Додгоҳи шаҳри Ваҳдат як зани 31-соларо бо гуноҳи ширкат дар ҷангҳои берун аз Тоҷикистон ба 12 сол зиндон маҳкум кард. Мақомот гуфтанд, Олима Камолова дар минтақаи зери нуфузи ДОИШ дар Афғонистон "ҷангидааст". Камолова дар додгоҳ ба бегуноҳияш пофишорӣ кард ва гуфт, ҳеч гоҳ дар ҳайати гуруҳҳои тундрав "наҷангидааст".
"Бо умед ба Тоҷикистон омаданӣ буд, вале..."
Ҳукми Додгоҳи шаҳри Ваҳдат рӯзи 30-юми сентябр содир шуд. Додрас Хайрулло Ҳабибуллозода ҳангоми қироати ҳукм гуфт, Олима Камолова ба "ширкат дар ҷангҳои кишварҳои дигар" (моддаи 401, иловаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор дониста шуд.
"Камолова 12 сол зиндонро дар маҳбаси низомаш умумӣ адо мекунад", -- гуфт додрас. Як рӯз пеш додситон барои ин сокини шаҳри Ваҳдат понздаҳ сол ҳабс талаб карда буд.
Олима Камолова дар сухани охирини худ дар додгоҳ гуфт, "бегуноҳ аст" ва “аз шавҳараш итоат карда, бо фиреби ӯ ба Афғонистон рафт". Ӯ чанд дафъа аз додрас хост, ба хотири чаҳор фарзанди ноболиғаш ӯро озод кунад. "Ҳангоми дар Афғонистон будан ба зидди артиши ин кишвар ҷанг накардаам. Ду дафъа ҳомила будам. Зани ҳомила чӣ хел яроқ гирифта, дар кӯҳҳо ҷанг мекунад? Барои халос шудан аз ин ҳолат, худамро ба нерӯҳои Афғонистон таслим кардам", -- гуфт ӯ дар додгоҳ.
Дар шароите, ки шавҳари Камолова кушта шудааст ва шоҳидони дигар дастрас нестанд, тасдиқи дурустии гуфтаҳои ӯ ва ҳам айбномаи расмӣ ғайриимкон аст.
Пайвандони Олима Камолова гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ норозианд ва аз рӯйи он ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд. Шералӣ Камолов, падари Олима, 30-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, духтараш "барои сохтани зиндагии нав дар Тоҷикистон кӯшиш кард, аммо ӯро зиндонӣ карданд".
"Ба Тоҷикистон бо як орзуву ҳавас омаданӣ буд, аммо ҳукумати Тоҷикистон гирифта, баръакс, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Намедонам, дигар чӣ кор кунем", -- гуфт Шералӣ Камолов.
Чӣ хел ба ҳудуди зери назорати ДОИШ афтид?
Пештар бародари Олима Камолова ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин сокини шаҳри Ваҳдат ҳамроҳи шавҳараш, Парвиз Сангов, аввал ба Сурия ва аз онҷо ба Афғонистон рафтаанд. Вале кофтукоби хабарнигори Радиои Озодӣ нишон дод, ки Камолова на дар Сурия, балки дар Афғонистон дар минтақаи зери назорати ДОИШ будааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Бар асоси як мактуби вакили дифои Олима Камолова, ӯ моҳи ноябри соли 2015 бо шавҳараш аз Русия аввал ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон ва сипас ба Эрон рафтааст. Бино бар ин нома, "онҳо муддати ду ҳафта дар Эрон монда, баъди гирифтани раводид ё визаи Афғонистон ба шаҳри Кобул ва аз онҷо бо мошин ба шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, рафтаанд."
Вилояти Нангарҳор аз минтақаҳоест, ки гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар онҷо нуфуз дорад. Дар инҷо шохаи “Хуросон”-и ин гуруҳ фаъол аст ва масъулияти чандин ҳодисаҳои террористиро ба уҳда гирифтааст.
Олима Камолова рӯзи 30-юми сентябр дар додгоҳ гуфт, баъди расидан ба Ҷалолобод шавҳараш ҳуҷҷатҳои ӯро нобуд кард, то фирор накунад. Ба нақли ӯ, 7 моҳ баъди расидан ба Ҷалолобод, шавҳараш дар ҷанг кушта шуд ва бар асоси қоидаҳои ҷорикардаи “Давлати исломӣ” 4 моҳу 10 рӯз дар идда буд ва наметавонист, аз хона берун барояд. Баъди сипарӣ шудани ин муҳлат, Камолова дубора шавҳар кардааст.
Камолова ва шавҳараш ягона шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, ки тавассути масири Озарбойҷон-Эрон-Афғонистон ба сафи гуруҳи ДОИШ мепайванданд. Муҳаммад Хоҷаев, сокини ноҳияи Мастчоҳ, соли 2017 тавассути Озарбойҷон-Эрон ба Афғонистон рафта буд. Аз соли 2014 то 2016 ҷавонон барои пайвастан ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба Сурияву Ироқ мерафтанд. Бо шикасти ин гуруҳ дар Ховари Миёна, масирашон ба самти Афғонистон тағйир кард.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ДОИШ дар Ироқу Сурия пайвастаанд. Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шохаи “Хуросон”-и ДОИШ дар Афғонистон пайвастаанд, маълум нест.
Чӣ хел ба Тоҷикистон омад?
Олима Камолова бо гуноҳи ширкат дар ҷанги кишварҳои бегона ба зиндон маҳкум шуд, моддае, ки пештар асосан мардонро зиндонӣ мекарданд.
Ӯ моҳи январи соли гузашта бо навиштани номае аз мақомоти Тоҷикистон барои озодиаш аз зиндони Пули Чархии Афғонистон ёрӣ хоста буд. Мақомот нагуфтанд, ки Олима Камолова кай ба Тоҷикистон оварда шуд. Наздиконаш мегӯянд, танҳо моҳи августи имсол аз овардани Олима ба Тоҷикистон хабардор шуданд. Вале дар қарори Додгоҳи шаҳри Ваҳдат омадааст, санаи иҷрои ҷазо нисбат ба Камолова аз 12-уми июли соли 2021 ҳисоб карда шавад. Худи Олима дар додгоҳ гуфт, дар оғози парвандаи ҷиноӣ вакили мудофеъ надошт.
Ҳамроҳи Олима Камолова 4 фарзанди ӯ ҳам ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Наздиконаш гуфтанд, мақомот наврасонро ба онҳо нишон надоданд ва дар кадом ятимхона нигоҳ медоранд.
То ин дам чанде аз занони тоҷик бо ҷурми узвият дар сафи ДОИШ аз сӯи додгоҳҳо дар Ироқ ба ҳукмҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд. Гуруҳи дигари занон баъд аз шикасти ДОИШ ба дасти нерӯҳои курд афтида, дар урдугоҳҳо дар Сурия нигоҳдорӣ мешаванд. Онҳо чанд дафъа аз шароити сангин дар паноҳгоҳҳо шикоят карда, аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ба кишвар баргардонад. Мақомот ваъда додаанд, ки занонро аз кишварҳои ҷангзада бармегардонанд, аммо маълум нест – кай.