Ду сокини шаҳри Исфара иддао доранд, ки пас аз ҳабси нақлиёту маҳсулоташон борҳо ба Раёсати гумруки вилояти Суғд рафта, вале бо маъмурон ба созиш намерасанд. Маъмурони гумрук 10-уми октябри имсол дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров худрави "Мерседес Спринтер"-ро, ки биринҷ мебурд, бо гумони қочоқӣ будани бораш боздошт карданд.
Биринҷӣ тоҷикӣ ё қирғизӣ?
Соҳибкор Қурбонхон Охонова мегӯяд, мақомот то ин лаҳза на қочоқӣ будани борашро исбот карданд ва на мошину биринҷро пас доданд. "Ин борро аз бозори Исфара харидам. Агар ин навъи биринҷ ба биринҷи қирғизӣ монанд бошад, дар оянда намехарем. Не мегӯянд! Хоҳиш дорам, нақлиёти моро баргардонанд ва борамро ҳам диҳанд, то зиндагиро пеш барем", -- гуфт ӯ.
Нигора Раҳимова, ронандаи нақлиёти боркаш, ҳам шиква дорад, ки ба сабаби дармондани мошинаш дар Раёсати гумрук аз кору даромад маҳрум мондааст: "Нақлиёти ман ҳама ҳуҷҷатҳоро дорад. Як моҳ боз дар баробари Қурбонхон омада меравам, вале натиҷае нест. Хеле харҷ кардам ва кор накарда истодаам."
Соҳибкор Қурбонхон Охонова қаблан даъво карда буд, ки чанд маъмури Раёсати гумрук баъди боздошти маҳсулоташ худи ӯро низ задаанд.
Намояндагони Раёсати гумруки вилояти Суғд шикояти занро рад карда, баръакс, худи ӯро бемори равонӣ мехонанд. Додситонии шаҳри Хуҷанд ин ҷанҷолро таҳқиқ карда, оғози парвандаи ҷиноиро нисбат ба ҳодиса қатъ намудааст.
“Кормандони гумрук гуфтаанд, азбаски маҳсулот қочоқӣ буд, “ларзиши майнаи сараш”-ро сохтакорӣ кардааст. Натиҷаи ташхис наметавонад сохтакорона бошад. Намедонам, чаро ба хулосаи табибон ҳам бовар накарда аризаи моро қатъ кардаанд”, -- мегӯяд Қурбонхон Охонова.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Ҳабси тақрибан 4 тонна биринҷ, вале бе занозанӣ?
Охонова чунин ҷароҳат бардоштанашро дасти кори Н.Ш., як бозраси Раёсати гумрук дар вилояти Суғд медонад. Кӯшиши батакрори Радиои Озодӣ барои тамос гирифтан бо ин бозрас натиҷа надод.
Ба гуфтаи Нигора Раҳимова, ки шоҳиди ин ҳолат будааст, дар Раёсати гумрук байни корманди ин ниҳод Н.Ш. ва соҳибкорзан Қурбонхон Охонова баҳс сар задааст, ки баъдан ба муноқиша печидаву ӯро задаанд ва сараш зарб хӯрдааст.
Як корманди Раёсати гумруки вилояти Суғд, ки низ шоҳиди ҳодиса будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат кормандони онҳо 3700 кило биринҷи овардаи Охоноваро ҳабс карданд, “чун моли қочоқӣ буд, вале нисбаташ ҳеч бадрафторӣ сурат нагирифтааст". Амволи Қурбонхон Охоноваро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳабс карданд, ки шаш моҳ боз баста мебошад.
Занон талаб доранд, ки мақомоти болоӣ бояд зуд ба ин мушкилоташон расидагӣ кунанд, зеро дар таъмини рӯзгори худу фарзандонашон ба мушкил дучор шудаанд.
Масъалаи қочоқи молу маҳсулот дар шимоли Тоҷикистон, ки бо Қирғизистону Узбекистон ҳамсарҳад аст, аз мавзуъҳои доғ ба шумор меравад. Дар гузашта Баҳром Исматуллозода, сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд, гуфта буд, ки дар онҷо "зиёда аз 164 чапроҳа ҳаст."