Рӯзи 12-уми март ҷанг дар шимолуғарби шаҳри Киев авҷ гирифт ва вазорати дифои Бритониё гуфт, ки неруҳои зиёди Русия то ба 25 километрии маркази шаҳри Киев наздик шудаанд.
Рӯзи 12-уми март дар чандин шаҳри Украина бонги хатар садо дод, ки ба мардум ҳушдор медиҳад, дар ҷойҳои амн паноҳ баранд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, “кишвараш ба нуқтаи атфи стротегӣ” расидааст.
Ӯ гуфт: “Наметавон гуфт, ки барои мо чанд рӯз лозим аст, ки сарзаминамонро озод кунем, вале метавон гуфт, ки мо ин корро хоҳем кард.” Муроҷиати видеоии Зеленский рӯзи 12-уми март нашр шуд. Аз замони оғози ҷанги Русия дар Украина се ҳафта сипарӣ мешавад.
Ирина Верешчук, муовини нахуствазири Украина гуфт, умедвор аст, ки чанд гузаргоҳи амн дар шаҳраку рустоҳои Мариупол, як шаҳри бандарӣ дар ҷануби Украина боз мемонад, то мардуми ғайринизомӣ он ҷойҳоро тарк кунанд. Ӯ дар як муроҷиати видеоӣ гуфт: “Умедворам, ки ин рӯз хуб мегузарад, ҳамаи роҳҳои ваъдашуда боз мемонанд. Русия аҳдҳояшро иҷро мекунад ва созиши оташбас риоят мешавад.”
Айни замон дар Мариупол тирандозиҳои мудавом чанд дафъа имкон надод, ба мардуми бандмонда дар ин шаҳр обу ғизо баранд ва ё онҳоро аз онҷо берун кунанд. Ҳукумати шаҳри Мариупол гуфтааст, ки дар ҷараёни 12 рӯзи ҳамла ба шаҳр 1500 нафар кушта шудаанд. Раиси шаҳр гуфтааст, ки тирандозӣ аз тӯпхона имкон надодааст, ки барои ҳалокшудагон гурҳои дастҷамъӣ бикананд ва аз ин сабаб “ҳатто фавтидагонро гӯр накардаанд.”
Ҳамлаи неруҳои Русия ба як таваллудхона дар ҳамин ҳафта хашми ҷомеаи байналмилалро барангехт ва иддае Русия ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам карданд. Мақомоти Украина ҳамчунин Русияро ба осеб расондан ба як шифохонаи бемориҳои саратон ва чанд хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Миколаев муттаҳам карда ва гуфтаанд, ки ин биноҳо дар натиҷаи тирандозӣ аз тӯпхонаҳо зарар дидаанд.
Максим Безносенко, сартабиби шифохона гуфтааст, ки ҳангоми ҳамла чандсад бемор дар дохил буданд, вале ҳеч касе кушта нашудааст. Дар натиҷаи таркиш бино садама дида ва тирезаҳояш шикастаанд. Неруҳои Русия дар талош барои муҳосираи Миколаев дар 470 километрии ҷануби Киев ҳамлаҳо ба он шаҳрро зиёдтар кардаанд. Дар натиҷаи ҷанг то кунун 2. 5 миллион нафар аз Украина гурехтаанд.
Бо назардошти муқовимати сахти неруҳои Украина, неруҳои Русия ба ҷобаҷогузории неруҳоро тағйир додаанд ва ба гуфтаи вазорати дифои Бритониё барои амалиёт дар Киев омодагӣ мегиранд. Як мақоми амрикоӣ бе зикри номаш гуфтааст, ки неруҳои Русия барои ҳамла ба Киев дар ҷанубушарқи он пешравӣ мекунанд.
Айни замон Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ҳамроҳ бо 7 кишвари сарватманди ҷаҳон Русияро аз мақоме кишвари “муносиб барои тиҷорат” маҳрум мекунанд, то раиси ҷумҳур Владимир Путинро барои ҷанг дар Украина танбеҳ бидиҳад. Ӯ гуфт: “Ҷаҳони озод барои муқобила бо Путин якҷо мешаванд.”