Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АКС: Оқибатҳои ҷанг дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон


Деҳаи Сомониён, Исфара, 2-юми майи 2021
Деҳаи Сомониён, Исфара, 2-юми майи 2021

Бо гузашти панҷ рӯз мақомоти Тоҷикистон дар бораи хисороту вайрониҳои муноқиша дар марз бо Қирғизистон оморе нашр накарданд, вале хабарнигорон ба деҳаи Хоҷаи Аълову Сомониёни Исфара рафта, шоҳиди харобиву вайронии зиёде шуданд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки дар натиҷаи даргириҳои рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел 78 хона дар вилояти Ботканд осеб дидааст.

Хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ рӯзи 1 ва 2-юми май ба деҳаҳои Хоҷаи Аълову Сомониёни Исфара рафта, хонаву мошинҳои сӯхтаро дид. Манобеъ гуфтанд, ба иттилои муқаддамотӣ, дар ҷараёни муноқиша дар ин ду деҳаи ҷамоати Чоркӯҳ камаш 20 хонаву иншоот вайрон шудааст. Мақомоти расмӣ чизе нагуфтаанд.
Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми май ба деҳаи Мақсати ноҳияи Лайлак рафта, хонаҳову иншооти иҷтимоии сӯхтаро дид. Ягона мактаби деҳа низ вайрон шудааст. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон эълон кард, ки дар деҳаи Мақсат 11 хона осеб дидааст.

XS
SM
MD
LG