“Хурдтаракони азиз, имшаб ман ба шумо “Панҷ шарти офтобпараст” ном афсонаи Ботур Файзиевро хонда медиҳам. Буд набуд....... “.
Бо чунин афсонаҳо чанд насл кӯдакони тоҷикро алла мегуфтанд. Ин афсонаҳо аз тариқи Радиои Тоҷикистон садо медод ки “Холаи афсонагуй” шабҳо барои хурдтаракон афсона мехонд. Ҳалима Насибулина - ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, коргардон ва наттоқи радио 19 сол пеш даргузашт, вале аз худ хазинаи тилоиро ба наслҳои баъдӣ мерос гузошт.
Насибулина фаъолияташро аз театр шурӯъ карда, вале баъдан тамоми умрашро ба радио бахшид. Дар аввал ба ҳайси “Холаи афсонагуй” барои шунавандагон машҳур шуд. Ӯ аз ҳунармандоне дониста мешавад, ки тавонистааст, хазинаи тилоии Радиои Тоҷикистонро нигаҳ дорад.
Обидҷон Саидзода раҳбари Радиои Тоҷикистон ва муаллифи китоби “Умре бо радио”, ки паҳлӯҳои фаъолияти "холаи афсонагуй"-ро пажуҳиш кардааст, аз ӯ як инсони сарсупурдаи кори худ ном мебарад. Саидзода дар як суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “Ҳалима Насибулина ҳанӯз чанд даҳсола пеш барои ҳар як гуфтор шиноснома навиштааст. Масалан, “Театр дар назди микрофон”-и "Сӯзании шоҳӣ" дар кадом театр сабт шудааст, кадом сол аст, басаҳнагузоранда кӣ аст, барои радио кӣ омода кардааст, нақшҳоро кӣ бозидааст. Ҳамаи ҳамин меҳанту заҳмати ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Насибулина аст” .
Ҳоло дар барномаҳои мусиқиву адабии радиои Тоҷикистон маҳз аз ҳамин хазинаҳо истифода мешавад, ки Насибулина то замони марг онҳоро ҷамъоварӣ кардааст. Ӯ феҳристи лентаҳои сабти радиоиро таҳия ва барои истифодаи он барои солҳои баъдӣ машварат додааст. Ин талошҳои даҳсолаҳо пеши Насибулина имруз кори журналистони барномаҳои радиоиро осон мекунад. Ин, ба гуфтаи Обидҷон Саидзода, шоҳкории Насибулина аст. Яке аз розҳои комёбии Насибулина дар он будааст, ки солҳои кори ӯ одамон дар минтақаҳои дурдаст ба тамошои телевизион ва саривақт пайдо кардани рӯзномаву ҳафтаномаҳо дастрасӣ надоштанд.
Онҳое, ки бо Ҳалима Насибулина ҳамкор буданд, таъкид мекунанд, ки ӯ ба ҳар як коре, ки мекард, дилаш месӯхт. Гуфторҳои адабиро дар Радиои Тоҷикистон маҳз Насибулина роҳандозӣ кард, ки машҳуртарини онҳо “Театр дар назди микрофон” буд. Маҳз Ҳалима Насибулина метавонист журналистони ҷавонро, ки мехостанд барои кор ба радио биёянд, интихоб кунад. Ӯ метавонист, садоро бишиносад ва дар кашфи наттоқони ҷавон саҳми бориз гузоштааст.
Шаҳобиддини Ҳақназар, адиб ва рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, “аз ҳама аҷиб ин буд, ки Ҳалима Насибулина ҳар як инсонро мешинохт, ки ӯ чӣ хислат дорад. Аз ҷумла ҳунармандонро. Ӯ медонист садои кӣ ба радио созгор аст”.
Ҳалима Насибулина дар чанд сатм фаъолият кардааст. Онҳое, ки кору зиндагии ӯро омӯхтаанд, аз вай ба ҳайси як ҳунарманди нотакрори театр ном мебаранд ва мегӯянд, дар офаридани нақш ва таҳияи намоишномаҳо ҳамто надошт. Ҳалима Насибулина барои боқӣ мондани гуфторҳои пурарзиш дар чанд даҳсолаи баъдӣ заҳмати сангин кашидааст.
Ҳатто солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки метавонист ин хазина ба яғмо равад, онро ҳифз кард. Аз ӯ ба унвони коргардони барномаи “Хоки Ватан” низ дар солҳои бесарусмонӣ ёд мешавад, ки он замон бознишаста буд. Ҳарчанд худи Ҳалима Насибулина хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистонро ҷамъоварӣ ва ҳифз кардааст, дар бораи зиндагии хонаводагии ӯ маълумоти зиёде дастрас нест. Онҳое, ки кору зиндагии ӯро омӯхтанд, мегӯянд ӯ тамоми хазинаи шахси худро ба бойгонии давлат супоридааст, то ки ӯро фаромӯш накунанд.
Гуфтугӯ