Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чойхонаи Шайхбурҳон ба хок яксон шуд. Даъвои сокинон бо соҳибкор дар ноҳияи Ғафуров. ВИДЕО


"Чойхонаро барқарор созед." Даъвои сокинон бо соҳибкор дар ноҳияи Ғафуров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00

"Чойхонаро барқарор созед." Даъвои сокинон бо соҳибкор дар ноҳияи Ғафуров

Гурӯҳе аз сокинони деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз вайрон карда шудани чойхонаи маҳаллаашон шикоят доранд.

Онҳо талаб доранд, ки чойхонаро дубора барқарор созанд. Ба гуфтаи онҳо, ин чойхонаи мардумиро соҳибкоре ба нияти сохтмони фурушгоҳ харидорӣ карда ва тобистони соли гузашта бе ризоияти бошандагони деҳа вайрон намудааст. Соҳибкори маҳаллӣ мегӯяд, онҷоро барои обод кардан аз мақомоти маҳаллӣ харидорӣ кардааст.

Даҳҳо бошандагони деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақрибан як сол мешавад, ки барои барқарор кардани чойхонаи маҳаллаашон аз сӯи соҳибкори маҳаллӣ талош доранд. Ин чойхонаро моҳи августи соли 2021 соҳибкор Собирҷон Усмонов, баъди хусусӣ кардан, тахриб намудааст. Сокинон мегӯянд, ки ин чойхонаро дар давраи шӯравӣ бошандагони деҳа дастаҷамъона бунёд карда ва дар обод нигаҳ доштани он саҳм гузоштаанд. Номи онро низ ба хотири яке аз куҳансолони деҳ “Чойхонаи Раҳматҷон” мегӯянд.

Ислом Ёқубов, сокини Бобоҷон Ғафуров гуфт, дар ибтидо инҷо китобхонаи мактаби деҳа буд ва пас аз бунёди китобхонаи нав сокинон онро чойхона карданд. "Инро дар вақташ Сайидхӯҷа Урунхоҷаев обод карда буданд. Ҳамаи мӯйсафедони ин маҳал, ҳам муаллиму деҳқон, дар ҳамин чойхона чой хурда рафтаанд, мо фарзанди онҳо ҳастем.”.--гуфт ӯ.

Нӯъмонҷон Баротов, сокини дигари деҳа гуфт, ки ин чойхона соли 1957 сохта шуда буд. “Наққош ҳам аз маҳаллаи худамон буд ва ӯро мо Усто Мақсуд мегуфтем. Инро тақрибан солҳо 1957 баъди сохтмони Қасри Арбоб сохтаанд.”,--ба ёд овард ӯ.

Масоҳати чойхона ҳамагӣ 8 садяки заминро ташкил мекунад. Ба гуфтаи сокинон, баҳси хусусӣ кардани он аз соли 2014 ба ин сӯ пайдо шуд ва ба ҳама зинаҳои қонунӣ барои бекор карданаш муроҷиат намудаанд. Онҳо иддао доранд, ки берозигии аҳли маҳаллаву деҳа вайрон кардани он нодуруст аст.

“Мо 5-6 нафар мӯйсафедон дар ҳаминҷо шишта будем, ки маъмурони милиса омаданд ва гуфтанд, ки гурезед инҷоро харидаанд ва ҳоло чаппа мекунанд. Мо ҳайрон шуда пурсидем, ки чихел инҷоро мехаранд, мо бо ҳашар онро бунёд кардаем. Мо истодем, баъд бо фармони милисаҳо трактор чойхонаро чаппа кард, қариб болои одамон афтида буд.”, нақл кард Валиҷон Абдуқодиров, сокини ин деҳа.

Насрулло Оқилов, раиси маҳаллаи Шайхбурҳон гуфт, ки зоҳиран ин чойхонаро бар асоси санадҳои қалбакӣ хусусӣ кардаанд.

Соҳибкор Собирҷон Усмонов, ки худро ҳоло молики ин замин медонад, дар бораи то куҷо қонунӣ будани ҳуҷҷатгузорияш ба мо тафсилот надод, вале дар ҷавоб ба иддаои сокинон гуфт, ки тибқи нақшаи асосии меъморӣ сохтмони бинои нав дар ин маҳал тасдиқ шудааст. “Ман дар инҷо мағоза ва дигар намуд дуконҳои хизматрасонӣ бунёд мекунам, аммо дар як тарафаш чойхона ҳам месозам. Инҳо метавонанд ба шӯъбаи меъмории ноҳия рафта ҳуҷҷатҳоро бубинад ва ман лоиҳаашро пешниҳод кардаам.”,--гуфт ӯ.

Масъулони ҷамоати Ҳайдар Усмонов омода нашуданд, ки дар ин масъала ба Радиои Озодӣ расман маълумот диҳанд, вале як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шарти фош нашудани номаш гуфт, ки чунин иншооту биноҳои бесоҳибро мақомот барои ғанӣ кардани буҷет ва ободонии маҳал ҳақ дорад, тариқи идораи амвол ба соҳибкорон фурушад. Сокинон мегӯянд, дар ин сурат бояд заҳмати чандинсолаи аҳолии 8 ҳазораи деҳа ва молу амволи онҳо ҷуброн шавад. Мӯйсафедони деҳа аз он нигарон ҳастанд, ки ҷое барои ҷамъомаду истироҳат надоранд.

XS
SM
MD
LG