Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мегӯянд, иҷоза нест." Чаро роҳи сокинони Исфара ба Қуммазор дар сарҳад бо Қирғизистон баста шуд? ВИДЕО


Наздикии Қуммазор
Наздикии Қуммазор

Сокинон дар Исфара мегӯянд, ки тақрибан як моҳ боз наметавонанд, дар мавзеи шифобахши Қуммазор, ҳаммарз бо Қирғизистон, осоиш ёбанд.

Рӯзи 24-уми июли имсол дар ҳаминҷо Шӯҳрат Қурбонов, як марзбони тоҷик, дар пайи тирандозии сарҳадбонони Қирғизистон захмӣ шуда буд. Пас аз ин ҳодиса раиси ноҳияи Бодканди Қирғизистон барои гуфтушунид омад ва ду ҷониб дар деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара паси мизи музокирот нишастанд. Натиҷаҳои нишаст эълон нашудаанд, аммо аз он вақт табобату истироҳати одамон дар Қуммазор манъ гашт.

Аз соли 2017 ба инҷо меоям, ҷойи табобатии хуб аст. Ҳоло иҷозат намедиҳанд. Сарбозҳои худамон намегузоранд. Мегӯянд, қирғизҳо намемонанд. Маҳрум мондем.
Хусрав Сиддиқов, сокини Исфара

“Ҳар сол меомадем, имсол “не” мегӯянд”

Фазлиддин Фозилов, сокини Исфара, мегӯяд, “инҷо як осоишгоҳ аст. Мардум табобат мегиранд. Замин аз мост, вале қирғизҳо хӯҷаинӣ доранд. Рости гап, аз хурдиамон ба ҳамин ҷо меомадему дар қум (рег) гӯр мешудем, ҳеч кас халал намерасонд. Ҳозир қирғизҳо замини мо гуфта, халал мерасонанд. Барои дамгирӣ омадам, сарбозҳои худамон мумкин нест мегӯянд”.

Ҳоло катҳои боғи наздик ба осоишгоҳ беодаманд, вале ба гуфтаи сокинон, як моҳ пеш дар инҷо ҷойи нишаст ёфт намешуд. Рӯзи сабти навор шайхи мазор низ, ки ҳама аз ӯ барои шифо дуо мегирифтанд, ҳузур надошт.

“Аз соли 2017 ба инҷо меоям, хеле ҷойи табобатии хуб аст. Ҳоло иҷозат намедиҳанд. Сарбозҳои худамон намегузоранд. Мегӯянд, қирғизҳо намемонанд. Маҳрум мондем", -- нақл кард сокини Исфара, Хусрав Сиддиқов.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Қуммазори шифобахши Исфара минтақаи баҳсӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Мақомот ва марзбонони Тоҷикистон сабаби роҳ надодани сокинонро ба мавзеи Қуммазор шарҳ намедиҳанд. Сокинон ҳам мегӯянд, аз ҷониби масъулони маҳаллӣ ҳеч огоҳӣ барои дар ин мавзеи давобахшӣ нагирифтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки калонсолони деҳа мегӯянд, дар гузашта ҳеч гоҳ нафаре барои табобат дар инҷо монеъ нашуда буд.

Сайфуллоҳ Юнусов, бошандаи дигари ин минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон мегӯяд, “аз шаҳри Хуҷанд низ одамони бисёр меомаданд. Дар давраи Шӯравӣ ба Қуммазор аз Узбекистон ҳам меомаданд. Ҳадди ақал се рӯз дар онҷо ба қум гӯр мешуданд. Баъд дардашон сабук мешуд. Ин дафъа чӣ гапе шуд, ки қирғизҳо халал расонда истодаанд”.

Рӯзи 24 июл чӣ гузашт?

Пештар сокинон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки тирандозӣ дар мавзеи Қуммазор рӯзи 24-уми июл, пас аз он рух дод, ки як гурӯҳ аз сокинони ҷамоати Чоркуҳ барои поккории ин ҷо омаданд. Сокинони маҳаллӣ бо реги ин мавзеъ худро пӯшонида истироҳат ва табобат мекардаанд.

Ҳамсуҳбатони Озодӣ мегӯянд, ин мавзеъ қитъаи баҳсӣ набуд ва солиёни дароз сокинони Исфара аз регзори давобахши ин мавзеъ истифода мекарданд. Дар гузашта баҳсе сари ин замин вуҷуд надошт. Мақомот низ дар изҳороти расмӣ ҷойи баҳс надоштани ин минтақаро таъкид кардаанд.

Қуммазор
Қуммазор

Аммо расонаҳои Қирғизистон аз ҷумла turmush.kg ин мавзеъро "баҳсӣ" номида, навиштааст, ҷамъ омадани сокинони Тоҷикистон дар он ҷо "эътирози сокинони як деҳаи қирғизнишин"-ро ба бор овард.

Ин пойгоҳ бидуни такя ба манбае иддао кардааст, ки "низомиёни тоҷик нахуст оташ кушоданд ва баъдан ҷониби қирғиз посух дод." Расонаҳои кишвари ҳамсоя инчунин тарафи Тоҷикистонро ба кандани хандақ ва бунёди девор дар наздикии марз гунаҳкор карданд ва баъдан навиштанд, ки Тоҷикистон хандақро дубора бо хок пур кард ва деворро гардонд. Мақомоти Тоҷикистон ин хабарҳоро шарҳ надодаанд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон тайи моҳҳои охир шоҳиди даргириҳои хунин шуд. Дар муноқишаи охири моҳи апрели имсол ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин рӯйдодҳо 19 нафар кушта, 87 захмӣ шудаанд. Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳои худро 36 ва захмиёнашро 189 нафар эълом доштааст. Додситониҳои ҳарду кишвар барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд.

Дарозии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он то имрӯз танҳо 519 километри он муайян ва нишонагузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG