Тоҷикистон, ки ба гуфтаи намояндагони ҳукумат ба камияш аз моҳи январи имсол то июн "орӣ аз коронавирус" буд, дигарбора бо бемории ҳамагир дар ҳоли набард аст. Гуруҳе аз мардум хоҳони карантин ҳастанд, вале мақомот зарурати онро намебинанд. Дар мавҷи аввали бемории ҳамагир низ Тоҷикистон маҳдудияти хос ҷорӣ накарда ва раиси ҷумҳурӣ онро як роҳи пирӯзӣ дониста буд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, дар зиёда аз як моҳи охир (аз 21-уми июн то 27-уми июл) 29 кас бар асари бемории ҳамагир ҷон бохтанд. Аммо ончи дар бораи фавти одамон аз COVID-19 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, баёнгари омори бештар аз ин аст.
Радиои Озодӣ феҳристи аввалияи шахсонеро, ки дар як моҳи охир аз коронавируси нав фавтидаанд, гирдоварӣ кард:
УБАЙДУЛЛО РАҶАБОВ, ҳунарманд
Убайдулло Раҷабов, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, 1-уми июл дар 80-солагӣ даргузашт. Сабаби расмии маргашро эълон накарданд, вале пайвандону баъзе аз ҳамкоронаш тасдиқ карданд, ки ӯ ба COVID-19 мубтало шуда, "2-3 рӯз дар хона бистарӣ буд". Убайдулло Раҷабов 20-уми марти соли 1941 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон зода шуда, студияи маҳорати актёрии назди Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Донишкадаи давлатии санъатро хатм кардааст. Ӯро асосан ҳамчун ҳаҷвнигор мешинохтанд ва саҳнаҳои ҳаҷвияш бинандаҳои бешумор доштанд. Дар соли 2000-ум ба кори давлатӣ гузашт ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин вазифа то соли 2004 кор кард, вале танқидҳое ҳам аз кори ӯ дар ин давра вуҷуд дорад.
ФАРИДА МАНСУРОВА, пизишк
Фарида Мансурова, доктори илмҳои тиб ва духтари Ҳомид Мансуров, мудири пешини Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология, дар оғози моҳи июл дар 69-солагӣ даргузашт. Эраҷ Айнӣ, аз дӯстони хонаводагии пизишк, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “ӯ гирифтори COVID-19 шуда буд.” Пизишкон сабаби марги ӯро шарҳ надодаанд. Дертар хабари даргузашти шавҳараш, полковники Вазорати мудофиа Ғанихон Тӯраев, низ расонаӣ шуд, вале сабаби марги ӯро “инсулт” гуфтанд. Фарида Мансурова узви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, дар Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии Гастроэнтерологияи Тоҷикистон маъруф ба "клиникаи Мансуров" ва лабораторияҳои Маркази биология ва тибби амалӣ низ кор кардааст.
ҚУРБОНАЛӢ РАҲМОН, овозхон
Қурбоналӣ Раҳмон, овозхони шинохтаи тоҷик, рӯзи 10-уми июл дар 67-солагӣ даргузашт. Ӯ як ҳафта бо нишонаҳои бемории COVID-19 дар шифохонаи машҳур ба "Якум Советский" дар Душанбе хобида буд. Қурбоналӣ Раҳмон, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, соли 1954 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи ҳунарҳои ба номи Мирзо Турсунзода буд. Аз бунёдгузорони дастаи ҳунарии "Чашма”-и ноҳияи Восеъ ва барандаи ҷоизаи ҷаҳонии “Табарчаи тилло” дар ҷашнвораии баналмилалии Лаҳистон ё Полша аст. Соли 1996 ба Душанбе омад ва ду сол дар ансамбли “Дарё” кор кард. Соли 1998 роҳбари ансамбли тарона ва рақси “Сомониён” таъин шуд.
ШЕРАЛӢ АБДУЛҚАЙСОВ, ҳунарпеша
Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июл дар 70-солагӣ даргузашт. Наздиконаш гуфтанд, ӯ чанд вақт боз дар шифохонаи Қарияи Болои Душанбе бистарӣ буд. Яке аз пайравони мактаби ҳунарманди маъруф Маҳмудҷон Воҳидов буд ва бо намоиши "Масалҳои Эзоп" дар жанри театри як бозигар ва яке аз нақшҳои асосӣ дар филми "Марди роҳ"-и Давлат Худоназаров дар солҳои 1980 шуҳрат ёфт. Абдулқайсов бо ҳунарнамоӣ дар саҳна иктифо намекард, балки пайваста дар масоили муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ низ ибрози назар мекард. Ӯ бештар дар бораи фақри фарҳангӣ дар кишвар меандешид. Шералӣ Абдулқайсов зодаи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон буда, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1973 то лаҳзаи охир дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор мекард.
САИДАМИР РОЗИҚЗОДА, генерал
Генерал Саидамир Розиқзода, муовини пешини вазири мудофиаи Тоҷикистон, рӯзи 4-уми июл дар 64-солагӣ даргузашт. Наздиконаш сабаби марги ӯро гирифторӣ ба бемории COVID-19 гуфтанд, вале мақомот шарҳ надоданд. Нусратшоҳ Ҳусейнзода, яке аз шогирдони Саидамир Розиқзода, 5-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "генерал-майор Саидамир Розиқзода ду ҳафта дар Бемористони касалиҳои сироятӣ, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе, бистарӣ буд ва аз бемории коронавирус даргузашт." Розиқзода дар гузашта ба ҳайси корманди Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Бохтар (Кӯшониёни ҳозира) ва раиси дастгоҳи ҳукумати Хатлон кор кардааст. Аз соли 1999 то 2016 дар Вазорати мудофиа буд.
САФАРБЕКИ СОЛЕҲ, коргардон
Сафарбеки Солеҳ, филмсоз, шоир ва филмноманависи шинохтаи тоҷик, дар 62-солагӣ бар асари бемории СOVID-19 дар шаҳри Душанбе даргузашт. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ ду ҳафтаи охир аз ин беморӣ ранҷ мебурд. Сафарбеки Солеҳ, дастпарвари Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва мактаби синамои Русия, бо даҳҳо филми мустанадаш мавзӯъҳои аз чашмҳо пинҳонмондаи таъриху фарҳанги тоҷиконро ба ҷаҳониён ошно намуд. Нахустин филми ӯ бо номи "Жакон" аз рӯзгори гуруғлихони маъруф Ҳикмат Ризо соли 1988 ҷоизаи Ҷашнвораи филмҳои мустанади Порисро гирифт. Дар филмҳои баъдии "Ашагулон" ва "Ба номи Ҳурмузд" эҷодиёти ӯ оҳанги қавии иҷтимоӣ гирифт. Филми "Комил", ки ба нахустин филмсози тоҷик ва Осиёи Марказӣ Комил Ёрматов бахшида шудааст, аз дастовардҳои муҳимаш шумурда мешавад. Филми охиринаш “Нисор” ба корномаи Нисор Муҳаммад, нахустин вазири маорифи Тоҷикистон бахшида шуд, ки дар таъқиботи сталинӣ дар соли 1937 бо айбномаи сохта кушта шуд. Ду даҳаи охир масъули бахши робита бо ҷомеаи Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон буд.
ИДИГУЛ ҚОСИМЗОДА, вакили порлумон
Идигул Қосимзода, вакили порлумони Тоҷикистон ва раиси собиқи Кумитаи кор бо занон, рӯзи 22-юми июл дар 53-солагӣ даргузашт. Як масъули Маркази тиббии рақами яки шаҳри Душанбе, маъруф ба "Якум Советский", ба Радиои Озодӣ гуфт, "Идигул Қосимзода гирифтори коронавирус шуда буд ва ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона оварданд." Қосимзода аз моҳи марти соли 2020 узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон буд. Аз он пеш, тақрибан чаҳор сол, ҳамчун раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон кор кард. Дар замони раҳбарии ӯ номи Кумитаи занон вобаста ба қарору чораҳои мухталиф ва гоҳе баҳсбарангез бисёр расонаӣ шудааст. Яке аз ин танқидҳо ба ташкили амалиёти "фаҳмондадиҳӣ ба занон" дар бораи "фарҳанги либоспӯшии миллӣ" рабт дошт. Қосимзода моҳи январи соли 2020 дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки ӯ "тарғиби фарҳанги миллии либоспӯширо ҳадаф қарор дода" буд. Дар гузашта дар мансаби раиси Донишкадаи забонҳо ба номи Сотим Улуғзода кор кардааст.
