Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо ислоҳ ва илова ба Кодекси ҷиноӣ ҷазо барои озори ҷинсии кӯдакону ноболиғонро сахттар карданд.
Онҳо бовар доранд, аз ин роҳ, метавон ҷиноятҳое ба мисли кӯдакозориро камтар кард, вале коршиносон бар ин назаранд, ки фақат сангинтар кардани ҷазо наметавонад, роҳи ҳалли мушкил шавад.
То ин дам қонун барои озори ҷинсии кӯдакону ноболиғон вобаста ба ҳолати ҷиноят аз 7 то 20 соли зиндон пешбинӣ карда буд. Дар тарҳи нав, ки ҳафтаи гузашта вакилони парлумон пазируфтанд, муҳлати ҷазо то 25 соли зиндон дароз шудааст.
Вакилони Маҷлиси намояндагон мавзӯро шарҳ надоданд. Ҳуқуқшиносони огоҳ аз тарҳи қонун мегӯянд, афроде, ки даст ба озори ҷинсии ноболиғон мезананд, дар баробари зиндонӣ шудан аз ҳуқуқи дигар ҳам маҳрум хоҳанд шуд.
Ҳуқуқшинос Дилшод Ҷӯраев, рӯзи 23-юми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси тарҳи нав маҳкумшудагони озори ҷинсии кӯдакон барои якумр аз кор дар вазифаҳое, ки марбут ба тарбияву таълими хурдсолон аст, маҳрум хоҳанд шуд.
"Яъне пас аз адои ҷазо наметавонанд, фаъолияти омӯзгорӣ кунанд. Ҳамчунин аз кор дар бахшҳои таъминоти тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хизматрасонии иҷтимоӣ, варзиши кӯдакону наврасон, фарҳанг ва санъат бо ширкати ноболиғон маҳрум мегарданд"-афзуд, ӯ.
Солҳои ахир дар Тоҷикистон мавридҳои таҷовузи ҷинсии кӯдакону ноболиғон бештар расонаӣ мешавад. Озори ҷинсии кӯдакон аз мавзуҳои доғест, ки борҳо мавриди нигаронии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолони ҷомеа шудааст.
Сахттар намудани ҷазо барои кӯдакозорӣ пас аз чанд ҳолати пурсару садои таҷовузи ноболиғон ва даъватҳо барои сахтар кардани ҷазо сурат гирифт. Соли гузашта як гурӯҳ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз раиси ҷумҳур ва раҳбарон порлумон талаб кардаанд, ки ҷазоро барои бадахлоқӣ нисбат ба ноболиғон сахттар кунанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар сӯҳбатҳои расмии худ ҳангоми қабули тарҳ ҳадаф аз сахттар кардани ҷазоро пешгирӣ аз озори ҷинсии кӯдакон номиданд. Вале коршиносон бар ин назаранд, ки танҳо муҷозот наметавонад, роҳи ҳалли масъала шавад.
Ҷазои сахт фақат роҳи ҳал нест
Равоншинос Наимҷон Абдурашидов, рӯзи 22-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муҷозоти сахттар гоҳе метавонад, натиҷаи баръакс биёрад ва маҳкумшуда баъди раҳоӣ амали худро идома диҳад.
"Бинобар ин дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ бояд корҳо пурзӯр карда шавад, фаҳмондадиҳии беҳтар ва хислатҳои инсонӣ дар онҳо ташаккул дода шавад, то ҳис кунанд, ки онҳо ҳам хоҳар доранд, модар доранд. Миёни аҳолӣ низ ин гуна корҳо бештар шавад"- гуфт, Наимҷон Абдурашидов.
Ҳомиёни ҳуқуқи кӯдакон бар ин назаранд, ки шеваи муносибати волидон бо кӯдак барои эмин мондани фарзандон аз ҷиноятҳое мисли озори ҷинсӣ бояд дуруст ба роҳ монда шавад.
Гулчеҳра Раҳмонова, раҳбари Бунёди "Ташаббуси ҳуқуқӣ", рӯзи 22-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аксар вақт таҷовузгарон мардон - аъзои оила ё шиносони кӯдак мебошанд ва ин гуна хушунат ҳамеша бо пинҳонкорӣ ҳамроҳ аст.
Ӯ афзуд: "Ин ки хешовандону дӯстон барои қонеъ кардани талаботи шаҳвонии худ аз қудрати худ истифода мекунанд дар кӯдакон ва наврасон эҳсосоти мухталифи норизоятиро ба вуҷуд меорад. Барои пешгирӣ аз истисмори ҷинсии кӯдакон чораи ягона вуҷуд надорад. Аммо усулҳое ҳастанд, ки ба кӯдакон ва наврасон кӯмак мекунад. Ҳама кӯдакон ба меҳрубонӣ ниёз доранд. Аммо аксар вакт калонсолон бе пурсиш ба онҳо даст мезананд, Ҳангоми муошират бо кӯдакон ба онҳо ёд додан лозим аст, ки бадани онҳо арзишманд, беназир аст ва бояд муҳофизат карда шавад.»
Соли 2021 ба Бунёди «Ташаббуси ҳуқуқӣ» вобаста ба озори ҷинсӣ аз тарафи волидайни кӯдакон 9 муроҷиат ворид шудааст. Ба иттилои созмон синну соли ҷабрдидагон аз 5 то 17 - соларо ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон солҳои 2019-2021 дар кишвар 45 мавриди таҷовузи ноболиғон сабт шудааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки бо таваҷҷуҳ ба он ки хонаводаҳо гоҳе ба хотири ҳифзи эътибору шаъну шарафи худ аз муроҷиат дар мавриди озори ҷинсии ноболиғон худдорӣ мекунанд, чунин омор метавонад бештар бошад.