Додгоҳе дар Қирғизистон рӯзи 11-уми декабр гумонбарони таҷовуз ба номуси духтари сездаҳсоларо "бегуноҳ" эълон кард. Танҳо яке аз гумонбарон ҷазои сабук гирифт. Наздикони духтар гуфтанд, се марди калонсол беш аз ним сол ӯро таҷовуз карда, ба навор гирифтаанд ва тарсондаанд, ки видеоро ба ҳамсинфонаш нишон хоҳанд дод.
Падари Элнура мегӯяд: "Аслан фикр намекардам, ки сарнавишти духтарам чунин хоҳад шуд ва ояндаи ӯро барбод медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки адолат вуҷуд надорад. Ман ба қонун бовар надорам. Духтарам мегӯяд, ки мехоҳад бимирад. Ҳоло танҳо модараш бо ӯ суҳбат мекунад."
АЗ КУҶО ШУРУЪ ШУД?
Духтар дар марказе барои кумак ба шахсони хушунатдида зиндагӣ дорад. Пизишкону равоншиносон бо ӯ кор мебаранд, аммо то ҳанӯз натавонистаанд ба зиндагии маъмулӣ баргардонанд. Элнура, ки аз яке аз гумонбарон ҳомила шуда буд, исқоти ҳамл кард.
Ҳодиса як сол пеш рух дод. Он вақт Элнура дар синфи 7-ум мехонд ва ҳамроҳ бо бобояш дар деҳа зиндагӣ мекард. Волидони ӯ дар кӯҳу дашт ба чарондани рама машғул буданд. Онҳо аз Исиқкӯл ҳастанд.
Модари Элнура мегӯяд, "як сол пеш, 28-уми ноябр, духтарам аз дарс омада, ба берун баромад ва дигар барнагашт. Мо дар ташвиш шудем ва ба ҳама занг задем. Ҳамаи ҳамсинфонашро пурсидем. Ҳамин тавр, шаб рӯз шуд ва аз ӯ дарак набуд."
Ба бовари наздикони духтар, он шаб Ҳурмат, як ҳамдеҳаи 45-солаашон Элнураро “таҷовуз кард”. Вай духтарро бо роҳи фиреб ба Бишкек бурдааст.
"Ӯ НАМЕТАВОНИСТ ЧУНИН КОРЕ КУНАД, ЧУН НАМОЗ МЕХОНАД”
Баъдан волидони Элнура фаҳмиданд, ки то ин вақт ба ҷуз Ҳурмат ду нафари дигар ҳам духтарашонро таҷовуз кардааст. Нафари аввал, Жолдошбек, як масъули бо гармӣ таъмин кардани мактаб буда, дувумӣ ҳам дар ҳамин мактабе кор мекардааст, ки Элнура ва садҳо духтари дигар он ҷо таҳсил мекунанд.
Бори аввал ӯ моҳи майи соли гузашта вақте ба ҳоҷатхонаи мактаб рафт, мавриди таҷовуз қарор гирифтааст. Дар деҳа маъмулан ҳоҷатхона дар берун ҷойгир аст.
Чанде пеш додгоҳе дар Қирғизистон, Жолдошбекро бегуноҳ эълон кард ва озод намуд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ ҳоло барои табобат ба ҷойи дигар рафтааст. Пайвандони ин масъули таъминкунандаи мактаб бо гармӣ, ба хабарнигорон гуфтанд, ки Жолдошбек бегуноҳ аст ва Элнура худаш зиндагии бенизом дошт.
Қубоничбек-қизи Бубусара, ҳамсари Жолдошбек, мегӯяд, “Ман ба ин бовар надорам. Ӯ наметавонист чунин коре бикунад, зеро панҷ вақт намоз мехонад.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
ПЕШНИҲОДИ ПУЛ -- ДАР ИВАЗИ СУКУТ
Ба суоли он ки оё онҳо ба хонаводаи духтар маблағ пешниҳод кардаанд, посухи рад доданд. Вале волидони Элнура иддао доранд, ки наздикони айбдоршаванда, чанд бор ба хонаи онҳо омада, талош карданд бо пул масъаларо “ҳал кунанд”.
Волидони Элнура пулро нагирифтаанд. Ба гуфтаи онҳо, пайвандони айбдоршавандаҳои дигар ҳам пул пешниҳод карда, хоҳиш кардаанд, ки аз рӯйи қарори додгоҳи ноҳиявӣ шикоят набаранд. Ин додгоҳ дар мурофиаи дувум, яке аз гумонбаронро озод кард. Дар навор дида мешавад, ки додгустар Собир Соодонбекорро дар ҷараёни мурофиа чанд бор хоб бурд.
Айбдоршавандаи сеюм, Сагинбек-улу Эрҷонро, ки низ дар мактаб мардикорӣ мекардааст, рӯзи 11-уми декабр озод карданд. Волидони Элнура иддао доранд, ки ӯ духтарро ба бинои кӯҳнаи мактаб бурда, таҷовуз кардааст. Ӯ ҳамчунин тамоми ин ҳолатро ба навор гирифта, Элнураро тарсондааст, ки онро ба ҳамсинфонаш нишон медиҳад.
ЯК НАФАР ҶАЗО ГИРИФТ
Дар ниҳоят, танҳо Ҳурмати 45-сола, ки духтари ноболиғро бо роҳи фиреб ба Бишкек бурда буд, ҷазо гирифт. Додситон ба ӯ 20 сол зиндонро талаб кард, аммо додгустар, ин моддаро ба ҷазои нисбатан сабук тағйир дод. Ҳурмат 7 солу шаш моҳ ҳукми зиндон гирифт.
Айнура Ҳасанова, вакили дифои Элнура мегӯяд: “Бо вуҷуди он ки ташхиси биологӣ содир шудани ҷинояти таҷовузро исбот кард, дар парванда ин ҳолат чун ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта омадааст.”
“ГУФТААСТ, ДУХТАРРО МЕШАВАД БО ТУҲФА БА ДОМ АФТОНД”
Вакили мудофеи Элнура мегӯяд, додситонҳо то охир талош карданд, то гумонбарон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳам мегӯянд, гуноҳи гумонбарон исбот шудааст.
Стлабек Усубакунов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон гуфт: "Мо тамоми далелҳоро ҷамъоварӣ карда, парвандаро бо моддаи таҷовузи ноболиғ ба додгоҳ фиристодем. Онҳо медонистанд, ки духтар ноболиғ аст ва дар мактаб мехонад. Гумонбари аввале, ки ӯро таҷовуз кардааст, ба дигарон гуфтааст, ки мешавад духтарро бо туҳфа ва тарс ба доми худ афтонд."
Қисме аз муҳлати ҷазои худро Ҳурмат аллакай дар зиндон сипарӣ кард. Айбдоршавандаҳои дигар дар озодӣ ҳастанд. Падар Элнура бознишаста ва маъюби гурӯҳи дувум аст. Ӯ талошашро барои муҷозоти таҷовузгарони духтараш идома медиҳад. Вай вакили мудофеъ гирифтааст ва умед дорад, дар пойтахт додгустарҳо қарори одилона қабул хоҳанд кард.