"Суғдсинамо" филмеро дар бораи Саидмурод Давлатов ба намоиш гузошт, ки баҳси ҷонибдорон ва мухолифони ӯро барангехт. Давлатови 43-соларо дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун равоншинос ва мураббии соҳибкорони навроҳ мешиносанд, аммо назарҳо нисбат ба ӯ ва кораш якранг нест. Ҳамин тавр, нисбат ба филми тарҷумаиҳолии ӯ.
- "Супер промоушен, вале ширинии мағзи филм ку?! Барои тамошобиноне, ки Саидмурод Давлатов идеалашон аст, шояд хушоянд аст, лек ба дигарон шак дорам..." – навишт ҳунарманди ҷавон, Шоҳҷамшед Умарӣ дар Фейсбук.
- Дар посух Аъзам Акбаров, мудири телевизиони "Азия", гуфт, "агар филмро беғаразона ва бе нияти айбҷӯӣ тамошо кунед, бисёр ҷолиб аст, зеро дар худ бисёр паёмҳои хуб дорад ва ба тамошобин эҳсоси боварӣ ба ояндаи нек мебахшад."
4 сол ва 5 миллион доллар
Филми “Аз миллион яке”-ро, ба қавли коргардон Муҳиддини Музаффар, дар бештар аз чаҳор сол ва бо иштироки тақрибан сад ҳунарпеши касбӣ сохтаанд.
Назирке Кибаева, продюсери филм, мегӯяд, то имрӯз “беш аз 5 миллион доллар” харҷ карданд. Ҷуғрофиёи майдони сабти он зиёда аз панҷ кишвари пасошӯравӣ ва Амрикову Малайзияро дар бар гирифтааст.
“Аз ду ҷиҳат барои мо имтиҳони сахт буд. Якум, бори аввал дар хориҷ аз Тоҷикистон сабт кардем. Тартиби филмбардорӣ дар майдонҳои Русия ва Қазоқистонро намедонистем. Дуюм, вақте филм тарҷумаи ҳоли як нафари зинда аст, хеле масъулият дорад. Як хато метавонад, қаҳрамонро нодуруст муаррифӣ кунад”, -- гуфт Муҳиддини Музаффар.
Ин филм аз ҳаёти равоншинос ва муаллифи китобҳо дар мавзӯи тиҷорат Саидмурод Давлатов нақл мекунанд, ки ба қавли муаллифон “дар пайроҳаи пурпечутоби рӯзгор бо машаққат қадам задаву худро ба қуллаи мурод расонидааст”.
Бино бар филм, ӯ аз хурдсолӣ дар як деҳаи дурдасти Тоҷикистон бе падар монда, бори зиндагӣ ба дӯшаш меафтад. Вақте барои дохил шудан ба донишгоҳ аз вай пул мехоҳанд, роҳи муҳоҷиратро пеш мегирад, аммо бо ин филм ба итмом намерасад – зиндагӣ барояш озмоишҳои дигар пеш меорад.
“Хостем, тасаввуро дар бораи тоҷикон дигар кунем”
Саидмурод Давлатов, соҳибкор ва қаҳрамони филм, гуфт: “Ният аз сохтани филм дар он буд, ки нигоҳи хориҷиёнро нисбат ба мардуми худ дигар кунем. Онҳо фикр мекунанд, халқи тоҷик фақат муҳоҷирӣ карда метавонанд. Мо хостем, ин қолабро шиканем. Дуюм, нуқтаи назари муҳоҷирон дигар мешавад ва қисман аз “кори сиёҳ” даст мекашанд. Сеюм, пайвандони муҳоҷирон мефаҳманд, ки пул бо чӣ машаққат ба даст меояд.”
Давлатовро дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун мураббӣ ё худ тренери иқтисодии соҳибкорони навроҳ мешиносанд. Назарҳо нисбати ӯ якранг нест. Иддае ӯро марди корчаллоне медонанд, ки бо истифода аз донишҳои молии худ пешрафт кардааст. Гуруҳе ба рӯйбардор кардани суҳбати шахсиятҳои шинохта муттаҳам медонанд.
Шахсони зиёд силсилаи китобҳояшро бо номи “Фалсафаи мӯрчаҳо” харидаву дар дарсҳояш ширкат мекунанд, вале онҳое низ ҳастанд, ки бовар доранд, пулашонро беҳуда сарф кардаанд. Ҳамчун қаҳрамони асосӣ дар филм зоҳир шудани ӯро бархе аз тамошобинон таблиғи сарпарасти филмҳои киностудияи давлатии “Суғдсинамо” медонанд.
“Шахсони зиёд шубҳа доранд”
“Албатта, бо қаҳрамони филм аз наздик шинос нестам, вале аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем, ки нисбат ба ин шахс шахсони зиёд шубҳа низ доранд”, -- мегӯяд рӯзноманигор Озод Мелибоев.
Далери Эмомалӣ, коргардони ҷавон, гуфт: “Коргардон ҳақ дорад дар бораи ҳар нафаре, ки дар рӯи олам зиндагӣ мекунад, филми ҳуҷҷатӣ ё бадеӣ созад. Фарқ надорад, чӣ кора аст ва дар кадом сатҳу мақом. Бахусус, вақте ҳамон филм бо маблағгузорияш таҳия мешавад. Вале замоне ки пешкаши ҷомеа мешавад ва бо чӣ гуна бархӯрд рӯбарӯ мешавад, ин аллакай баҳси дигар аст”.
Саидмурод Давлатов чанд сол пеш дар Тоҷикистон ба нашри китоб ва баргузории дарс барои соҳибкорон оғоз кард, аммо номи ӯро бештар суҳбатҳояш ба маҳфили хосу ом кашонд.
“Суғдсинамо”, ки филми “Аз миллион яке”-ро омода кардааст, муассисаи давлатист ва ҳар сол барои он аз буҷаи давлат 130 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Ширкат то ин дам “Ормонҳо”, “Паймон”, “Тангно”, “12 соли интизорӣ”, “Вақте сайёра ранг иваз мекунад”, “Коса” ва филми мустанади “Умар-ако”-ро ба бозор баровардааст.