“Новобаста аз он ки мо дар чӣ замона қарор дорем, дар дунё чӣ рух медиҳад ва новобаста ба оне ки мо дар чӣ буҳронҳое қарор дорем, танҳо чизе ки моро аз ин бӯҳрон мераҳонад, миллатро қавӣ мекунад, ба пешрафт мебарад ва тағйирот ворид мекунад, бовар кунед, китоб хондан аст, огоҳӣ аст. Мо натиҷаро дар ин барнома эҳсос кардем”.
Ин ҳарфҳои муаллиф ва ровии барномаи видеоии “Китобхон” Далер Шарипов аст. Далер бовар дорад, ки ин барнома тавонист дар зеҳни бисёриҳо дар як соли фаъолияташ ишқи китобхониро бедор кунад. Ҳадафи ин барнома ҳам ҳамин аст, ки инак 50 шуморааш тавассути шабакаи интернетии YouTube тақдим гардид ва баробар бо муаррифии китобу маводи хондании ҷолиб, машваратҳои муфидеро аз китобхонҳои шинохташуда дар ҷомеаи Тоҷикистон ба тамошобинонаш дод.
Аввалин барнома моҳи ноябри соли гузашта пахш шуд. Баъди ин ҳафтае як бор дар рӯзи сешанбе нашри нашри нави “Китобхон” таҳия мешавад. Ба барнома онҳое даъват мешаванд, ки дар натиҷаи хондан ба муваффақият расидаанд. Вале тавре Далер мегӯяд, на ҳама дӯстдорони китоб омода ҳастанд дар ин бора сӯҳбат кунанд:
“Масалан бисёре аз донишмандон, академикҳо ва профессорҳоро мо мехостем, ки дар барномаи худ бубинем, онҳо дар аввал розӣ мешаванд, аммо як рӯз қабл аз сабт даъватро рад мекунанд. Вақте ин гуна афрод бетарафиро нисбати хондани китоб ишғол мекунад ва як навъ дилсардӣ ҳам дар он дида мешавад, мо бори дигар фикр кардем, ки роҳандозии ин тарҳ дуруст будааст.
Рӯзноманигор Ёқуб Ҳалимов дар барнома дар бораи эҷодиёти Садриддин Айнӣ сӯҳбат кардааст. Ба гуфтаи ӯ, баробар бо додани маълумот, аксуламали тамошобинро бубинад.
«Ин барнома метавонад на як, балки даҳҳо нафарро китобхон кунад, коре, ки аллакай ин барнома кардааст, - мегӯяд ӯ. – Шахсан ба ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъд аз иштирок дар барномаи “Китобхон” навиштанд ва занг ҳам заданд. “Ташаккур» гуфтанд ва гуфтанд, ки “китобҳое ки шумо тавсия кардед, мо ҳатман пайдо карда мехонем” ва чанд нафари дигар ҳисобот ҳам дод, ки “ман аллакай он китобҳоро пайдо карда хондам”.
Онҳое ҳам ҳастанд, ки аз барнома қонеъ нестанд ва мегӯянд, баъзе аз меҳмонҳо аз ин барнома сӯиистифода мекунанд. Рӯзноманигор Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, яке аз тамошобинони ин барнома гуфт:
“Чандин бор ташкилкунандагони ин барнома дар YouTube каналашон навиштанд, ки ин барнома тоза фарҳангӣ аст, аммо дар барномае, ки як муаррихи ҷавонро даъват карданд, дар он ҷо бисёр андешаҳои носозгор баён шуд. Муҷрии барнома бояд кӯшиш кунад, ки мусоҳиб ҳар ғаразҳову андешаҳои пинҳоние, ки дорад, тавассути ин барнома паҳн накунад. Ин бисёр як чизи ҷиддӣ аст”.
Масъалаи китобу китобхонӣ солҳои охир дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам зиёд баҳс мешавад. Нигаронии баъзе аз рӯшанфикрон ин аст, ки майли ҷавонон ба хондани китоб, бахусус осори донишмандону адибони тоҷик кам шудааст. Ба гуфтаи онҳо, ба сахтӣ ҳам бошад, теъдоди зиёди китоб чоп мешавад, вале дар дӯконҳои китобфурӯшӣ бе харидор хобидаанд.
Муаллифони “Китобхон” бовар доранд, ки бо ин барнома метавонанд таваҷҷӯҳи ҷомеаро дубора ба китобу китобдӯстӣ ҷалб намоянд.
Гуфтугӯ