Бархилофи солҳои гузашта, расонаҳои Тоҷикистон ин бор аз бозтоби рӯйдодҳои Бадахшон худдорӣ карданд. Сарони баъзе нашрияҳо тасдиқ карданд, ки зери фишори мақомот наметавонанд, аз эътирози сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) нависанд. Мақомот чунин баёнияҳоро шарҳ намедиҳанд.
Таҳдиди бастан
Бо оғози эътирозҳо дар Бадахшон шикоятҳо аз фишор ба рӯзноманигорон зиёд шуд. Аз ҷумла, чанд хабарнигори зодаи Бадахшон ба ниҳодҳои марбута даъват ва телефонҳояшон аз онҳо гирифта шудаанд.
Эътирози сокинон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалан бегоҳи 16-уми май дар шаҳри Хоруғ оғоз шуд. Як рӯз баъд хабаргузории “Азия-Плюс” эълон кард, ки бино бар фишори мақомот аз бозтоби воқеаҳои ахир дар ВМКБ худдорӣ мекунад.
“Азия-Плюс” навишт, қаблан аз мақомот огоҳинома гирифтааст ва дар он ба нашрия ҳушдор дода шудааст, ки ҳаводиси ВМКБ-ро "якҷониба" инъикос карда, "вазъи кишварро ноором месозад". Ба "Азия-Плюс" дастур шуда буд, ки "камбудиҳо бартараф карда шаванд", дар ғайри сурат хатари бастан таҳдид мекунад.
Давоми як ҳафтаи эътирозҳо дар Бадахшон, ки даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт, “Азия-Плюс” чизе дар ин бора нанавишт. Ҳолате, ки ҳадди ақал дар даҳ соли охир назир надошт.
"Хабарнигор надорем, иттилои расмӣ суолбарангез аст"
Ба ҷуз ин, нашрияи your.tj ҳам эълон кард, ки дар бораи воқеаҳои ВМКБ чизе нашр намекунад. Ин сомона, ки бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ мавод нашр мекунад, дар саҳифаи Фейсбукиаш навишт, бо далелҳои зерин наметавонад таҳаввулоти ахир дар Бадахшонро бозтоб диҳад:
“Аввал, мо дар Бадахшон хабарнигор надорем ва ба ин хотир наметавонем дурустии ҳамаи маълумотро тафтиш кунем. Дувум, ҳоло танҳо ахбори расмӣ дастрас аст, аммо ин хабарҳо суолҳои зиёдеро ба миён овардааст, ки посух надоранд.”
Расонаҳои дигари Тоҷикистон танҳо бо пахши хабарҳои расмӣ дар бораи таҳаввулоти ВМКБ иктифо карданд. Намояндагони ҳадди ақал ду расона дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки аз роҳбаронашон ҳушдор гирифтаанд, ки дар бораи Бадахшон «хабарҳои зиёдатӣ» нашр нашавад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, манзур аз «хабарҳои зиёдатӣ» ғайр аз он маълумотест, ки мақомоти давлатӣ медиҳанд.
Масъул посух нагуфт
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин шикоятҳо чизе нагуфтаанд. Раҳмоналӣ Шералиев, сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ниҳоде, ки кори расонаҳоро назорат мекунад, аз суҳбат дар ин бора худдорӣ кард. Шералиев рӯзи 24-уми май, баъди шунидани суол гӯширо гузошт ва ба зангҳои батакрори мо дигар посух надод.
Бо худдории расонаҳои маҳаллӣ аз бозтоби ҳаводиси Бадахшон, шабакаҳои иҷтимоӣ майдони асосии баҳсҳо дар ин бора буд. Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ эътирозҳои якҳафтаинаро дар Бадахшонро то ҳадди имкон пурра инъикос кард. Ҳарчанд рӯзи 17-уми май баъди суҳбат бо Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба ташкили эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ айбдор шуд, ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва ТВ «Настояшее время» дар шаҳри Душанбе ҳамла карданд. Ҳамлаварон телефон ва дурбини хабарнигоронро гирифтанд ва то ҳол онро надодаанд.
Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 баъд аз шикояти хабарнигорон таҳқиқи ҳодисаро шуруъ карда, бо гузашти як ҳафта то ҳол шахсияти ҳамлаварон эълом нашудааст.
