Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизтаборони фирорӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон баргаштанд


Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим. Акс аз бойгонӣ.

Наздик ба 350 сокини қирғизтабори Афғонистон, ки аз тарси Толибон ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, ба кишварашон баргаштаанд. Онҳо ҳафтаи гузашта макони зисти доимиашонро дар ноҳия ё вулусволии Вахони вилояти Бадахшон, тарк карда буданд.

Дафтари матбуоти Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 347 нафар сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини ноҳияи Вахон рӯзҳои шанбе ва якшанбеи 17-18 июл ба минтақаи зисташон баргардонида шуданд.

Ба иттилои манбаъ, "интиқоли онҳо баъд аз он, ки масъалаи таъмини амнияти шахсии онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кафолат дода шуд, ба воситаи минтақаи наздисарҳадии ҷамоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб сурат гирифт".

Ин сокинони Афғонистон рӯзҳои 13-14 июл бо чаҳор ҳазор ҳайвонҳои хонагӣ ва воситаи нақлиёт ба ин сӯи марз паноҳ оварда буданд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, онҳо барои наҷоти ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи Толибон ба марзи Тоҷикистон омаданд ва марзбонони тоҷик "бо риояи усули инсондӯстӣ", онҳоро ба қаламрави кишвар роҳ доданд. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, дар миёни паноҳандагон 91 нафар мард, 77 зан ва 177 нафар ноболиғ (64 писар ва 113 духтар) буданд ва ду тифли то ду солаи паноҳандагон ҳангоми убури сарҳад фавтиданд.

Мақомоти тоҷик рӯзҳои гузашта гуфтанд, ки пас аз паноҳ овардан ба Тоҷикистон, ин гурезаҳои афғонро дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ноҳияи Мурғоб ба ҷойи зисти муваққатӣ, маводи ғизоӣ, сару либос ва хадамоти тиббӣ таъмин карданд. Ин гурезаҳо давоми 6 рӯз дар Тоҷикистон буданд ва хабарнигорон натавонистанд бо онҳо суҳбат кунанд. Маълум нест, ки давоми ин рӯзҳо онҳо дар чӣ шароите дар Тоҷикистон бар сар мебурданд.

Бозгашти ин сокинони Вахони Афғонистон аз Тоҷикистон ба маҳали зисташон дар ҳоле нашр мешавад, ки рӯзи 15-уми июл як вакили порлумони Қирғизистон пешниҳод кард, то ба қирғизтабороне кумак расонида шавад, ки дар пайи ҳамлаҳои Толибон аз Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

"Онҳо аз Толибон гурехтаанд ва паноҳгоҳ меҷӯянд. Ин масъаларо то ба сатҳи ҳукумат ва президент бояд бардошт. Оё мо метавонем ба онҳо кумак кунем ё ба Қирғизистон биорем? Фикр мекунам, ин масъаларо бояд баррасӣ кунем ва ба онҳо кумак расонем", - изҳор дошта буд вакили порлумони Қирғизистон Бейшеналӣ Нурдинов.

Бархе аз расонаҳо рӯзҳои гузашта иттилоъ доданд, ки дар масъалаи интиқоли ин сокинони қирғизтабор ба Қирғизистон гуфтугӯҳое оғоз шудааст. Вале мақомоти тоҷик дар ин замина ҳеч гуна шарҳе надоданд.

Мақомоти тоҷик моҳҳои гузашта аз эҳтимоли вуруди паноҳандагон аз Афғонистон ба Тоҷикистон хабар дода буданд. Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон қаблан гуфта буд, онҳо барои қабули то 10 ҳазор паноҳанда аз Афғонистон омодагӣ дидаанд.

Дар як моҳи ахир бо тасарруфи минтақаҳои наздисарҳадӣ аз сӯи Толибон, даҳҳо низомӣ ва сокинони мулкии Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карданд.

XS
SM
MD
LG