ҚУРБОНАЛӢ АБДУРАҲИМЗОДА, муовини вазири фарҳанг
Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 19-уми июн дар 57-солагӣ даргузашт. Вазорати фарҳанг расман хабар дод, ки ӯ бист рӯз дар шифохона бистарӣ буд, вале сабаби маргашро нагуфт. Баъзе аз расонаҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, ӯ дар Маркази тиббии рақами яки шаҳри Душанбе, маъруф ба "Якум Советский" хобида буд ва бори дувум аз бемории ҳамагир ранҷ мекашид. Абдураҳимзода соли 2020 муовини вазири фарҳанг таъин шуд. Номзади илмҳои таърих буд ва дар мансабҳои мудири Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва мудири кулли Хонаи китоби Тоҷикистон кор кардааст.
НИГИНА ШАРОПОВА, муовини собиқи нахуствазир
Нигина Шаропова, муовини пешини нахуствазири Тоҷикистон ва духтари пизишки шинохта Минҳоҷ Ғуломов, рӯзи 27-уми июн дар 62-солагӣ даргузашт. Сабаби расмии маргаш эълон нашуд. Шӯҳрат Саъдиев дар Фейсбук далели даргузашти ӯро "бемории сироятӣ" навишт. Нигина Шаропова аз соли 1999 то 2004 муовини сарвазир ва аз соли 2004 то 2006 муовини вазири тандурустии Тоҷикистон буд. Аз соли 2006 то поёни умр ба ҳайси мудири кафедраи равонпизишкӣ ва наркологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи падараш Минҳоҷ Ғуломов кор кардааст.
САЪДУЛЛО ИСЛОМОВ, доктори илми иқтисод
Саъдулло Исломов, мудири собиқи Пажӯҳишгоҳи демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 14-уми июл даргузашт. Хабаргузории “Азия-Плюс” сабаби марги ӯро “гирифторӣ ба бемории COVID-19” навишт. Исломов соли 1943 дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд таваллуд шуда, риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 2002 то 2010 мудири Пажӯҳишгоҳи демографияи Академияи илмҳо буд. Соли 2011 муовини мудири ин Пажӯҳишгоҳ таъин шуд. Дар гузашта ба ҳайси ноиби ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон; мудири кафедраи менеҷменти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, мудири Маркази омӯзиши аҳолӣ, мудири шӯъбаи масъалаҳои иҷтимоии инсон фаъолият дошт.
МУНАВВАРА УСМОНОВА, ровии телевизион
Мунаввара Усмонова, гӯянда ё наттоқи шинохтаи телевизиони Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июл дар 70-солагӣ даргузашт. Сабаби расмии фавташ эълон нашуд. Журналист Малоҳат Дӯстматова дар Фейсбук навишт, “дар қатори ин шабурӯз рафтагон, наттоқи варзидаи Телевизиони Тоҷикистон, тарҷумон ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ Мунаввара Усмонова ҳам аз бемории ковид бандагӣ карданд.” Мунаввара Усмонова бахши забону адабиёти руси Донишгоҳи омӯзгориро хатм карда, дар даврони Шӯравӣ яке аз муҷриёни барномаи “Ахбор” бо забони русӣ буд.
КАРИМ ҲАЙДАРОВ, академик
Академик Карим Ҳайдаров, ки ҳамчун “асосгузори мактаби фармакологҳо дар соҳаи синтези химиявӣ ва пайвастҳои табиӣ” ва ё “пири дорусозон” машҳур аст, 6-уми июл даргузашт. Хабаргузории “Азия-Плюс” сабаби фавти ӯро “бемории монанд ба коронавирус” гуфт. Ҳайдаров соли 1934 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. “Тимогар” ва “Тимотсин” аз ихтироъҳои ӯянд, ки асосан барои муолиҷаи ҷигар истифода мешаванд. Соли 2020 ҷоизаи Ибни Синоро гирифт.
НАМОЗ БЕРДИЕВ, профессор
Намоз Бердиев, доктори илмҳои биологӣ, корманди шоистаи илму техникаи Тоҷикистон, рӯзи 20-уми июл дар 82-солагӣ фавтид. Хабаргузории “Азия-Плюс” иллати маргашро бемории коронавирус шарҳ дод. Ба иттилои манбаъ, ӯ 25 рӯз барои халосӣ аз чанголи бемории ҳамагир мубориза кард, вале пизишкон натавонистанд наҷот диҳанд. Намоз Бердиев зодаи вилояти Самарқанд буда, корро дар Кангурт (ноҳияи Темурмалик) оғоз кардааст. Муовини раиси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар умури байналмилалӣ буд.
