Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмон дар бораи марз паёме надод, таъзия баён накард, чаро?


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон. Самарқанд, 15-уми сентябри 2022. Акс аз хадамоти матбуоти президент
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон. Самарқанд, 15-уми сентябри 2022. Акс аз хадамоти матбуоти президент

Ҳукумати Тоҷикистон дархости рӯшанфикрон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро барои эълони “Рӯзи мотами миллӣ” ба ёди қурбониёни муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нодида гирифт. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, низ ба пайвандони қурбониён таъзия баён накард ва мавқеашро дар баробари воқеаҳои ахир дар марзи кишвараш эълом надошт.

Сукути суолбарангез

Мансабдорони давлатӣ меҳаросанд, аз пеши худ чизе гӯянд ё коре кунанд. Танҳо ба баъзе раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ озодии маҳдуде дода шудааст, вале пешравии кор танҳо ба онҳо вобаста нест.

Хомӯшии президент дар ин робита дар шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон овозаеро ба гардиш овард, ки гуё ӯ мехост, дар робита ба ҳодисаҳои марз изҳорот диҳад, сахт бемор шуд. Аз рӯзи 16-уми сентябр, пас аз ҷаласаи сарони СҲШ (ШОС) Эмомалӣ Раҳмон дар мазҳари ом дида нашудааст, ҳарчанд то 20-уми сентябр хабарҳои суҳбати ӯ бо раҳбарони кишварҳои минтақа ба нашр расид. Талошҳои мо барои дарёфти назари Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент, бенатиҷа буд, чун ӯ ба зангҳо посух надод.

Дар Қирғизистон рӯзи 19-уми сентябр ба хотири қурбониёни даргириҳои 14-17-уми сентябр дар марз “Мотами миллӣ” эълон карданд. Президенти ин кишвар Содир Ҷабборов (Жапаров) роҷеъ ба воқеаҳои охир ба мардумаш ду дафъа паём дод, раиси Шӯрои амният ва ниҳодҳои дигари ин кишвар ҳамарӯза ба мардуми худ иттилоъ медиҳанд.

Дар Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, аз номи президент ба пайвандони қурбониён таъзия гуфт. Раисони шаҳру навоҳӣ ва намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ низ ба хонаводаҳои низомиёни ҳалокшуда дар маҳалҳо аз номи президент таъзия гуфтанд, вале суоле бепосух монд, ки чаро худи президент ҳамдардӣ накард.

Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, шумораи қурбониёнро 41 нафар гуфт, вале дертар маълум шуд, ки ин омор кам нишон дода шудааст. Дар телевизионҳои Тоҷикистон аз воқеаҳои марз, ба истиснои имзои созиши оташбас хабаре нашр нашуд ва пахши барномаҳои тафреҳӣ идома ёфт. Танҳо хабаргузории давлатии “Ховар” буд, ки бо шеваи меросмонда аз замони Шӯравӣ дар бораи ҳодисаҳои марз баёнияҳои КДАМ-ро паҳн кард.

"Раҳбари давлат ҳодисаро ҷиддӣ гирифтааст, вале..."

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, дар Тоҷикистон танҳо як маркази қарори қабул вуҷуд дорад ва ин боис мешавад, ки ба ҳодисаву воқеаҳо дертар вокуниш шавад. Ба гуфтаи ӯ, нашри хабарҳои пайваста дар робита ба ҳодисаҳои марзӣ дар хабаргузории давлатии “Ховар” баёнгари ин буд, ки раҳбари давлат ҳодисаро ҷиддӣ гирифтааст, вале ӯ гуфт, намедонад, ки чаро шахсан худи президент дар ин бора изҳори назар накард.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар робита ба марги одамон дар садамаҳои нақлиётӣ, офатҳои табиӣ, ҳамлаҳои террористӣ ба раҳбарони кишварҳои хориҷӣ таъзия мефиристад, вале дар даҳсолаи охир ҳеч бор расман ба мардуми худ таъзия баён накардааст.

"Пинҳонкорӣ". Чаро?

