Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 400 ҳазор сомонӣ. Гумонбари пешин ба таҷовуз як сомона ва равоншиносро ба додгоҳ кашид


Тасвир аз бойгонӣ
Тасвир аз бойгонӣ

Як сокини ноҳияи Вахш, ки қаблан ба таҷовузи ноболиғе гумонбар буд, сомонаи “Оила” ва як равоншиносро ба додгоҳ кашида, дар умум 400 ҳазор сомонӣ товон хостааст. Хабарро ҷонибҳо тасдиқ карданд. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ин баҳс баҳои ҳуқуқӣ хоҳад дод.

"Дар бадани кӯдак ҳеч осор наёфтанд"

Зайдулло Давлатёров, вакили мудофеи ҷавон, рӯзи 12-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, сомонаи “Оила” ба пахшу нашри хабари “носанҷида” муттаҳам аст. Вай иддао дорад, ки сомона ҳангоми таҳияи матлаби журналистӣ гуфтаҳои мусоҳибашро таҳқиқ накарда, “ба шаъну обрӯйи зерҳимояаш осеб расондааст”.

“Дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки суханҳои модари ноболиғ ҳақиқат надоранд. Як ниҳод не, тамоми мақомот дар Хатлон ҳодисаро тафтиш карданд. Дар бадани кӯдак ҳеч осори (озори) ҷинсӣ наёфтанд. Мутахассисон хулоса доданд, ки кӯдак дурӯғ мегӯяд. Равоншинос гуфтааст, ноболиғ майли дурӯғ гуфтан надорад,” – афзуд ӯ.

Адвокат афзуд, аз ин рӯ, онҳо аз равоншинос Нафиса Юнусова низ ба ҳайси ҳамҷавобгар 200 ҳазор сомонӣ товон талаб кардаанд.

Даъво ҳақиқат буд ё сохта?

Тобистони соли гузашта як зани 32-сола аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар суҳбати видеоӣ ва бо чеҳраи намоён дар сомонаи “Оила” даъво карда буд, ки писари 10-солааш аз сӯи ҷавоне озори ҷинсӣ дидааст. Муаллифон назари муфаттиши парванда ва равоншиносро низ пурсида буданд, вале назари ҷавони гумонбар набуд.

Масъулони сомонаи “Оила” даъво ва талаби ҷуброни маънавиро тасдиқ карданд, вале ҷузъиёт надоданд. Маҳина Давлатова, муаллифи гузориш, дар суҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҷониби даъвогар дар аризаи худ гуфтааст, гуё ин матлаб саҳнасозӣ аст. Мо то замони суҳбат бо модари ноболиғ ӯро намешинохтем. Ин аллакай як туҳмат аст.”

Муҳокимаи даъвои ҷавон алайҳи сомонаи “Оила” ва равоншинос рӯзи 25-уми апрели имсол дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе баргузор мешавад. Вакил Ҳилола Назарова, ки аз ҳуқуқи равоншинос Нафиса Юнусова ҳимоя мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояаш дар бораи вазъи равонии ноболиғ дар ин матлаб назар додааст, вале ӯ аз ҳеч нафаре ном нагирифтааст.

Парванда боз шуду баста шуд

Вакили дифоъ гуфт, онҳо аз додрас хостанд, хабарнигорон ба мурофиа роҳ дода шаванд ва ҷомеаро аз ҷараёни он огоҳ кунанд: “Мо ҳамчунин аз додрас хостем, даъвогар худаш дар мурофиа ширкат кунад.”

Аммо Зайдулло Давлатёров, вакили мудофеи ҷониби даъвогар, мегӯяд, зерҳимояаш дар ҳоли ҳозир дар Русия муолиҷа мегирад ва, аз ин рӯ, дар мурофиа намояндаи ҳуқуқии ӯ ширкат хоҳад кард.

Шахсе, ки ба озори ҷинсии хонандаи синфи чаҳорум муттаҳам мешуд, 24-сола аст. Ҳувияти ӯ дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, вале бо далелҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ нашр намешаванд.

Додситонии ноҳияи Вахш тобистони соли гузашта дар пайи шикояти модари ноболиғ нисбати ин ҷавон бо моддаи “ҳаракати зӯроваронаи дорои хусусияти шаҳвонӣ" парванда кушода, ҳудуди ду моҳ дар боздошт нигоҳ дошт. Баъдан дар ин ниҳод гуфтанд, санҷиш айбномаро беасос баровард ва биноан парванда қатъ шудааст.

Он замон модари ноболиғ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, додситонӣ бе огоҳии онҳо парвандаро баста, гумонбарро аз ҷавобгарӣ озод кардааст. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, нафаре, ки аллакай парванда нисбаташ қатъ шудааст, ҳақ дорад, ба додгоҳ шикоят барад. Сухани охирро дар баҳси айбдоршавандаи пешина ва акнун даъвогари товони маънавӣ додгоҳ хоҳад гуфт.

XS
SM
MD
LG