Дар як гӯшаи Панҷакент наққош ё нигоргаре ҳаст, ки на бо қалам, балки бо пояҳои ҷаву гандум табиат ва одамонро тасвир мекунад. Зиёвиддин Мирзоев худро аз нахустин рассомоне медонад, ки дар Тоҷикистон ба ин навъи ҳунар рӯ оварда, вале ҳанӯз фоидае нагирифтааст. Баъзе аз ҳунармандон мегӯянд, чунин наққошӣ дар кишварҳои дигар роиҷ аст.
Зиёвиддин Мирзоев, машҳур ба тахаллуси Зиёвиддини Нақшбанд, ҳоло “Ҳафт Хони Рустами Достон”-ро аз рӯйи “Шоҳнома” ба риштаи тасвир мекашад. Ин корро тақрибан як сол пеш оғоз кард ва ният дорад, то зимистони имсол ба ҳаводорони рассомӣ намоиш диҳад.
“Ба ман касе нагуфтаст, ки аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ истифода кун. Ин дӯстдории меҳан буд, ки ба ин кор даст задам. Ҷозибае пайдо шуд,” – нақл кард ӯ.
Ҳар як асарашро тақрибан дар ду моҳ омода мекунад ва ҷиҳати фарқкунандаи кораш дар он аст, ки на бо қалами мӯядори ранга, балки бо хаспояҳои ҷаву гандум дар рӯи матое ба риштаи тасвир мекашад.
Мирзоев гуфт: “Ҳар соату ҳар лаҳза ба ин кор машғул намешавам. Камтар тасвир мекунам ва боз меандешам, ки чӣ хел давом диҳам. Дар инҷо бояд рассом фикр кунад, ки барои инъикоси асар равшаниву торикӣ ва мавқеашро чӣ гуна бояд созад.”
Рассомон мегӯянд, бо ин навъи ҳунар дар Тоҷикистон нав рӯ ба рӯ мешаванд. Амрӣ Аминов, пайкарасози тоҷик, ки дар маркази Фаронса кору зиндагӣ мекунад, гуфт, “албатта, ин навъи ҳунар дар гузашта буд ва дар кишварҳои дигар ҳаст. Дар Тоҷикистон нодир аст ва чӣ хеле худи Зиёвиддин гуфтанд, як мактаби наве барои тоҷикон аст.”
Ҷараёни кори Зиёвиддини Нақшбанд осон нест. Аз даравидани пояи гандуму ҷав то омода карданаш бо маҳлулҳои гуногун заҳмати зиёд металабад. Вай мегӯяд, барои офаридани як асар садҳо сомонӣ сарф мекунад, аммо ҳанӯз бар ивази тақрибан 40 асараш фоидае нагирифтааст.
Мегӯяд, “ҳоло ягон маҳсули корамро дар ҷое нафурӯхтаам. Барои дар ҷое ба намоиш гузоштан миқдори асарҳо лозим ва он миқдорро буд кардан даркор аст. Агар аз як тараф фурӯхтан гирем, ба ҷое намоиш дода наметавонем.”
“Ҳунарманд бояд аз паси ҳунараш нон хӯрад. Агар ӯ аз паси ҳунар нон нахӯрад, ҳунар хор мешавад, чун кораш ба касе лозим нест. Шояд осорхонаҳо гиранд асарҳояшро. Умед дорам, ки тоҷикон ҳунари ҳунармандонро қадр карда, маҳсули дасташонро мегиранд,” – мегӯяд пайкарасози тоҷик Амрӣ Аминов.
“Маликаи Саразм”, “Меҳргон”, “Ҷӯйи Мулиён” ва даҳҳо асари дигари Зиёвиддин Мирзоев аз корҳои то ин дам анҷомдодааш ҳастанд. Ӯ то ҳол фақат дар чанд намоишгоҳи дохили Тоҷикистон иштирок карда, вале ният дорад, асарҳояшро ба берун аз кишвар бибарад.
Гуфтугӯ