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Алим Шерзамонов, як фаъоли мухолифон дар Аврупо, мегӯяд, Раҳмон бо атрофиёнаш ҳанӯз ба шеваи замони Шӯравӣ фикр мекунанд ва ба инанд, ки нашри омори воқеиву эълони “мотами миллӣ” эътироф ба шикаст ва намоиши заъф аст. Ӯ гуфт, дар паҳншавии бемории коронавирус ва муноқишаҳои марзӣ қурбониёнро пинҳон доштанд, ба ин маъно, ки гуё Тоҷикистон "кишвари назаракарда аст."

"Ҳатто теъдоде аз мухолифин ҳам имрӯз кӯлоҳпартоӣ доранд, ки нерӯи низомии мо бамаротиб камтар талафоти ҷонӣ додаст дар қиёс бо Қирғизистон. Ғолибон дар сӯги мурдагонашон намегирянд. Пайомади пинҳон доштан ва ба ҷомеа ҳисобот надодан боиси пайдо шудани овозаҳои аз ҳақиқат дур мешавад, ки як вақт дигар агар росташро ҳам гӯянд, мардум ба ҳақиқаташон бовар нахоҳанд кард”, -- гуфт ӯ.

Ҷудоии мақомот ва мардум

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, ин вазъ нишон медиҳад, ки шикоф миёни мардум ва мақомот фарохтар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар ин масъала бо кишварҳои пешрафта пайравӣ намекунад, ки аз ҳар ҳодиса фавран ба мардум ҳисобот медиҳанд ва вобаста ба хоҳишу рӯҳияи онҳо амал мекунанд. Ӯ гуфт, президент ҳаққи конститутсионӣ дорад, ки “Рӯзи мотами миллӣ” эълон кунад ва ё ҳолати фавқулода.

Бино бар банди 70-и Конститутсияи Тоҷикистон президент вазифадор аст, аз вазъият дар кишвар ба порлумон маълумот диҳад. Вале ин рӯй надод, дар ҳоле ки кишвар амалан ба як ҳолати фавқулода рӯбарӯ гашт ва даҳҳо шаҳрванд куштаву захмӣ шуданд.

"Дар натиҷаи сиёсати нодурусти кадрӣ дар мо порлумон ва дигар ниҳодҳо амалан кафолате надоранд ва аз як марказ қарор қабул мешавад. Ин шохаҳои ҳокимият нопурра аст ва ҳар кадом дар ҷои худаш нест. Се шохаи ҳокимият вобастаи як нафар аст. Агар мустақил мешуд, фишор ба вуҷуд меомад ва ҳар як шохаи ҳокимият фаъол мешуд," --гуфт Шокирҷон Ҳакимов.

"Системаи мураккаб"

Як манбаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон, ки аз раванди қабул шудани қарорҳо ва иҷрои онҳо огоҳ аст, рӯзи 19-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин система ончунон мураккаб гардонида шудааст, ки барои пахш шудани як маълумот пешнависи он чандин зина боло меравад ва сипас ҳамин гуна аз боло ба поён ҳаракат мекунад, ки дар ин миён вақти зиёде мегузарад ва он маълумот мумкин аст, ки дигар нодаркор мешавад”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ба вазирон ва вазоратҳо ҳеч гуна имконият ва шароити ташаббускорӣ ё ҳалли масъалаҳо дода нашудааст, “то замоне ки аз болотарин сатҳи давлатдорӣ ризоият дода нашавад. Барои ҳамин, мансабдорони давлатӣ меҳаросанд, аз пеши худ чизе гӯянд ё коре кунанд. Танҳо ба баъзе раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ озодии маҳдуде дода шудааст, “вале пешравии кор танҳо ба онҳо вобаста нест”, -- гуфт ин мақомдор, ки хост, бо сабабҳои амниятӣ номаш зикр нагардад.

Дар пайи муноқишаи марзии рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон беш аз сад нафар аз ду ҷониб кушта шуд ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Ҷонибҳо якдигарро дар сар задани низоъ гунаҳкор медонанд. Мақомоти Қирғизистон фаъолона дар бораи ин ҳодиса бо матбуот суҳбат мекунанд, вале ба назар мерасад, ки дар иваз, ба ҷуз баёнияҳои расмӣ, мақомоти тоҷик омодаи ҳамкорӣ бо матбуот нестанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG