Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости як Кумитаи Сенат аз Тоҷикистон дар бораи хабарнигорони Озодӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, омилони озору азияти хабарнигорони Радиои Озодиро дар кишвар ба ҷавобгарӣ кашанд.

Ин кумита рӯзи 2-юми сентябр дар Твиттер навишт, ки "тарс додан ва ҳамла алайҳи хабарнигорон аслан қобили қабул нест."

"Тоҷикистон бояд ба кормандони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ иҷоза диҳад, ки рисолати касбии худро барои озодона расондани воқеият иҷро кунанд," – омадааст дар изҳороти Кумитаи равобити хориҷии Сенат.

Пас аз нооромиҳои моҳи майи имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мавридҳои тарс додану таъқиби журналистони Радиои Озодӣ ва аъзои оилаи онҳо аз гузашта бештар шудааст.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми майи имсол, баъди суҳбат бо рӯзноманигору фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева, ки дертар ба гумони даст доштан дар эътирозҳо дар ВМКБ боздошт шуд, латукӯб шуда, ҷиҳози кориашон мусодира гардид.

Шоми 28-уми май марди ношиносе дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт ба хабарнигори Радиои Озодӣ, Муллораҷаб Юсуфӣ, таҳдид кард, ки агар аризаро бозпас нагирад, бояд дар бораи саломатии аъзои хонаводааш фикр кунад.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ низ рӯзи 31-уми август дар номае ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “аз мавҷи нави озору азият ва талошҳо барои монеагузорӣ ба кори хабарнигорони Радиои Озодӣ” эътироз баён кард.

Вокуниши раисиҷумҳури Тоҷикистон ё дастгоҳи ӯ ба ин номаи Флай алҳол дастрас нашудааст, вале дар гузашта онҳо изҳор доштаанд, ки фазои кор барои расонаҳои ахбори ом дар Тоҷикистон боз ва озод аст.

Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, ки дар Душанбе дафтари корӣ дорад, яке аз сарчашмаҳои камшумори ахбори дақиқ дар Тоҷикистон аст.

Ин расонаи мустақил бо гузоришгарӣ дар бораи мавзуъҳое, ки расонаҳои давлатӣ аз бозтоби онҳо чашм мепӯшанд, тавонистааст шумори азиме аз мухотабонро ба худ ҷазб кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG