Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъдӣ мехоҳад, низоми забономӯзиро дар Тоҷикистон дигар кунад. Чӣ гуна? ВИДЕО


Саъдӣ Тоҳирзода
Саъдӣ Тоҳирзода

Чанд ҷавони тоҷик талош доранд, бо тарзи нав ба мардум забони англисӣ ёд бидиҳанд. Ин дарсҳо бепул аст ва асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Баъзе аз омӯзгорони ҷавон мегӯянд, усули таълими англисӣ дар мактабҳои Тоҷикистон куҳна шуда, бояд тағйир ёбад.

Саъдӣ Тоҳирзода яке аз онҳоест, ки ба воситаи шабакаи Инстаграм ба мардум англисӣ меомӯзонад. Ӯ дар ҳар дарс барои шогирдонаш фақат як калимаро бо тарҷумаи тоҷикӣ ва муродифҳояш ёд медиҳад. Барои ин, Саъдӣ нақшофаринӣ мекунад. Худаш ҳам шогирд мешаваду ҳам устод.

Тоҳирзодаи 30-сола хатмкардаи Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб аст. Мегӯяд, мақсадаш омӯзондани калимаву ибораҳои душвор бо роҳи осону хотирмон аст.

“Усули онлайн-омӯзиш ҳамин аст, ки бояд кӯтоҳ бошад. Як калимаро мефаҳмонам. Ин осонтар аст ва онро тезтар қабул мекунанд. Дар Инстаграм видеои дароз тамошо намекунанд. Дарсҳои ман дар Ютуб ҳам ҳаст, вале тамошобинон дар онҷо назар ба Инстаграм хеле кам аст,” -- мегӯяд омӯзгори ҷавон.

Хонандагони мактаб дар Тоҷикистон аз синфи 2 то 11 забони англисӣ меомӯзанд. Таълими англисӣ дар мактаби олӣ ҳам идома мекунад. Саъдӣ Тоҳирзода мегӯяд, таълими забони англисӣ дар мактабҳои Тоҷикистон «нодуруст ба роҳ монда шудааст.»

Ба гуфтаи омӯзгор, дар мактабҳои Тоҷикистон таълими забони англисӣ аз грамматика ва тарҷумаи матнҳо шуруъ мешавад. Тарзи таълиме, ки ба назари Саъдӣ Тоҳирзода бояд тағйир ёбад.

“Мо забони тоҷикиро чӣ хел ёд мегирем? Дар кӯдакӣ падару модар гап мезананд ва мо такрор мекунем. Аз 2 то 5-солагӣ гап мезанем, баъд дар 10-солагӣ грамматика меомӯзем. Дар омӯзиши забони англисӣ ҳам бояд ҳамин хел бошад. Вақте хонанда калимаҳоро аз худ кард, баъд метавонем ба ӯ қоидаи имлои забони англисиро ёд диҳем,” -- таъкид кард ҳамсуҳбати мо.

Наворро дар инҷо бинед:

Саъдӣ мехоҳад, тарзи забономӯзиро дигар кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Саъдӣ Тоҳирзода дар омӯзондани англисӣ танҳо нест. Беҳрӯз Ҳафизов, ҷавони дигар ҳам бо ҳамин шева ба мардум англисӣ меомӯзанд.

Бархеҳо дар Тоҷикистон ба дарсҳои ҳузурӣ бартарӣ медиҳанд. Ба андешаи ин гуруҳ, дар дарсҳои ҳузурӣ омӯзгор метавонад, бо шогирдон аз наздик кор кунад, вале Саъдӣ Тоҳирзода ба ин андеша розӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, дар дарсҳои ҳузурӣ як омӯзгор метавонад, ба 30 нафар дарс диҳад, вале маҷозӣ ё онлайнӣ мешавад ба садҳо нафар таълим дод.

“Худи ман онлайнӣ қариб ба 100 ҳазор нафар дарс медиҳам. Агар ҳамаи онҳо як каоимаӣ ёд гиранд, барои ман беҳтар аст ҳамчун омӯзгор,” -- мегӯяд Саъдӣ.

Ҳамасола донишгоҳҳои Тоҷикистон беш аз ҳазор омӯзгори забони англисӣ омода мекунанд, вале аксари онҳо ба хотири кам будани маош ба созмону ширкатҳои байнулмилалӣ рӯ меоранд ё тарҷумониро пеша мекунанд. Ба ин сабаб, ба мактабҳои Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ намерасад. Ин камбудиро Саъдӣ ва дӯстонаш мехоҳанд ислоҳ кунанд, вале мегӯянд, ҳанӯз дар оғози роҳ ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG