Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳар аз Афғонистон гурехт ва дар Тоҷикистон мактаб хонд. ВИДЕО


Пас аз ғасби Афғонистон аз ҷониби Толибон Саҳар ба Тоҷикистон гурехт.
Пас аз ғасби Афғонистон аз ҷониби Толибон Саҳар ба Тоҷикистон гурехт.

Гурӯҳе аз наврасони афғонистонӣ хатми таҳсилашон дар мактаби миёна дар Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд.

Саҳар Ғафурӣ, ки як сол пеш, замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварда буд, рӯзи 8-уми август дар як маросими вижа, ки бо ибтикори Сафорати Афғонистон дар Душанбе баргузор шуд, хатми таҳсилро ҷашн гирифт. Дар ҳоле, ки ҳамсолони Саҳар дар Афғонистон ҳаққи таҳсилро надоранд, ӯ хушҳол аст, ки тавонист соҳиби хатту савод шавад. Ӯ мегӯяд, эҳтимол бо даст додани имкон ба кишвари сеюм биравад, вале ҳарҷо ки бошад талошашро барои таҳсил идома медиҳад.

“Ҳам хушҳол ҳастам, ки таҳсили худро пеш мебарам ва ҳам бисёр ғамгин ҳастам, ки ҳамсинҳои худам наметавонанд, дар Афғонистон дарс бихонанд ва дар ояндаи худ як чизе шаванд ва зиёд аз ин хафа шудам, ки Толибон чаро набояд духтарҳоро иҷоза диҳанд, ки дар макотиб дарс бихонанд”, -гуфт ӯ.

Толибон баъди расидан ба қудрат ҳукумати худро эълон ва кори занону таҳсили духтарони аз синфи шаш болоро манъ карданд. Афғонистониёни муқими Тоҷикистон Толибонро барои манъи таҳсили духтарон танқид ва маҳкум мекунанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Хатми соли хониш дар мактаби паноҳандагон аз Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Бунёди “Аҳмадшоҳ Масъуд”, ки барои пуштибонӣ аз таҳсили ҷавонон роҳандозӣ шудааст, имсол бори аввал дар Тоҷикистон ба Саҳар ва даҳҳо хонандаи афғонистонӣ, ки синфи 12-ро хатм карданд, сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ тақдим кард. Онҳое ки талошашон барои идомаи таҳсил қадрдонӣ шуд, аз ин хушҳол буданд. Паноҳандагони афғон ин тасмими Бунёди “Аҳмадшоҳ Масъуд”-ро “эҳсоси як ҳамватан дар муқобили ҳамватани дигар” унвон карданд.

Ориён Шаҳҳоб, хатмкунандаи мактаби афғонии “Сомониён”, гуфт, “ин ҳам дар тақдири мо буд, ки бароямон тақдим шуд. Ман ҳам тасмим гирифтам, ки риштаи дилхоҳамро, бихонам ва дар оянда як мутахассиси хуб шавам.”

Бунёди “Аҳмадшоҳ Масъуд” 20 сол пеш таъсис ёфта дар саросари ҷаҳон фаъолият мекунад. Ҳадафи ин бунёд дастгирии бахшҳои фарҳангу маориф гуфта мешавад. Ҳоло раҳбарии ин бунёдро бародари Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон, бар душ дорад. Ӯ мегӯяд, “мо дар Афғонистону мактабу китобхонаҳо бунёд кардем. Дар бахши фарҳангӣ мо маҷаллаву рузнома доштем. Аммо ҳоло Толибон бо номи Масъуд, бо доноиву биноӣ ва илму дониш душманӣ доранд. Тамоми талоши онҳо ин аст, ки арзишҳои фарҳангиву инсониро аз байн баранд.”

Паноҳандагони афғон мегӯянд, аз пазироии ҷониби Тоҷикистон, ки барои онҳо заминаи зиндагияшонро фароҳам кардааст, миннатдоранд, зеро барои фарзандонашон имкон дода шудааст, ки таҳсил кунанд. Ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон 15 ҳазор паноҳандаи афғонистониро пазируфтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG