Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигор ва полковники тоҷик ҳафт сол зиндонӣ шуд


Муҳаммади Султон (Мамадсултон Мавлоназаров), рӯзноманигор ва маъмури пешини амният.
Муҳаммади Султон (Мамадсултон Мавлоназаров), рӯзноманигор ва маъмури пешини амният.

Додгоҳи Синои шаҳри Душанбе Муҳаммади Султон (Мамадсултон Мавлоназаров) рӯзноманигор ва маъмури пешини амниятро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард.

Ба гуфтаи пайвандонаш, ҳукм рӯзи 13-уми сентябр содир шудааст. Мақомот хабарро шаҳр надодаанд.

Мамадсултон Мавлоназаров ба ҷурми “Даъвати оммавӣ барои амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ тариқи интернет” ва “Таҳқири ҳокимияти давлатӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ” айбдор дониста мешуд.

Пайвандони Мамадсултон Мавлоназаров рӯзи 13-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мурофиаи ниҳоӣ рузи сешанбе сурат гирифт. “Ин ҳукм дар нисбат ба шахсе, ки гуноҳаш собит нашудааст ва солхӯрдааст, бераҳмона мебошад,”—гуфт як тан аз пайвандонаш, ки нахост номаш зикр шавад.

Муҳаммади Султон як ҳафта пеш дар мулоқот бо бародараш "айбномаро рад карда, худро бегуноҳ шумурд".

Яке аз пайвандони Муҳаммади Султон гуфта буд, ки бародараш ҳафтаи гузашта бо ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатӣ мулоқот кардааст. "Аз саломатӣ шикоят накардааст. Гуфтааст, гуноҳ надорад ва ҳар чизе дар Фейсбук навишт, ҳанӯз ҳаст ва ҳар кас метавонад ба он баҳо диҳад. Хулоса, тундгароӣ накарда, намояндаи ҳокимияти давлатиро низ таҳқир накардааст," -- афзуд мусоҳиби мо.

Муҳаммад Султони 72-сола, маъмури пешини амният, дар солҳои 70-ум дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" кор кардааст. Ӯ солҳои охир дар саҳифааш дар Фейсбук фаъолияти мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раҳбарони онро, танқид мекард.

Мақомот дар бораи навиштаҳои пешинаи ӯ чизе нагуфтаанд. Рӯшан нест, ӯро барои танқидҳояш аз раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир кардаанд ё навиштаҳояш дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон ва ё масоили дигар. Ӯ зидди амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар Бадахшон буд, ки ба иттилои расмӣ 16, вале ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ то чиҳил кушта барҷой гузошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG