Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний: Басичсозӣ ва референдуми сохта "ҷинояти таърихии Путин" аст


Сиёсатмадори зиндонии рус Алексей Навалнийро, ки дар зиндони низомаш сангини вилояти Владимир қарор дорад, аз моҳи август ба ин сӯ бори панҷум ба мӯҳлати 12 рӯз ба утоқи ҷаримавии зиндон фиристоданд. Ба гуфтаи Кира Ярмиш, сухангӯи ин сиёсатмадори мухолифин, Навалнийро як рӯз баъди анҷоми мӯҳлати 15 рӯзи буданаш дар ШИЗО аз нав ба ин утоқи ҷаримавӣ фиристоданд, ки бо шароити сахту сангинаш фарқ мекунад. Раҳбари зиндон ба Навалний рӯирост гуфтааст, ки ин навбат ӯро барои маҳкум кардани маъракаи сафарбарии мардум ба ҷанги алайҳи Украина дар мурофиаи ахири додгоҳӣ ҷазо медиҳад.

Худи Навалний, ки рӯзи 23-юми сентябр дар мурофиаи додгоҳие суханронӣ мекард, гуфт, 12 рӯзи ҷазо барояш дар муқобили сафарбаркунии шаҳрвандони Русия ба қатли мардуми бегуноҳ дар Украина “ҳеҷ аст”. Ӯ гуфт:

“Ин ҷиноят алайҳи кишвари ман аст. Муносибати ман ҳамин аст. Ман хомӯш намешинам ва умедворам, ки онҳое, ки маро мешунаванд, дар ин замина хомӯш нахоҳанд буд. Чунки коре, ки ҳоло мегузарад, аз 12-у 120 рӯзи ШИЗО ҳам бадтар аст. Ин ҷинояти таърихӣ аст, ин шарики ҷинояти Путин шудани садҳо ҳазор нафар аст. Мисле, ки мафия мекунад, бо ин сафарбаркуниву референдумҳои тақаллубӣ дасти садҳо ҳазор одамро хунолуд ва аз ҳам муттаҳам мекунад”.

Дар мурофиаи додгоҳие, ки феълан ҷараён дорад, Навалний қарори аввали ба ШИЗО бурда шуданаш дар таърихи 12-уми августро ба чолиш кашидааст.

Алексей Навалний аз январи соли 2021 дар пушти панҷара аст ва охирин ҳукмаш 9 соли зиндон бар асоси иттиҳоми тақаллубкорӣ аст, ки худи ӯ онро рад карда дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад.

XS
SM
MD
LG