ҚАЮМ ОДИНАЕВ, тоҷир
Қаюм Одинаев, тоҷири шинохта ва яке аз моликони корхонаи истихроҷи тилои “Одина” дар ҷануби Тоҷикистон, рӯзи 13-уми июл дар 50-солагӣ даргузашт. Сабаби расмии маргаш эълон нашудааст. Хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба қавли пайвандонаш навишт, “ӯ дар бемористони “Советский 1” бо гумони гирифторӣ ба коронавирус хобида буд." “Одина”-ро соли 1999 таъсис додаанд. Ширкат соли 2005 барои коркарди кони тило дар Шугнов иҷоза гирифта буд.
АБДУҚАҲҲОР АБДУҒАФФОРОВ, профессор
Абдуқаҳҳор Абдуғаффоров, устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон, 12-уми июл дар Хуҷанд даргузашт. 68-сола буд. Сомонаи “Спутник-Тоҷикистон” аз қавли ҳамкоронаш навишт, профессор Абдуғаффоров ду ҳафта дар бемористони касалиҳои сироятӣ дар Хуҷанд аз коронавирус муолиҷа мегирифт. Абдуқаҳҳор Абдуғаффоров аз соли 1998 то 2010 мудири намояндагии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ дар Хуҷанд буд. Чанд сол дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор карда, аз соли 2017 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар маркази Суғд фаъолият дошт.
ҶАМШЕД ҶАҲОНГИРЗОДА
Ҷамшед Ҷаҳонгирзода, корманди 39-солаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 30-юми июн бо нишонаҳои эҳтимолии бемории коронавирус дар беморхона даргузашт. Ӯро бо таби баланд дар Бемористони касалиҳои сироятии Душанбе, воқеъ дар маҳалаи Зарафшон, бистарӣ карда буданд. Яке аз ҳамкоронаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ташхисҳо дар бадани ӯ бемории COVID-19-ро ошкор карда буд. Наздиконаш ва пизишкон сабаби расмии марги ӯро шарҳ надоданд.
Дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ инҳоро низ қурбонии коронавирус ном бурдаанд:
- Раҷабалӣ Саидвализода, роҳбари Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон;
- Лайлӣ Мақсудоваи 35-сола, сардори шуъбаи равобити байналмилалии “Тоҷикстандарт”;
- Қобилхоҷа Қобилов, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ;
- Абдувоҳид Назаров, нозири Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Душанбе;
- Сафо Неъматов, сокини маҳаллаи Чорсӯ (Партизани Сурх)-и ноҳияи Рӯдакӣ;
- Дилшод, писари Гулназар Келдӣ;
- Нигина Камолиддинова, духтари Баҳриддин Камолиддинов, донишманди зиндаёди тоҷик;
- Подполковник Маъруф Ҳабибов, сардори пешини Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ё ДОСААФ дар Панҷакент;
- Ёралӣ Нуралиеви 65-сола, сармуҳосиби КВД "Таъминоти илм"-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
- Марҳабо Юсуфова, корманди 42-солаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд.
- Фарзон Маъмур, 43-сола, писари шоир Саидалӣ Маъмур
- Роҳат, ҳамсари шоир Саидалӣ Маъмур
- Нур Сафаров, молики корхонаи ширии "Нури Сафар" дар ноҳияи Мастчоҳ. Ӯ 15-уми июл дар ноҳияи Шаҳринав фавтид.
Маълум нест, номи чӣ қадар аз қурбониён расонаӣ нашудаву дар байни аҳли хонадон ё маҳаллаву шаҳру ноҳияҳо маҳфуз мондааст. Аз ин рӯ, аз хонандагон мехоҳем, агар азизон, ҳамсоя ё ҳаммаҳаллаву ҳамшаҳриҳои худро бо сабаби гирифторӣ ба коронавирус аз даст додаед, ба мо бинависед, то рӯйхат пурра ва миқёси бемориву пайомадҳои он маълум карда шавад.
Маълумотро ба ин имейл фиристед: Tajikweb@rferl.org