Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Омӯзгор намерасад", "донишҷӯ нест" ва "либос – гарон". 1 сентябр дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Рӯзи 1-уми сентябр соли нави таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон шуруъ шуд. Имсол беш аз 272 ҳазор бори аввал ба мактаб рафтанд. Дар рӯзи аввали таҳсил мақомот аз нарасидани омӯзгорон дар мактабҳо нигаронӣ карданду донишгоҳҳо аз камбуди донишҷӯён. Волидон гуфтанд, омода кардани фарзандон ба мактаб имсол барояшон мушкил омад.

"Маҷбурем, ки бихарем"

Кӯчаҳои шаҳри Душанбе ва аксар ноҳияҳои кишвар рӯзи панҷшанбе фазои мактабӣ доштанд. Кӯдакону наврасон дар даст гул ба сӯи дабистон мешитофтанд. Наврасоне мисли Комрон Мирзоев мегӯянд, "дарсҳои мактабро пазмон шуданд".

Оғози таҳсил барои наврасон хурсандиовар, вале барои волидонашон осон набуд. Бахусус сокинон аз гаронии нархи либоси мактабӣ шикоят доранд. Мунира Ғафурова, сокини Душанбе, ду фарзанди мактабхон дорад ва мегӯяд, барои сарулибоси онҳо 3 ҳазор сомонӣ харҷ кард, ки барои оилаи ӯ маблағи кам нест.

"Дар Тоҷикистон беҳад душвор аст, аммо чӣ кор кунем? Як талаба мехарад, бачаҳои мо ҳам мегӯянд, ки харед. Маҷбурем, ки бихарем. Баъзан қарз мекунӣ," -- шиква мекунад Ғафурова.

Видеоро инҷо бинед:

Дар Тоҷикистон соли нави хониш оғоз ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Нарасидани омӯзгоронро чӣ хел ҳал мекунанд?

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми сентябр ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи тиббӣ, нарасидани омӯзгоронро яке аз “масъалаҳои ҳалталаби” бахши маориф гуфт. Президент гуфт, дар муассисаҳои таълимии кишвар феълан 3406 омӯзгор намерасад ва аз Вазорати маориф хост, масъаларо "ҳаллу фасл намояд", аммо нагуфт, ки чӣ гуна.

Камбуди омӯзгорон ва рафтани онҳо аз соҳа чанд сол аст, ки баҳс мешавад. Ба иттилои расмӣ, соли гузашта танҳо аз вилояти Хатлон беш аз ду ҳазор омӯзгор ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд.

Як омори наве, ки рӯзи 1-уми сентябр аз забони раиси ҷумҳур садо дод, зоҳиран баёнгари тарки соҳа кардани баъзе омӯзгорон аст. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳоло беш аз 72 дарсади омӯзгорон занон ҳастанд.

Тибқи омори расмӣ, танҳо имсол риштаҳои омӯзгории донишгоҳ ва коллеҷҳои кишварро беш аз 7 ҳазор нафар хатм карданд, аммо дар мактабҳои кишвар қариб 3,5 ҳазор муаллим намерасад. Баъзе омӯзгорон мегӯянд, ба хотири маоши кам маҷбуранд, ки касбашонро тарк карда ба муҳоҷират раванд.

Камбуди донишҷӯён натиҷаи чист?

Нарасидани омӯзгор агар мушкили асосии мактабҳост, донишгоҳу коллеҷҳо баръакс ба камбуди донишҷӯ рӯбарӯ ҳастанд. Ин мушкил ду сол аст, ки давом дорад ва имсол аёнтар шуд. Аз 95 ҳазор нақшаи қабули мактабҳои олӣ, танҳо 60 ҳазор донишҷӯ қабул шудааст. Бархеҳо инро натиҷаи қабул шудани қонуни нави даъват ба артиш медонанд. Қонуни нав имтиёзи донишҷӯёнеро, ки кафедраҳои ҳарбӣ хондаанд, бекор кард. Бархе омӯзгорон омили дигарро пеш меоранд.

Холиқназар Азимов, муовини мудири Коллеҷи техникии Душанбе, мегӯяд, агар мутахассисон баъди хатм ҷойи кори хуб пайдо кунанд, таваҷҷуҳи довталабон ба ҳамон ихтисос зиёд мешавад.

"Дар самти ҳуқуқшисонӣ, масалан, гузарондани таҷриба кам ба назар мерасад. Хатмкунандаҳои мо роҳи осонтарро мекобанд. Самти техникаву технология роҳи дурудароз аст, аз ин рӯ, ҷавонони мо кам таваҷҷуҳ мекунанд," -- мегӯяд ин омӯзгор.

Навор аз Ховалинг:

Соҳибкоре дар деҳаи дурдасти Ховалинг мактаб сохт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Раиси ҷумҳур рӯзи 1-уми сентябр зимни ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи тиббӣ аз сатҳи таълим дар донишгоҳҳои кишвар норозигӣ кард ва гуфт, он ба навоварӣ ниёз дорад. Соли гузашта ҳам президент ин бахшро танқид карда буд ва бархеҳо мегӯянд, вазъ чандон тағйир наёфтааст.

Соли таҳсил дар Тоҷикистон 1-уми сентятбр оғоз шуда, то нимаи аввали моҳи июн давом мекунад. Мақомот ҳамеша аз ҷудо шудани қариб 20 дарсади буҷаи кишвар ба соҳаи маориф тавсиф мекунанд, вале мунтақидон мегӯянд, омӯзгорон то ҳоло маоши паст мегиранд ва соҳа ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG