озодӣ гуфтанд, беш аз 15 хонаи навбунёд тахриб карда шудааст. Ба иттилои онҳо, дар ин маърака кормандони додситонӣ якҷо бо чанд маъмури милиса иштирок карданд.

Он замон ҳамсӯҳбатони мо дар мақомоти шаҳри Душанбе гуфта буданд, ки мувофиқи тарҳи генералии пойтахт дар заминҳои маҳаллаи Ҳусунобод бояд арча ва дарахтони дигари ороишӣ шинонда шавад, чун барои бунёди хона мувофиқ нестанд.

Пеш аз тахриб санадҳоро меомӯзанд

Сокинон бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар даст санад доранду бо заҳмату харҷи маблағи солҳо ҷамъкардаашон хона сохтаанд, аз мақомот талаб доранд, ба тахриби манзилҳояшон хотима диҳанд. Дар ҳамин ҳол, як намояндаи Кумитаи замин, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, тахриби ҳар як манзил дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор мегирад, ки то куҷо санадҳои соҳибони манзилҳои баҳснок қонунист.

Шикоятҳо аз вайрон намудани манзили сокинон дар гузашта низ борҳо садо додааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки дар соли 2020 барои фурӯши замин ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ нисбат ба 296 мансабдор парванда кушоданд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезии Тоҷикистон моҳи феврали имсол дар як нишасти матбуотӣ мавридҳои фурӯши заминро тасдиқ кард ва онро "ҳақиқати талх" номид.

Мавзӯи тақсими ноодилонаи замин барои бунёди хона ва бо гузашти солҳо тахриби онҳо, солҳо боз дар Тоҷикистон доғ мемонад. Ҳарчанд раҳбарияти Кумитаи замин мегӯяд, назоратро пурзур намудаанд вале дар гузашта коршиносон борҳо таъкид намудаанд, ки вуҷуди омилҳои фасод, набуди шаффофияту назорати ҷиддӣ, аз омилҳоянд, ки боиси тақсими ғайриқонунии қитъаҳои замин ва баҳс миёни сокинону мақомот шудааст.

Хонасозӣ дар маҳаллаи Ҳуснобод ба моҷаро кашид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

XS
SM
MD
LG