Мухолифи зиндонии рус Алексей Навалний, ки дар маҳбаси Владимир нигаҳдорӣ мешавад, гуфт, дубора ба утоқи ҷаримавӣ интиқол дода шудааст.
"Шумо механдед, вале ман боз дар "ШИЗО" (утоқи ҷаримавӣ дар зиндон) ҳастам. Шоми якшанбе маро аз инҷо берун бурданд ва нисфирӯзии душанбе боз баргардонданд. Вале дар ниҳоят фаҳмидам, ки чаро ман зиндонӣ шудам”,- гуфта шудааст дар хабаре, ки аз номи Навалний рузи сешанбе нашр шуд.
Ба гуфтаи Навалний, иттифоқи касабаи маҳбусон, ки ӯ таъсис дод, хашми зиёдеро ба вуҷуд овардааст. "Аммо ғазаби Кремл аз кори мо дар робита ба таҳияи рӯйхати "6000-нафарӣ"-и олигархҳои фасодкору барангезандаи ҷанг аст, ки бояд зиддашон таҳрим эълом шавад", - илова кардааст ӯ.
Навалний 24-уми август низ ба утоқи ҷаримавӣ интиқол ёфта буд. Вайро баъди нашри хабари таъсиси иттифоқи касабаи маҳбусон, ки дар зиндонҳо фаъолият мекунад, муҷозот карданд.
Алексей Навалний, мунтақиди сарсахти раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, соли 2021 дар Маскав, пас аз бозгашташ аз Олмон, ки дар он ҷо аз заҳролудшавӣ муолиҷа мегирифт, боздошт ва сипас ба зиндон маҳкум карда шуд. Вай Путинро ба суиқасд ба ҷонаш муттаҳам кард. Кремл ин иддаоро борҳо рад намудааст.
Мақомоти Русия соли 2021 сохтор ва тарҳҳои марбут ба сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалнийро тундгаро эълон карданд. Додгоҳ рӯзи 23-юми марти имсол ӯро ба гуноҳи қаллобӣ ва таҳқири додрас ба 9 сол ҳабс маҳкум кард.