Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди фирориён аз Украина ба беш аз 2 миллиону 300 ҳазор расид


Фирориён аз Украина дар шарқи Лаҳистон (Полша), 9-уми марти 2022
Фирориён аз Украина дар шарқи Лаҳистон (Полша), 9-уми марти 2022

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 10-уми март гуфт, аз оғози ҳамлаи бесабаби Русия ба Украина беш аз 2 миллиону 300 ҳазор кас аз ин кишвар гуреза шудаанд.

Танҳо дар шабонарӯзи охир тақрибан 162 ҳазор кас Украинаро тарк кардаанд. Русия 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамлаи низомӣ кард.

Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон 10-уми март гуфт, онҳо барои мадад ба фирориён дар Украина ва кишварҳои ҳамсоя ба тақрибан 500 миллион доллар ниёз доранд.

Филиппо Грандӣ афзуд, то ин дам ҳудуди 300 миллион доллар ҷамъ шуд, ки бахше аз он аз ҳисоби хайрия аст. "Нишонаи ҳамбастагӣ бо мардуми Украина собиқ надорад," – гуфт ӯ.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, то 9-уми март 109 ҳазор аз шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз ҷумла Эквадор, Гана, Лубнон ва Тунис аз Украина фирор кардаанд.

Дар ду ҳафтаи охир тақрибан 1400 шаҳрванди Тоҷикистон низ аз Украина ба Лаҳистону Молдова паноҳ бурданд.

XS
SM
MD
LG