Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18-солӣ. Ҳукми ду узви "Комиссияи 44" аз Бадахшон паси дарҳои баста. ВИДЕО


Акси Хуҷамрӣ Пирназаров ва Шафтолу Бекдавлатов
Акси Хуҷамрӣ Пирназаров ва Шафтолу Бекдавлатов

Додгоҳи шаҳри Душанбе ду узви "Комиссияи 44", созмони иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшонро ба 18-солии зиндон маҳкум кардааст. Ҳукм рӯзи 29-уми июн паси дарҳои баста эълон шуд.

Масъулони Додгоҳу Додситонии пойтахт парванда ва ҳукми Хуҷамрӣ Пирназаров, сухангӯйи "Комиссияи 44" ва узви дигари он Шафтолу Бекдавлатовро шарҳ надоданд.

Як узви ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ рӯзи 30-юми июн аз Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, "онҳо ба ташкили гирдиҳамоии беиҷоза гунаҳкор шуданд". Вале маълум нест, ки дар парвандаашон танҳо ин нукта зикр шудааст ё иттиҳомҳои дигар будааст.

"Додситон дар аввали ҳафта нисбати ҳарду 20-солии зиндон талаб карда буд," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ду узви Комиссияи 44-ро ба зиндон андохтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Шахсони наздик ба Хуҷамрӣ Пирназаров ва Шафтолу Бекдавлатов мегӯянд, онҳо вакили мудофеъ надоштанд, аммо ҳуқуқдон Фаромуз Иргашов, ки низ дар боздошт аст, дар мурофиа ба ҳимояташон гап задааст.

Онҳо гуфтанд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва дар даҳ рӯзи оянда бозбинияшро дархост хоҳанд кард.

"Комиссияи 44" дар пайи эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар маркази вилояти Бадахшон ташкил шуд. Ба он асосан фаъолон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ дохил буданд.

Шаш узви "Комиссияи 44" шомили гуруҳе буданд, ки аз муфаттишони Додситонии кул ва Додситонии ҳарбии Тоҷикистон таркиб ёфта, ҳодисаҳои моҳи ноябри соли гузаштаро дар Хоруғ таҳқиқ мекард.

Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта, баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Аъзои "Комиссияи 44" дар ин ҳодиса музокиракунандаи асосӣ бо мақомот буданд. Бо миёнравии онҳо ба эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ хотима дода шуд, аммо баъдан аз тарзи кори муфаттишон ва шеваи таҳқиқи ҳодисаҳо ибрози норозигӣ карданд.

Тақрибан даҳ узви созмонро охири моҳи майи имсол, дар пайи амалиёти мақомот, дар Хоруғ дастгир карда, барои муҳокимаи парвандаашон ба Душанбе оварданд. Он замон манобеъ гуфта буданд, онҳо ба гирифтани пул аз хориҷа ва бахусус аз намояндагони мухолифони ҳукумат дар Аврупо гумонбаранд. Ҳоло маълум нест, ин мавзуъ дар парвандаи Хуҷамрӣ Пирназаров ва Шафтолу Бекдавлатов зикр шудааст ё не.

Ба сабаби онки мақомот ба мурофиаҳо пайвандони гумонбарон ва хабарнигорони мустақилро роҳ намедиҳанд, гирифтани тафсилот мушкил аст.

Дар ҷараёни амалиёти мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки моҳи майи имсол баргузор шуд, ба иттилои расмӣ, 16 кас кушта ва 220 нафар дастгир шудаанд. Манобеи ғайрирасмӣ шумораи қурбониёнро тақрибан чиҳил нафар мегӯянд.

XS
SM
MD
LG