Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Омилони бадрафторӣ бо духтарони ноболиғ ҷазо мегиранд. ВИДЕО


Боздошти масъулони ҳамла ба духтарони наврас дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Боздошти масъулони ҳамла ба духтарони наврас дар Душанбе

Пулиси Душанбе алайҳи ду писари гумонбар дар таҳқиру латтукӯби ду духтари наврас парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки “шоми 19-уми декабр дар кӯчаи Мирзо-Турсунзодаи пойтахт ду нафар духтарони ноболиғи 15-16-сола аз ҷониби ҷавонписарони ношинос “бо баҳонаи надоштани сатру рӯймол ва ранг кардани мӯи сар” мавриди дашному ҳақорат ва латтукӯб қарор гирифтаанд”.

Аз ин пеш фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз азияти ду духтари ноболиғ аз ҷониби ду писар шикоят карданд. Модари яке аз духтарон дар “Фейсбук” барои пайдо кардани писарон кумак хост.

Пулиси Душанбе ба ин вокуниш кард ва як рӯз баъд хабар дод, ки ду ҷавони ҳамлагар боздошт шуда, алайҳи онҳо бо иттиҳоми “Авбошӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин банди қонун то панҷ соли маҳрумият аз озодиро дар назар дорад.

Назари пайвандони ду боздоштшуда ҳанӯз дастрас нест ва додгоҳ маълум накардааст, ки то куҷо онҳо дар нисбат ба ин ду духтар бадрафторӣ кардаанд.

Шаҳноз Комилзода, хабарнигори тоҷик ва модари яке аз ҷабрдидаҳо дар ин ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ки духтараш ҳамроҳи дугонаи худ аз назди дӯстон ба хона бармегашт ва мавриди ҳамлаи авбошон қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷавонон дар оғоз се нафар буданд ва яке аз онҳо баъд аз чунин сурат гирифтани қазия аз ҳамлагарон ҷудо шудааст.

Мақомот ҳамлаи ин ду ҷавонро дорои ангезаҳои мазҳабӣ унвон кардаанд, вале Шаҳноз инро рад кард. “Ин ҷавонҳо аз қишре ҳастанд, ки фикр мекунанд, агар духтар шим пӯшида, мӯйҳояшро боз гузоштааст, пас фоҳиша мебошад ва ин фоҳиша ба ҷомеа таъсири бад мегузорад. Дар сӯҳбат бо ин ҷавонҳо аз онҳо пурсидам, ки зан дар ҷомеаи мо бояд хонашин бошад? Барояшон гуфтам, духтарам дар хона аз ӯҳдаи ҳама кор мебарояд ва дар баробари ин шим мепӯшад. Зеро, дар асри бисту як зиндагӣ мекунад”,--гуфт ӯ.

Бо ин вуҷуд, Шаҳноз Комилзода аз пулис хостааст, ки ин ҷавонон “говсуд” нашаванд ва танҳо тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ҷазо гиранд. Ӯ гуфт, хешовандони ин ду ҷавон ба манзилаш омада, хостори мусоидат дар нармтар ҷазо гирифтани фарзандонашон шудаанд.

Масъулони Раёсати корҳои дохилии Душанбе қариб ҳар рӯз дар сомонаи расмии худ акси писарону духтаронро гузошта, онҳоро ба бадрафториву авбошӣ айбдор мекунанд. Бархе аз сокинон инро "як роҳи ислоҳи ҷомеа" медонанд, гуруҳи дигар "таҳқир" мешуморанд, ки ба бовари онҳо "на танҳо шахси муттаҳам, балки наздиконашро низ дар ҷомеа ангуштнамо мекунад".

XS
SM
MD
LG