Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе: Дар марз як фармондеҳ сахт маҷруҳ шуд. Бишкек: Вазъ "муташанниҷ" аст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар муноқиша дар марз бо Қирғизистон фармондеҳи як дидбонгоҳи сарҳадӣ захмӣ шуда, вазъаш "аз ҳад вазнин аст". Дар бораи кушта шудани як сарбоз чизе нагуфтаанд. Муноқиша субҳи 14-уми июн сар зад.

Дар ҳоле ки Қирғизистон низомиёни тоҷикро ба шурӯи тирандозӣ муттаҳам кард, вазорат марзбонҳои ҳамсояро ба ҳамлаи ногаҳонӣ "бо яроқи гуруҳӣ ва миномётҳо" ба дидбонгоҳи "Кех" дар ҷамоати Ворух айбдор намуд. Мақомот рафтори марзбонҳои Қирғизистонро "амали таҷовузкоронаи беасос" донистаанд.

Радду бадали тарафҳо

Хадамоти марзбонии Қирғизистон шоми 14-уми июн вазъро дар сарҳад "муташанниҷ" арзёбӣ кард ва бори дигар марзбонҳои тоҷикро ба тирандозӣ муттаҳам кард.

"Тоҷикистон амалҳои иғвоангезонаи хидматчиёни ҳарбии Қирғизистонро маҳкум карда, аз ҷониби Қирғизистон талаб мекунад, то ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда чораҳои бетаъхир андешад," – омадааст дар изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон.

Мақомот, инчунин, ибрози ташвиш кардаанд, ки амалҳои ба қавли онҳо "иғвоангезонаи Қирғизистон" алайҳи Тоҷикистон "хусусияти мунтазам гирифтаанд". "Ин амалҳои ғайриқонунӣ вазъиятро дар сарҳад танҳо мушкил карда, ба нигоҳдории фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии дӯстона мусоидат намекунад," – омадааст дар изҳорот.

Вазорат мегӯяд, дар натиҷаи гуфтушунидҳои фаврӣ, ки бо ташаббуси Душанбе сурат гирифт, "оташбас муяссар гардид", аммо тафсилот надодааст, ки тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд.

Натиҷаи мулоқот

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ду тараф тавофуқ кардаанд, ки хати ҳаракати марзбонҳоро дар минтақаи “Булоқ-Бошӣ” дақиқ карда, нерӯҳои иловагиро ба ҷойҳои доимияшон бармегардонанд.

Раҳбарони дидбонгоҳи “Булоқ-Бошӣ”-и Қирғизистон ва “Кех”-и Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки ҳар рӯз вохӯрда, дар бораи вазъи сарҳад табодули иттилоъ кунанд. Илова бар ин, ҷонибҳо розӣ шудаанд, ки хандақҳои қаблан кофтаи худро пур карда, ба кори деҳқонҳо дар наздикии марз халал нарасонанд.

Ба Маҳмадқулов чӣ шуд?

Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар муноқишаи рӯзи 14-уми июн як сарҳадбони 26-солаи тоҷик кушта шудааст. Вазорати корҳои хориҷӣ кушта шудани сарбозро тасдиқ ё рад накардааст. Манобеи Радиои Озодӣ дар Исфара гуфтанд, марзбони кушташуда Муродбек Маҳмадқулов аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аст. Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар ноҳияи Дӯстӣ гуфтанд, то анҷоми хидмати Маҳмадқулов чаҳор моҳ монда буд.

Се моҳ пеш Зоир Саидумаров, як зодаи дигари ноҳияи Дӯстӣ дар пайи муноқиша дар марзи Исфара ва Бодканд кушта шуд. Сабабҳои марги Саидумарови 27-сола то ҳол эълон нашудааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, дар муноқиша ягон низомии он кишвар кушта нашуданд. Дар бораи захмиён аз тарафи Қирғизистон чизе гуфта намешавад.

Тирандозиҳои пайиҳам

Давоми даҳ рӯзи ахир бори дувум аст, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни сарҳадбонони ду кишвар тирандозӣ сурат мегирад. Рӯзи 3-юми июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни сарҳадбонони тоҷику қирғиз тирандозӣ сар зад ва ба гуфтаи мақомоти Бишкек ду сарҳадбони он кишвар захмӣ шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам дар изҳороте гуфт, тирандозӣ рӯзи 3-юми июн соати 10:40 ба вақти маҳаллӣ ва баъди он рух дод, ки "сарбозони қирғиз барқасдона ба маҳалли назорати посгоҳи марзи “Кех” дар маҳаллаи Ворухи ноҳияи Исфара ворид шуданд".

Тақрибан нисфе аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин сабаб байни сокинони ду тарафи марз барои обу замину чарогоҳ муноқиша сар мезанад.

Моҳи апрели имсол як марзбони тоҷик дар натиҷаи тирандозӣ кушта шуд ва ду марзбони қирғизу чаҳор ғайринизомӣ захм бардоштанд. Моҳи апрели соли 2021 муноқиша бо ширкати марзбонони тоҷику қирғиз аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG