Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як хонавода дар Мастчоҳ се сол боз барои саҳми замин баҳс доранд. ВИДЕО


Баҳси замин дар Мастчоҳ

Шаш узви як оила дар ноҳияи Мастчоҳ се сол аст, ки бо дахолати мақомоти маҳаллӣ наметавонанд дар тақсими саҳми замини кишоварзӣ ба муросо бирасанд.

Хоҷагии деҳқонии “Сангин Сафар” дар ҷамоати шаҳраки Бӯстони ин ноҳия моҳи августи соли 2018 ба хоҷагии деҳқонии “Меҳр” табдили ном кард. Норизогии чанд узви ин оила замоне сар зад, ки мақомот ҳангоми таҷдиди ҳудуди замин чаҳор нафари онҳоро бесаҳм гузошт.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

Дар ноҳияи Мастчоҳ баҳси замин аъзои як оиларо муқобили ҳам гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Муҳаммадсодиқ Сангинов, саҳмдори хоҷагии деҳқонии “Сангин Сафар” гуфт, баъди шикояташ дар соли 2019 қарор бекор шуд, вале он иҷро намешавад.

“То ҳол прокурор иҷроиши ин қарорро назорат намекунад. Ҳарчанд аз ҷониби ҳукумат қарор содир шуд, вале кормандони прокуратура ба иҷроиши он беаҳамиятӣ мекунанд. Ба муроҷиатҳоям низ ҷавоб намедиҳанд”,--шикоят кард Сангинов.

Баҳс сари беш аз панҷ гектар замин меравад, ки ҳоло дар ихтиёри Муҳаммадрозиқ Сангинов ва ҳамсараш Ҳанифа Сангинова аст. Дар асл масоҳати заминҳои хоҷагии деҳқонии “Сангин Сафар” пештар 22 гектар будааст, вале бо рафтани саҳмдорони дигар ба аъзои хонавода ҳамин миқдор боқӣ мондааст. Саҳмдорони дигар Одинамоҳ Сангинова, Муҳаммадсодиқ Сангинов, Сабоҳат Сангинова ва Абдуқаюм Сафаров ҳастанд.

Идораи замини ноҳияи Мастчоҳ низ дар як нома ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки бо қарори махсус номи хоҷагии деҳқониву саҳмдоронаш ба ҳолати аввалия баргардонида шуд, вале баъди ин бародарон баҳсро ба додгоҳ бурданд. Моҳи феврали ҳамин сол Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд ҳалномаро мувофиқ бо қарори ҳукумати маҳаллӣ содир кард.

Муҳаммадрозиқ Сангинов, сардори хоҷагии деҳқонии “Меҳр” гуфт: “Бо амру дахолати прокуратура ҳукумати ноҳия қарори худро бекор кард. Мо дар асоси ташхисҳои худамон, ки эътирофшуда аст, ба додгоҳи иқтисодии вилоят муроҷиат кардем. Ҷониби дигар низ борҳо ба он мақомот муроҷиат карда буд ва мо низ кардем. Ҳоло интизори қарори ниҳоӣ ҳастем”.

Дар ҳамин ҳол дар номаи расмии Идораи замини ноҳияи Мастчоҳ омадааст, ки “дар асоси саркашии Муҳаммадрозиқ Сангинов оиди баргардонидани замин ба Муҳаммадсодиқ Сангинов аз тарафи раиси комиссия ба додситонӣ мактуб пешниҳод карда шуд”.

Дар Додситонии ноҳияи Мастчоҳ розӣ нашуданд, ки ба ин масъала рӯшанӣ андозанд.

Муҳаммадсодиқ Сангинов, саҳмдори ин хоҷагӣ мегӯяд, бо як ҳуҷҷат ба ду нафар замин додаанд ва онҳоро бо ҳам ҷанг андохтанд.

Ноҳияи Мастчоҳи ҳаммарз бо Узбекистон, яке аз минтақаҳои кишоварзӣ дар шимоли кишвар аст, ки бошандагонаш асосан бо зироаткорӣ рӯзӣ меёбанд. Баҳси тақсими ноодилонаи замини кишоварзӣ аз ҷониби мақомдорон дар минтақаҳои Тоҷикистон масъалаи доғ аст. Бахусус, имсол бо баста мондани марзҳо ва бештар рӯ овардани сокинон ба деҳқонӣ дубора ин мавзӯ рӯ задааст.

XS
SM
MD
LG