"Даъват"-и хабарнигороне, ки бо Улфатхоним "дӯстӣ" доштанд
Фишор барои нашр накардани ахбори ғайрирасмӣ дар бораи эътирозҳои Бадахшон ва ҳамла ба хабарнигорони Озодӣ ягона ҳолатҳои фишор ба хабарнигорон дар як ҳафтаи ахир нест.
Ҳафтаи гузашта мақомоти Кумитаи давлати амниятии миллии Тоҷикистон баъзе аз хабарнигорони зодаи Бадахшонро «даъват кардаанд». Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар рӯзҳои гузашта ҳадди ақал 3 рӯзноманигори зодаи Бадахшон, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунанд, ба КДАМ даъват шудаанд.
Ин рӯзноманигорон ба далелҳои амниятӣ намехоҳанд, дар ин бора суҳбат кунанд. Яке аз онҳо тасдиқ кард, ки телефонашро мақомот гирифтаанд ва маълум нест, кай бармегардонанд. Мақомот дар ин замина расман чизе намегӯянд. Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки асосан он рӯзноманигороне ба идораи амният даъват шудаанд, ки бо ҳампешаи собиқашон Улфатхоним Мамадшоева рафтуомад доштанд.
Мамадшоева рӯзи 18-уми май боздошт ва ба даъват ба сарнагунии ҳокимият муттаҳам шуд. Наздиконаш ин иттиҳомро рад мекунанд.
«Рӯзноманигороне, ки бо Улфатхоним рафтуомад доштанд, як-як ба КДАМ даъват шуда, бозпурсӣ шуданд. Телефони баъзеашонро гирифта тафтиш кардаанд. Нисбаташон то ҳол ягон парванда боз нашудааст, танҳо онҳоро пурсуҷӯ кардаанд, ки бо Улфатхоним дар чӣ бора суҳбат кардаанд ва дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ навиштанд,»-афзуд як манбаи Радиои Озодӣ.
"Роҳро ба овозаҳо кушоданд"
Коршиносон мегӯянд, фишор ба хабарнигорон барои роҳ надодан ба бозтоби воқеаҳои Бадахшон бар зарари ҷомеа аст.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ мегӯяд, вақте расонаҳо наметавонанд дар бораи таҳаввулоти Бадахшон хабарҳои дақиқ пахш кунанд, роҳ ба нашри хабару овозаҳои дурӯғ боз мешавад. Хабарҳое, ки ба гуфтаи Қаршибоев дар ҷомеа тарсу ҳаросро ба миён оварда, ба вазъи равонии шаҳрвандон зарба мезананд.
“Робита бо Бадахшон мушкил дорад, баъзе аз шаҳрвандон онҷо хешу табор доранд. Аслан ҳодисаи Бадахшон барои мардуми Тоҷикистон бефарқ нест. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос ёфтани ҳаводиси Бадахшон аз як ҷониб барои дастрас кардани маълумот мусоидат кунад, аз ҷониби дигар касе кафолат дода наметавонад ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилооти дақиқу саҳеҳ пахш мешавад. Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳое ҳам фаъоланд, ки ба муташанниҷ шудани вазъ дар Бадахшон манфиатдор ҳастанд. Дар ҳамин шабу рӯз ин чиз ба нафъи давлату миллат нест,” -- афзуд ӯ.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз соли 2012 ба ин тараф чандин бор шоҳиди эътирози сокинон шудааст. Аммо дар гузашта ин мавзуъ аз тарафи расонаҳои маҳаллии кишвар ба таври густарда нишон дода мешуд.
Баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мақомоти тоҷикро барои маҳдудият дар кори хабарнигорон дар вақти инъикоси ҳаводиси Бадахшон танқид карданд. Аз ҷумла, Кумитаи дифоъ аз журналистон дар изҳороти ахираш навишт, хабарнигорони тоҷик барои бозтоб надодани ноамниҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҷанги идомадор дар Украина дастуру ҳушдор гирфта буданд. Ин мавзуъро сафирони Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар як изҳорот таъкид намуданд. Мақомот чунин чизеро тасдиқ намекунанд.