Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳмияҳои "Халиқ Бонк"-ро фурӯхтанд. Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон аз кист?


"Халиқ Бонк" соле пеш аз фоидаовар набудани бозори Тоҷикистон шикоят карда буд
"Халиқ Бонк" соле пеш аз фоидаовар набудани бозори Тоҷикистон шикоят карда буд
Бонки мардумии амонатгузории Қазоқистон эълон кард, ки бахши тоҷикистонияшро ба номи "Халиқ Бонк" (Halyk Bank) ба Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон мефурӯшад. Шарти хариду фурӯш дақиқ нест. Як сол пеш "Халиқ Бонк" расман аз фоидаовар набудани бозори Тоҷикистон ва як намояндааш дар суҳбат ба Радиои Озодӣ аз фишору тафтиши зиёд суҳбат карда буданд.
Решаҳои Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон, ки ҳамагӣ шаш сол пеш аз як созмони хурди қарздиҳӣ ба бонк табдил ёфт ва ҳоло саҳмияҳои "Халиқ Бонк"-и Қазоқистонро ба даст овард, ба иттилои расонаҳои наздик ба мухолифон, ба бародари Ашраф Гулов, яке аз домодҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, мерасад. Мақомот ба таври расмӣ шарҳ надодаанд.

Фурӯши саҳмияҳо пас аз як соли “ранҷиш”

Бонки мардумии амонатгузории Қазоқистон рӯзи 17-уми ноябр дар эъломияе гуфт, барои фурӯши ҳамаи саҳмияҳои “Халиқ Бонк” ба Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон созиш кардааст.

Дар изҳорот гуфта мешавад, Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон барои хариди “Халиқ Бонк” иҷозатномаҳоро ба даст овардааст ва интизор меравад, хариду фурӯш моҳи декабри имсол ниҳоӣ бишавад. Дар ин изҳорот таъкид мешавад, ки пас аз анҷоми додуситад ҳам “Халиқ Бонк” кори маъмулии худро идома хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш масъулонаш эълон карданд, амалиёти молиро барои бонкҳои Тоҷикистон, ки дар ин бонк суратҳисоб доранд, бас мекунанд.

Қазоқистон дар ҳоле аз фурӯши ин бонк дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соле пеш, моҳи августи соли 2021, маъмурияти “Халиқ Бонк” бо нашри баёнияе гуфта буд, ният дорад, фаъолияти шуъбаи бонкро дар Тоҷикистон ихтиёран боздорад, “чун самаровар нест”.

Самат Умурзақов, иҷрокунандаи вазифаи раиси раёсати “Халиқ Бонк”, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, саҳмдор бинобар сабабҳои иқтисодӣ фаъолияташро бозмедорад. Аммо як корманди баландпояи бонк ба Радиои Озодӣ гуфта буд, мудирони қазоқӣ аз санҷишҳои паёпайи Бонки Миллӣ хаста шуданд. Чизе, ки Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, дертар рад кард.

Чаро бозори Тоҷикистон самаровар нест?

Таҳлилгари иқтисодӣ, Абдуманнон Шералиев, мегӯяд, дарвоқеъ бозори Тоҷикистон чандон судовар нест, аммо бо ин мушкилҳо: "Фасоди густарда, ки бояд ҳар соҳибкоре ришва пардозад; нобовари мардум ба бонкҳо, ки баъди бо роҳи сунъӣ муфлис кардани чанд бонки бузург ба вуҷуд омад; заъфи иқтисоди Тоҷикистон; фишори андоз (молиёт), ки ҳар гоҳ нақшааш буд нашуд, сад баҳона барои рӯёндани пули бештар аз ҳаргуна ширкату корхона ва бахусус бонк меёбад."

Ҳоло соҳибкорон дар Тоҷикистон, хусусан ширкатҳои ордкашӣ, ки тавассути “Халиқ Бонк” аз Қазоқистон гандум мехариданд, аз рафтани ин созмони молӣ аз кишвар нигаронанд. Чун мегӯянд, “бонкҳои Тоҷикистон мисли ин бонки қазоқӣ боварбахш ва босифат амал намекунанд”.

Қазоқистон барои Тоҷикистон шарики хеле муҳими тиҷоратӣ аст ва пас аз Русия дар қатори дувум меистад. Қисми зиёди гандуму орд, гази моеъ, равғани офтобпараст ва маҳсулоти дигари ниёзи аввалро аз Қазоқистон ба кишвар меоранд.

“Стандарт” ва ширкати фурӯши хӯрок дар ҳавопаймоҳо

Ҳоло суоли асосӣ ин аст, ки молики нави саҳмияҳои "Халиқ Бонк" кист? Бар асоси манобеи боз Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2016 дар заминаи ташкилоти хурди молиявии "Стандарт Финанс" (дар баъзе санадҳо "Стандарт Молия") таъсис ёфта, якбора доираи фаъолияти худро васеъ кард. Дар ҳоле ки ду бонки бузург ва нисбатан ботаҷрибаи Тоҷикистон – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” – дучори мушкил шуда, ниҳоят муфлис ва аз саҳнаи бонкии кишвар канор зада шуданд.

Худи “Стандарт Финанс”-ро соли 2014 ташкил кардаанд.

Ба маълумоти сомонаи Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон, саҳомонаш “Тоҷик Кейтеринг Сервис” ва Холов Шералӣ Сафаралиевич ҳастанд. Аввалӣ 76,95 ва дувумӣ 23,05 дарсади саҳмияҳои бонкро ба даст доранд.

Санадҳо барои Халиқ Бонк
Санадҳо барои Халиқ Бонк

Дар айни замон, бино ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, молики “Тоҷик Кейтеринг Сервис” низ Холов Шералӣ Сафаралиевич аст.

Ба ин тартиб, расман ӯ молики ягонаи бонк ба шумор меравад. “Тоҷик Кейтеринг Сервис” ба фурӯши хӯрок дар дохили ҳавопаймоҳо машғул аст. Онро моҳи октябри соли 2009 сабтином кардаанд.

Сомонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли 2020 Шералӣ Холовро “соҳибкори ватандӯст” номида, барои сохтани кӯдакистони “Мактаби байналмилалии Душанбе” ситоиш кардааст. Бинобар ин хабар, сохтмони биноро “Тоҷик Кейтеринг Сервис” супориш дода.

Дар ҳамин ҳол, Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон молики чанд ширкати дигар, аз ҷумла “Стандарт-Иҷора” аст, ки ба амалиёти лизингӣ машғул аст.

“Стандарт Бима” аз ширкатҳои дигари таъсисдодаи Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон номбар мешавад. Онро соли 2015 бо ҳадафи суғурта ва миёнравӣ таъсис додаанд. Ба маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ҳоло кор намекунад, “барҳам хӯрдааст”.

Ҳаммуассиси ин ду ширкат Гулов Ҷамшед Шералиевич номбар шудааст. Бар асоси маълумоти расонаҳои наздик ба мухолифон, аз ҷумла “Паём” ва “Ислоҳ”, ӯ бародари Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия ва яке аз домодҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҷамшед ва Ашраф Гуловҳо писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ҳастанд.

Аз назорат то соҳибӣ ба бонкҳо

Таҳлилгари иқтисодӣ, Абдуманнон Шералиев, мегӯяд, дар чанд соли охир пайвандони раисҷумