Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Суннатулло Давлатзодаро ба Тоҷикистон надод. ВИДЕО


Додситонии шаҳри Владикавказ, пойтахти Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ Суннатулло Давлатзода, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба сабаби далелҳои нокофии мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди ӯ аз боздошт раҳо кард. Додситонии ноҳияи Затеречнии шаҳри Владикавказ рӯзи 23-юми август дар қарори худ, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, навиштааст, далелҳое, ки мақомоти Тоҷикистон дар дархости истирдод ба Русия фиристодаанд, кофӣ нест, барои ҳамин бояд Суннатулло Давлатзода аз боздошт раҳо шудааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 18-уми маи имсол Суннатулло Давлатзодаро ба узвият дар Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва тарғиби ақидаҳои он дар Интернет парванда боз карда ва дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст. Нусхаи ин санад дастраси Радиои Озодӣ аст. Дар он зикр шудааст, ки Суннатулло Давлатзода дар шабакаҳои интернетӣ барои таблиғи ҲНИТ наворҳо ва навиштаҳо ба нашр мерасонад ва дар нисбати ӯ бо моддаи 307, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ" парванда боз карда шуда.

Додгоҳи шаҳри Кулоб низ дар нисбати ӯ парванда боз намуда ӯро дар пайгард қарор додааст. Ӯро бо назардошти ҳамин дархост моҳи август дар Русия боздошт кардаанд. Баъди шикояти Давлатзода, Додситонии ноҳияи Первомайскии шаҳри Оренбурги Русия дар қароре, ки нусхаи он низ дастраси Радиои Озодӣ шуд, навиштааст, азбаски мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ҳамкории Давлатзода бо Ҳизби наҳзат санаду далели дақиқ ирсол надоштанд ва фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави Русия мамнуъ нест, Суннатулло Давлатзода бояд аз боздоштгоҳи мувақатӣ озод карда шавад ва ба Тоҷикистон ҳам фиристода нашавад.

Русия Суннатуллоро ба Тоҷикистон надод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00


Тавре худи Давлатзода рӯзи 25-уми август дар суҳбати видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба Ҳизби Наҳзати исломӣ ҳеҷ робита надорад ва ин парвандае, ки дар Тоҷикистон зидди ӯ боз шудааст, беасос аст. Масъулони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар хориҷи Тоҷикистон узвият ва ҳамкории Сунатулло Давлатзода бо ҳизбро рад карданд. Суннатулло мегӯяд, ҷинояте содир накардааст, вале ба сабаби талабҳои беасоси мақомоти Тоҷикистон дар Русия ба дарди сари зиёде гирифтор шудааст.

Ҳоло Суннатулло Давлатзода дар озодӣ аст ва ба хотири амнияти ҳамсару ду фарзандаш, ҷойи иқоматашро нагуфт.

Ӯ афзуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ назарҳояшро дар бораи ҳодисаҳо менависад, ки ҷиноят нест. Аз ҷумла, дар бораи боздошти журналист ва блогерҳои мисли Далери Эмомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ, ки ҳанӯз ҳам дар боздошт ҳастанд ва дар бораи сарнавишти онҳо хабаре ҳам нашр намешавад. Бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия боздошт шудани Суннатулло Давлатзода ҳодисаи нав нест.

Бо чунин дархостҳо чандин шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия боздошт ва ба Душанбе истирдод шуда ва ҷазоҳои сахте гирифтаанд. Фаъолони ҳуқуқи башар се сол пеш гуфта буданд, ки дар солҳои 2005-2018 дар хориҷа, бахусус Русия, 15 шаҳрванди Тоҷикистон рабудаву боздошт ва ё нопадид шудаанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, ки Тоҷикистон мухолифонашро дар хориҷа ҳам таъқиб мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG