Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД 46 сокини Рӯшонро "аъзои гуруҳҳои ҷиноӣ ва террористӣ" номид; 7 афсари ОМОН ва 17 мусофир бенишон шудаанд


Даромадгоҳи ноҳияи Рӯшони ВМКБ
Даромадгоҳи ноҳияи Рӯшони ВМКБ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 46 сокини ноҳияи Рӯшонро аъзои "гуруҳҳои ҷиноятӣ ва экстремистӣ-террористӣ” номид, ки дар тазоҳурот ширкат карда, акнун боздошт шудаанд. Наздикони чанде аз онҳо гуфтанд, боздоштшудаҳо шахсони осоишта буда, ба ягон амали ҷиноӣ ё террористӣ даст назадаанд.

Ба навиштаи сомонаи ВКД, ин 46 нафар дар эътирозҳои 15-18-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок кардаанд.

Ин феҳрист дар ду нашр, як бор 19 ва бори дувум 27 нафарро дар бар гирифтааст. Дар шарҳи ҳоли баъзе аз онҳо навишта шудааст, ки аз манзилашон силоҳ ва муҳимот ёфт шудааст.

Ба сурати умум боздоштшудаҳо аъзои дастаҳое будаанд, ки гуё ба се нафар итоат мекардаанд. Инҳо Холбаш Холбашов, Ёдгор Ғуломҳайдаров ва Қулмаҳмад Паллаев. Наздиконашон дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми май ин се нафарро шаҳрвандони одӣ ва соҳибэҳтироми Рушон ном бурданд. Онҳо гуфтанд, Холбашев ва Ғуломҳайдаров афсарони нерӯҳои сарҳадӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон буданд.

Дар рӯйхати нашркардаи ВКД Тоҷикистон аз Саидаброр Шодавлатов ва Сарбаланд Холбашев ҳамчун увзи "гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ"-и Холбаш Холбашов ёд шудааст. Як сокини Рӯшон мегӯяд, Сарбаландро, ки бародари Холбаш аст, хуб мешиносад.

"Вай як шахси муҳтарам буда, ба зиндагии одии худаш машғул буд. Ҳеч кас онҳоро ҳамчун террорист намедонад. Онҳоро ҳамеша ҳамчун одамони одӣ медонанд. Нисбати Холбаш Холбашов кулли мардуми Рӯшон эҳтироми хос доранд," -- гуфт ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми май, вале дархост намуд, бо сабабҳои амниятӣ номаш бурда нашавад.

Дар аксҳое, ки ВКД нашр кардааст, дар сару рӯйи баъзе аз боздоштшудаҳо осори зарбу лат дида мешавад. Боздоштшудаҳо асосан мардони аз 24 то 53-солаанд.

Дар миёни гуё "ихтиёран таслимшудаҳо" Амирбек Қаёбеков ва Нуриддин Саидов, раисони собиқи бахшҳои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Рӯшон ва 15 узви "гурӯҳи ҷиноии Холбаш Холбашов" номида шудаанд.

Сарони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар Аврупо қарор доранд, ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки воқеан ҳам Қаёбеков ва Саидов дар гузашта раисии бахши ин созмони сиёсиро дар Рӯшон дар ихтиёр доштанд.

Холбаш Холбашов, афсари баландпояи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки мақомот ӯро яке аз созмондиҳандагони тазоҳурот меноманд, ҳамсари пешини фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева аст.

Вай ҳамзамон бо боздошт шудани Мамадшоева нопадид гаштааст ва мақомот, ҳарчанд нисбаташ айбнома эълом доштаанд, нагуфтаанд, ӯ дар куҷост. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, Холбашев ахиран дар минтақаи марзии Исфара қарор дошт.

Улфатхоним Мамадшоева, ки дар боздошт аст, пеш аз ҳабсаш гуфт, ҳеч кори ғайриқонунӣ накардааст. Нафари дигаре, ки ба қавли мақомот дар ташкили эътирозҳои ҳафтаи гузашта муттаҳам мешавад, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров буд, ки рӯзи 22-юми май дар шаҳри Хоруғ кушта шуд. Маълум нест, ӯ дар чӣ шароите ва аз ҷониби кӣ кушта шудааст.

Мақомоти давлатӣ мегӯянд, Маҳмадбоқиров дар як "муноқишаи дохилӣ" ба қатл расидааст, вале манбаъҳои дигар аз тири нишонзан ё снайпер ва ҳамчунин шабехуни гуруҳе аз нерӯҳои вижа ба ӯ суҳбат мекунанд.

Вазорат гуфт, 19 нафар дар Рӯшон ихтиёран "таслим" шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

Дар таҳаввулоти дигар як манбаи наздик ба мақомоти интизомӣ дар Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, "7 корманди ОМОН, дастаи таъиноти махсуси ВКД, дар наздикии Рӯшон бенишон шудаанд ва сарнавишти онҳо маълум нест."

Ба қавли ду манбаъ, ки хостанд, номашон зикр нагардад, 17 мусофире, ки аз Душанбе дар ҳоли сафар ба ВМКБ буданд, се рӯз аст, бенишонанд. Ҳанӯз дар ин бора мақомот ҳеч иттилое нашр накардаанд.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, Ёдгор Ғуломҳайдаров, фармондеҳи пешини яке аз қисмҳои Мирзо Зиёев, ки дар ҳодисаҳои Рушон гумонбари асосӣ ба ҳисоб меравад, бо тахминан 20 нафари дигар нопайдо аст.

Вазъ дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 17-уми май ва баъди он печида шуд, ки гуруҳе аз сокинон ба кӯчаҳо баромада, роҳи низомиёнро аз Душанбе ба самти Хоруғ бастанд. Мақомот 18-уми май гуфтанд, дар онҷо амалиёти "зиддитеррористӣ" мегузаронанд ва норозиёнро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номидаанд, ки ба гуфтаи онҳо аз хориҷ барои ноором кардани кишвар дастур мегирифтанд.

Мардум мегӯянд, ҳеч аслиҳае надоштанд ва танҳо ба пуштибонии ҳуқуқи худу пешгирӣ аз даргирии бештар дар Хоруғ роҳро бастанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ноҳияи Рӯшон 9 кас, аз ҷумла 1 сарбоз кушта ва 24 кас, аз ҷумла 13 сарбоз захмӣ шудаанд. Сокинони маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, 21 ҷасад гирифтанд.

Баъзе аз пойгоҳҳо дар бораи 25 кушта гузориш доданд. Дар баёнияи Созмони Милали Муттаҳид омадааст, манобеи муътамад теъдоди кушташудагонро бештар аз 40 нафар гуфтаанд. Беш аз сад нафар дастгир шуданд.

Хушунатҳои ахир дар ВМКБ маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG