Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Холов дар Русия "гум", дар Тоҷикистон "ёфт" шуд


Эмомалӣ Холов
Эмомалӣ Холов

Як ҳамкори пешини Иззат Амон, ки ба иддаои наздиконаш моҳе пеш дар вилояти Курски Русия “нопадид” шуда буд, аз боздоштгоҳе дар Душанбе аз худ дарак додааст. Эмомалӣ Холови 30-сола чанд сол боз дар Русия кору зиндагӣ дошт. Чӣ гуна аз Русия ба Тоҷикистон овардани ӯ ба мо маълум нест. Мақомот шарҳ намедиҳанд, ҳарчанд ба наздиконаш гуфтаанд, ки парвандаи ӯро таҳқиқ доранд.

Холов пас аз тақрибан як моҳи нопадидшавӣ ба пайвандонаш паём фиристодааст, ки дар боздоштгоҳе дар Душанбе аст. Ӯро моҳи майи имсол дар вилояти Курски Русия ва бо дархости ҷониби Тоҷикистон дастгир карда буданд. Пайвандонаш дар оғози моҳи июл хабар доданд, ки ӯ дар боздоштгоҳи Курск бедарак шудааст.

Дилором Боймуҳаммедова, ҳамсари Эмомалӣ Холов, рӯзи 29-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш дар паёме ба онҳо расондааст, ки ӯро аз Русия ба Тоҷикистон оварданд, аммо нагуфтааст чӣ гуна.

“Як нафар аз Боздоштгоҳи Душанбе озод шуд ва хабари шавҳарамро расонд. Вагарна не дар Тоҷикистон ва не дар Русия касе намегуфт, ки ӯ дар куҷост. Кӯшиш дорем, ки ба ӯ вакили мудофеъ киро кунем. Адвокатҳо бо шинос шудани санадҳояш, аз ҳимоят даст мекашанд,” – гуфт хонум Боймуҳаммедова.

Ҳамсараш афзуд, Эмомалӣ Холов ба “даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани тундгароӣ бо истифода аз расонаҳо ё интернет” муттаҳам аст. Ба нақли ӯ, муфаттишони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таҳқиқи парванда оғоз кардаанд, аммо мақомот ҷузъиёт намедиҳанд.

Эмомалӣ Холовро маъмурони пулиси Русия 26-уми майи имсол дар истгоҳи мусофирбарҳо дар ноҳияи Горшеченскийи вилояти Курск дастгир карданд.

Дар номаи Шуъбаи корҳои дохилии Горшеченский ба додситонии ҳамин ноҳия гуфта буданд, "Эмомалӣ Холов бар асоси муроҷиати сардори ШКД-и Данғара Ҳафиззода П.Х. аз 3-юми марти соли 2021 дар пайгард аст".

Эмомалӣ Холови 30-сола зодаи ноҳияи Данғара буда, чанд сол боз дар Русия кору зиндагӣ дошт. Ӯ дар "Маркази тоҷикон"-и зери раҳбарии Иззат Амон ихтиёрӣ ё ризокор буд ва дар аҳди пандемияи коронавирус ба муҳоҷирони дармонда мадад кардааст.

Иззат Амон, раиси созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, рӯзи 25-уми марти соли 2021 аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз қаламрави ин кишвар ронда шуд.

Аз замони боздошт ва ҳабси Иззат Амон то ин дам "Маркази тоҷикон"-и зери раҳбарии ӯ баста ва чанде аз ҳамкоронаш дар Русия мавриди таъқибу таҳдид қарор гирифтаанд. Бахтовар Ҷумъаев, Сӯҳроби Ҷаҳон ва Ҳусейн Ишанқулов аз афзоиши фишор ба худу наздиконашон дар дохили кишвар шикоят карда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG