Сокинони минтақаи Рашт дар шарқи Тоҷикистон аз гаронии нархи маҳсулоти ниёзи аввал шикоят доранд. Тоҷирон сабабро ба дурии роҳ ва гаронии сӯзишворӣ пайванд доданд. Масъулон мегӯянд, "ҳамааш зери назорат аст".
"2 ҳазор сомонӣ дар роҳ сарф мекунам"
Қодирҷон Боев чанд сол боз дар шаҳраки Ғарм, маркази ноҳияи Рашт, сабзавот мефурӯшад. Ӯ тасдиқ кард, ки арзиши маҳсулот назар ба гӯшаҳои дигари кишвар гарон аст.
Ба нақли Боев, агар нархи як кило қаланфури булғорӣ дар Душанбе 7 сомонӣ аст, дар Рашт 10 сомонӣ. Як дона тарбуз ва харбуза ҳам дар ноҳияи Рашт 40-50 сомонӣ аст.
Минтақаи Рашт дар кӯҳистон ҷойгир аст. Роҳ аз Душанбе то онҷо ҳудуди 200 километр буда, як қисмати он хароб аст. Аксар тоҷирон дар Рашт, аз ҷумла Қодирҷон Боев, сабаби гаронии маҳсулотро ба дурии роҳ рабт доданд. Онҳо мегӯянд, аксар маҳсулоти ниёзи аввал аз Хуҷанд, Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар ба Рашт оварда мешавад ва хароҷоти роҳ болои нархи маҳсулот афзуда мешавад.
“Сӯзишворӣ гарон шудааст. Ду сол пеш як литр сӯзишвории дизелӣ (солярка) 6 сомонӣ буд, имсол қариб 14 сомонӣ аст. Барои ҳамин, маҳсулот қиматтар аст. Ман ба Хуҷанд рафта, аз онҷо 250 харбуза меорам. Қариб 2 ҳазор сомонӣ дар роҳ сарф мешавад. 7-8 сомонӣ ба сари ҳар харбуза меафтад. Мо ҳам маҷбурем, ки ба болои он фоидаи худ ва харҷи роҳро гузошта фурӯшем,”-мегӯяд Суҳроб Баҳронов.
«Маблағи муҳоҷирон аҳволро беҳтар кардааст»
Икромиддин Беков, сокини шаҳри Душанбе, ба Рашт маҳсулоти полезӣ бурда, дар бозгашт картошка ва мева меорад. Мегӯяд, ба хотири хароб будани як қисмати роҳи Душанбе-Рашт на ҳама тоҷирон розӣ мешаванд, ки ба ин минтақа маҳсулот оранд.
“Роҳаш душвор аст. Хоҳиш бисёр доранду аз роҳ ташвиш мекашанд. Дар зимистон роҳ вазнинтар мешавад. Равған, орд, макарон, қанд, шакар хулоса ҳама чиз аз шаҳр меояд. Инҷо мева, аз ҷумла себу нок доранд, дигар маҳсулот аз Душанбе оварда мешавад,” -- афзуд ин тоҷир.
Видеоро дар инҷо бинед:
Дар панҷ ноҳияи минтақаи Рашт корхонаҳои калон нест. Бештари мардум ба боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Ба гуфтаи сокинон, ин касбҳо чандон даромад намеоранд ва ва танҳо бо пули фарзандони муҳоҷирашон ба нархҳо тоб меоваранд.
Ду фарзанди Ҳафиз Халилов, сокини ноҳияи Рашт дар Русия муҳоҷиранд ва ҳар моҳ ба хонавода маблағ мефиристанд. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, “бисёртар маблағ аз тарафи Русия меояд ва ин аҳволи мардумро беҳтар мекунад.”
Сокинони водии Рашт назар ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон барвақттар ба муҳоҷират рафтанд. Аксари ҳамсуҳбатони мо дар кӯчаҳои ноҳияи Рашт гуфтанд, наздиконашон дар Русия ё Қазоқистон ҳастанд.
Таъсири баста шудани марзи Қирғизистон?
Ноҳияи Лахш дар минтақаи Рашт бо Қирғизистон ҳаммарз аст. Тоҷирон гуфтанд, то баста шудани марз дар соли гузашта, баъзе маҳсулот аз Қирғизистон меомад, ки нисбатан арзонтар буд.
“Аз тарафи Ҷиргатол қаланфури булғории сурх меомад, ки ба 6 сомонӣ мефурӯхтем. Ҳозир 11 сомонӣ аст. Ба ҳар ҳол вақте аз Ҷиргатол меоварданд, арзонтар буд. Ҳозир аз Хуҷанд меоранд,” -- мегӯяд Қодирҷон Боев.
Масъулони Рашт ҳам мисли тоҷирон далели гаронии маҳсулотро ба дурии роҳ ва боло рафтани арзиши аслии маҳсулот рабт медиҳанд, аммо мегӯянд, «нархҳо зери назоратанд».
Муҳаммадҷон Мирзомаҳмудов, сардори идораи агролизинги ноҳияи Рашт, ки дар бозори шаҳраки Ғарм бо мо суҳбат мекард, гуфт, “хароҷоти роҳ зиёд аст. Кадом маҳсулоте, ки аз дигар ҷой бо нақлиёт оварда мешавад, хароҷоти роҳро дар болояш мемонанд. Мақомот нархро назорат мекунанд, бе назорат нест.”
“Мева хариданӣ мешаванд, зӯрашон намерасад”
Баъзе аз тоҷирон мегӯянд, нарху наво асосан рӯ ба болост ва агар муҳоҷирон маблағ нафиристанд, бозор низ сард мегардад. Абдуҳаннон Муллоев, фурӯшандаи бозори шаҳраки Ғарм мегӯяд, баъзе аз сокинон барои хариди мева меоянд, аммо маблағашон намерасад.
Ба гуфтаи Муллоев, «мехоҳанд, ангур, тарбуз ё харбуза харанд, аммо маблағи кам доранд. Агар муҳоҷирон набошанд, дигар ҳеч чиз харидану фурӯхтан намешавад. Асос Русия аст. Мардум деҳқонӣ ҳам доранд, аммо инҷо ҳосилнокӣ он қадар баланд нест, ба деҳқонӣ фоида намекунед.”
Минтақаи Рашт аз панҷ ноҳия – Нуробод, Сангвор, Лахш, Тоҷикобод ва худи ноҳияи Рашт иборат аст. Дар инҷо қариб 400 ҳазор аҳолӣ ба сар мебаранд. Боғдорӣ ва чорводорӣ шуғли асосии сокинон аст. Вазъи иҷтимоӣ баъзе аз сокинонро ба ин андеша меорад, ки марказ ба ин минтақа таваҷҷуҳи зиёд нишон намедиҳад.
Гуфтугӯ