Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми абади ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Қирғизистон "аз нав баррасӣ мекунанд"


Абдурозиқ Абдқаҳҳоров
Абдурозиқ Абдқаҳҳоров

Як мансабдори баландпоя гуфт, ки додгоҳе дар Қирғизистон рӯзи 19-уми октябр шикоятҳоро дар бораи ҳукми абади ду шаҳрванди Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард. Ба иттилои Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, онҳо дар ду нома бозбинии ҳукмро хостаанд.

Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон моҳи сентябр Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро дар пайванд ба муноқишаи мусаллаҳона дар марз ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Он замон наздиконашон эътироз карданд, вале мақомоти Тоҷикистон хомӯш буданд. Ҳоло маълум нест, ки бозбинии ҳукм бар асоси шикояти мақомот сурат мегирад ё эътирози пайвандони маҳкумшудаҳо.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамроҳ бо мақомоти интизомии Тоҷикистон ба мақомоти зидахли кишвари ҳамсоя номаҳои расмӣ навиштем. Бар асоси ин номаҳо, рӯзи 19-уми октябр додгоҳи таҷдиди назар баргузор хоҳад шуд.”

Вакили мудофеи яке аз маҳкумшудаҳо низ дар суҳбат бо пайвандони онҳо тасдиқ кардааст, ки “баъди як ҳафта мурофиа баргузор мешавад”.

Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, рӯзи 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бисёр мехоҳад, дар мурофиа ширкат кунад, вале мақомоти Қирғизистон иҷозаи гузаштан аз сарҳадро намедиҳанд. Ӯ пештар ҳамроҳи шавҳараш дар деҳаи Борбоддуки Қирғизистон мезист, вале баъдан ба Тоҷикистон омад.

“Ба ман гуфтанд, ки Абдурозиқ ва Аскар Юнусовро аз боздоштгоҳи Исфана ба маҳбаси Уш бурдаанд. Дар онҷо се дафъа хӯрок дода, дар як рӯз ду соат ба гардиш мебароранд, аммо дар боздоштгоҳи Исфана як дафъа хӯрок медоданд ва азият медоданд”, - гуфт Ҷабборова.

Вай пештар барои расидагӣ ба қазияи шавҳараш аз ҳукумати Тоҷикистон ёрӣ хоста буд. Дар номае, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент, аз додситони кул Юсуф Раҳмон хостааст, ки масъаларо баррасӣ кунад. Ҳоло дақиқ нест, ки додситони кул то ин дам дар ин замина чӣ кор кардааст.

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов моҳи майи имсол аз ҷониби нерӯҳои Қирғизистон дар шароити номаълум дастгир ва 14-уми сентябр ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Додгоҳ онҳоро ба "ҷиноят ба зидди сулҳ" ва "ғоратгарӣ" гунаҳкор донист, аммо наздиконашон ба бегуноҳии онҳо таъкид доранд.

Онҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд, аммо дар деҳаи Борбоддуки Қирғизистон зиндагӣ мекарданд. Ин роҳест, ки аз як тараф Тоҷикистон ва аз тарафи дигар Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Боздошти онҳо дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт, ки аз ду тараф 55 кас кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими об, муноқиша сар мезанад.

XS
SM
MD
LG