Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳои низомӣ дар роҳ аз Кобул ба Маскав дар  Ҳисор сӯзишворӣ  пур мекунанд


Кобул, 18-уми декабр. Акс аз навори видеоии вазорати дифои Русия
Кобул, 18-уми декабр. Акс аз навори видеоии вазорати дифои Русия

Вазорати дифои Русия гуфт, ки рӯзи 18-уми декабр се ҳавопаймои навбатии низомиаш, ки ба Кобул кӯмакҳои башарӣ интиқол дода буданд, бо тахминан 200 мусофир ба самти Маскав парвоз карданд.

Дар хабар омадааст, ки се ҳавопаймои Ил-76 ин навбат шаҳрвандони Русия, Қирғизистон ва донишҷӯёни афғонистонии муҳассили мактабҳои олии Русияро аз Кобул берун баровардаанд. Самти ниҳоии мусофироне, ки Кобулро тарк кардаанд, фурудгоҳи низомии Чкаловский аст, ки дар Подмосковйе ҷойгир мебошад. Дар хабари расмӣ гуфта шудааст, ки ҳавопаймоҳои низомиву нақлиётии Русия бо ҳадафи пур кардани кардани сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Ҳисори Тоҷикистон ва Канти Қирғизистон нишасте анҷом медиҳанд.

Тоҷикистон ин хабарро нашр накардааст, вале сохишҳои стратегии Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳои низомиро низ дар назар мегиранд ва Душанбе як узви созмони минтақавии низомии СПАД ҳам ба шумор меравад.

Ин даври чоруми эвакуатсия ваё берун бурдани шаҳвардони Русия, Қирғизистон ва донишҷӯёни афғонистонӣ мебошад, ки бо супориши президенти Русия Владимир Путин анҷом мешавад. Ба иттилои мақомоти Русия, дар таърихи 26 август то 1 декабри соли ҷорӣ ҳавопаймоҳои низомии Русия аз хоки Афғонистон 770 шаҳрванди Русия ва кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро берун бурдаанд. Дар миёни шаҳрвандони Беларусу Украина, Қирғизистону Арманистон дар моҳҳои гуашта шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам аз Кобул берун бурда шудаанд.

Русия мегӯяд, ки дар чанд моҳи ахир ба Афғонистон дар ҳаҷми 100 тонна ёрии башардӯстона тақдим кардааст.

Амалиёти берунбарии шаҳрвандони Русияву муттафиқони он аз дохили Афғонистон дар ҳоле ҷараён дорад, ки Маскав тарафдори барпо кардани ҳамкорӣ ва тамосҳои мустақим бо маъмурияти “Толибон” мебошад. Ин гурӯҳи ҷангӣ, ки давоми 20 соли ахир зидди ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул меҷангид, баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА ва суқути ҳукумати президент Ашраф Ғанӣ аксар қаламравҳоро таҳти назорати худ даровардааст. Аксар кишварҳои ҷаҳон ба сари кор омадани гурӯҳи тундрав дар Афғонистон назари нек надоранд ва аз таҳаввулоти ин кишвар боэҳтиёт назорат мекунанд. СММ ахиран ҳузури намояндаи “Толибон”-ро дар қароргоҳи СММ рад кард ва ин ба маънои рад шудани эътирофи ҳукумати кунунии Афғонистон қабул шуд.

Раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон батакрор гуфтааст, ки ҳукумати “Толибон”-ро намепазирад ва хостори дидани як ҳукумати фарогир ва иборат аз намояндагони қавму гурӯҳҳои мухталифи Афғонистон мебошад. Вале бархе ҳамсоякишварҳои он дар Осиёи Марказӣ, мисли Узбекистону Қирғизистон аз паи барпо кардани тамос бо “Толибон” мебошанд.

XS
SM
MD
LG