Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкорӣ ё фишор ба мухолифон? Тоҷикистону Маҷористон барои истирдоди "ҷинояткорон" созиш карданд. ВИДЕО


Порлумони Тоҷикистон созишномаи истирдоди ҷинояткорон миёни Тоҷикистон ва Маҷористонро ба тасвиб расонд.
Порлумони Тоҷикистон созишномаи истирдоди ҷинояткорон миёни Тоҷикистон ва Маҷористонро ба тасвиб расонд.

Порлумони Тоҷикистон созишномаи истирдоди ҷинояткорон миёни Тоҷикистон ва Маҷористонро ба тасвиб расонд.

Ин нахустин созишномаи истирдод миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аст. Ҳарчанд мақомот ҳадафи ин созишномаро тақвияти ҳамкорӣ миёни ду кишвар арзёбӣ мекунанд, коршиносон бар ин назаранд, ки Тоҷикистон бо имзои ин санад ҳадафи истирдоди мухолифони сиёсии ҳукуматро дорад. Дар гузашта бархе аз мунтақидони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон, ки дар кишварҳои аврупоӣ кору зиндагӣ доранд, аз таъқибу эҳтимоли истирдод шуанашон изҳори нигаронӣ карда буданд.

Киро истирдод мекунанд?

Дилшод Талбакзода, муовини Додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 15-уми декабр, ҳангоми муаррифии тарҳи созишнома ҳадафи онро "тақвияти ҳамкорӣ дар бахши истирдоди тарафайни ҷинояткорон ва афроди дар таъқиб қарор дошта" унвон кард.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Маҷлиси намояндагон созишномаи истирдод бо Маҷористонро имзо кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Ӯ дар ҳузури вакилон таъкид намуд, ки "ғайр аз шартномаи номбурда бар зидди ҷинояткорӣ дар сатҳи трансмиллӣ, ба ҷинояткорон надодани имконияти аз ҷавобгарӣ дур мондан, ба таври дахлдор таъмин кардани ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба имзо расонида шудааст".

Ба қавли Талбакзода, тасвиби созишномаи истирдод миёни Тоҷикистон ва Маҷористон паёмади манфии сиёсӣ ва иҷтимоӣ нахоҳад дошт.

"Тибқи шартнома истирдод ба амал бароварда намешавад, агар тарафи дархостшаванда ҷиноятро ҳамчун ҷинояти сиёсӣ эътироф кунад ё барои гумоне аз ҷониби дархосткунанда бо мақсади таъқиб барои нажод, мазҳаб, миллат ё ақидаи сиёсӣ асоси кофӣ дошта бошад, инчунин истирдоди шаҳрванди худ агар қонунгузории миллӣ тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад, иҷозат дода намешавад",--афзуд, ӯ.

"Маҷористон мухолифинро ба Тоҷикистон намедиҳад"

Ҳарчанд мақомот ва вакилони порлумони Тоҷикистон ҳадаф аз тасвиби созишномаи истирдод бо Маҷористонро фишор ба мухолифони ҳукумат намедонанд, дар ин бора коршиносон назари дигар доранд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ, 15-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон бо ба даст овардани созишномаи истирдод бо Маҷористон ҳадафи фишор овардан ба мухолифони сиёсии ҳукуматро дорад. Ӯ, ҳамзамон таъкид мекунад, ки қонунҳои Иттиҳоди Аврупо ба Маҷористон имкон намедиҳад, чунин корро анҷом диҳад.

"Солҳои ахир раҳбарияти Маҷористон гаравиш ба сӯи худкомагӣ дорад, шояд ба ҳамин хотир Тоҷикистон тавонист бо ин кишвар дар мавриди истирдод шартнома бандад, вале то куҷо амалӣ мешавад, саволи дигар аст. Гумон мекунам, амалӣ намешавад, зеро қонунҳое, ки аз ҷониби худи Иттиҳоди Аврупо қабул карда мешавад, онҳо нисбат ба қонунҳои дохилии кишварҳо волоият доранд, ба ин хотир гумон намекунам, ки Маҷористон тавонад бе ризоияти сохторҳои умумиаврупоӣ ин корро кунад",--гуфт, Абдумалик Қодиров.

Мақомоти Тоҷикистон баъд аз соли 2015 номи даҳҳо узви ҳизбу созмонҳои мамнӯи сиёсиро, ки бархеяш дар кишваҳои Иттиҳоди Аврупо ба сар мебаранд, ба феҳристи мавриди ҷустуҷӯ ворид кардаанд. Таҷрибаи дархости истирдоди мунтақидони ҳукумат, ки мақомот онҳоро дар ҷиноятҳои гуногун, аз қабили терроризму ифротгароӣ гумонбар медонад, борҳо расонаӣ шудааст. Ҳарчанд худи онҳо делели дар феҳристи мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтанашонро, ба ақидаҳои сиёсии худ рабт медиҳанд.

Порлумони Тоҷикистон ҳамчунин дар ин ҷаласаи худ созишномаи ба якдигар супоридани маҳкумшудагон бо Маҷористонро тасвиб кард. Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло Тоҷикистон ва Маҷористон дар кишварҳои ҳамдигар маҳбус надоранд.

XS
SM
MD
LG