Намояндагии дипломатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ силсилаи озмунҳоро дар бахшҳои гуногун таҳти номи “Next30” роҳандозӣ кардааст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Яке аз онҳо озмуни “Филмбардорӣ дар 48 соат” буд, ки ба ифтихори 30-солагии истиқлоли панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аз 18 то 21-уми июн дар доираи шабакаи “Go Viral Network” баргузор шуд. Ҳамчунин дар озмуни дигаре қарор аст, ки 30 ҷавони муваффақ дар раҳбарӣ дар соҳаҳои мухталифро муайян кунанд. Дар ин озмун афроде ҳаққи ширкат доранд, ки пас аз соли 1991 таваллуд шудаанд ва аз 18-сола боло ҳастанд. Барандагони озмуни “Next30” имконияти ширкат дар чорабиниҳои минтақавии “Go Viral” ва сафар ба Амрикоро доранд.
Дар 48 соат, вале то 5 дақиқа
“Филмбардорӣ дар 48 соат”, аз ҷумлаи тарҳе, ки муаррифии ғолибони он дар гушаи амрикоӣ дар Душанбе баргузор шуд. Озмуне, ки ҳеҷ нафари пирӯз аз Тоҷикистон надошт. Дар он филмсозони Осиёи Марказӣ – ғолибоне, ки солҳои пеш дар озмун ширкат доштанд, муаррифӣ шуданд. Озмун барои филмҳое буд, ки муаллифонаш дар давоми 48 соат сабт кардаанд, вале онҳо аз 48 сония то 4-5 дақиқа тӯл доштанд.
Чарлз Мартин, намояндаи “Гушаи амрикоӣ” дар Душанбе гуфт, дар ин озмун иштирокчиён имкон доштанд, ҳатто бо телефони мобилӣ филмбардорӣ кунанд. “Агар контенти онҳо хубу босифат бошад, тариқи платформаҳои мо онҳо метавонанд сармоягузорҳоро ҷалб намоянд. Паёми мо тариқи ин озмун ин аст, ки мо мегӯем, “интизор нашуда, аз пайи кор шавед”, - -гуфт ӯ.
Се соли бе пирӯзӣ барои тоҷикон
Тарҳи мазкур мустақиман маблағгузории довталабон аз Осиёи Марказиро дар назар надорад, аммо барои муаррифии онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Намояндагони Тоҷикистон дар ин озмун тӯли се соли ахир ширкат доранд, вале наметавонад натиҷае ба даст орад.
Нариман Абиев, намояндаи Қазоқистон ва муассиси “Филмбардорӣ дар 48 соат” гуфт, “мутаассифона ҳамин тавр шуд, ки иштирокчиён аз Тоҷикистону Туркманистон дар муддати се сол натавонистанд, мукофоте ба даст оранд. Ман намедонам сабаб дар чӣ бошад, шояд контентсозӣ дар ин кишварҳо душвортар аст”.
Филмсозони тоҷик бар ин боваранд, ки дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамсоякишварҳо, монеъа барои филмбардорӣ хеле зиёд аст ва ба кори онҳо дахолат мекунанд.
Сабаб чист?
Шаҳбоз Саидов, ҳунарманд ва филмбардори тоҷик мегӯяд, мушкил дар Тоҷикистон ин аст, ки филмбардорон барои сабти филм шароити молӣ надоранд. “Ғайр аз ин, мушкилии дигар дар он аст, ки дар ҷойҳое, ки мо мехоҳем навор гирем, баъзе идораҳо ба мо иҷозати сабт кардан намедиҳанд. Барои ҷавонон, умуман як пойгоҳ намерасад, то ки роҳи нави филмбардориро пайдо кунанд.”,--гуфт ӯ.
Гурӯҳи дигар бар ин назаранд, ки дар Тоҷикистон эътимоди мардум ба сифат ва мазмуни филмҳо коҳиш ёфтааст. Аз тарафи дигар, филмҳои хуби тоҷикӣ дуруст таблиғ намешаванд ва мухлисони воқеиӣ худро пайдо намекунанд.
Исмоил Зибаӣ, як коргардони ҷавон гуфт: “Якум қадам ҳамин аст, ки мо бояд боварии мардумро як бори дигар ба даст орем. Ин кори дуру дароз аст, шояд аз 5 то 10 сол лозим аст. Яъне, мо системаро бояд созем ва қадам ба қадам пеш равем. Мо афишаҳои санъату киноро намебинем, аммо дар бораи кушодашавии кафеи нав ё клуби нав ҳамеша огоҳем. Ин суол ҳам барои эҷодкорон ва ҳам ба мақомот аст.”
Коршиносон бар инанд, ки мушкилот дар зеҳни ҷавонон нест, балки дар худи соҳаи синамои тоҷик аст. Дар мактабҳои олӣ бештар дарсҳо дар бахши театр баргузор мешаванд, вале таҷрибаи амалии филбардорӣ таълим дода намешавад.
Назари коршинос
Искандар Усмонов, коршиноси соҳаи синамо чунин назар дорад: “Оиди театр ва пиесаҳо бисёр сухан мезананд, вале афсӯс, ки имрӯз оиди синамо гап намезананд. Ин як мавзуест, ки бояд аз тарафи устодон, масъулони Донишкадаҳои миллӣ дида шавад, то ки мутахассисони соҳаи синамо бисёртар ҷалб шаванд.”
Дар чорабинии рузи 18-уми июн ғолибони солҳои пешини озмуни “Филмбардорӣ дар 48 соат” филмҳои худро пешкаши бинанда намуданд. Суйим Сулаймонова аз Қирғизистон бо филми “Друг мой - враг мой”, филмсози қазоқ Алан Талкенов бо филми “Гопницкая рапсодия” ва Мавлон Досмухамедов аз Узбекистон бо филми “Край” иштирок карданд.
Озмуни филмбардори барои соли 2021 рузи 20-уми июн ҷамъбаст карда шуд. Дар он бори нахуст филми филмсози тоҷик, Рухшона Икромова , ӣо номи “Брак по расчёту” ҷои сеюмро ишғол намуд. Ҷои аввал ба филмсози қирғиз, Салия Толканова, бо филми “Молчим” ва ҷои дуввум ба филмсози туркман Мурат Молла бо филми “Всё возможно” дода шуд.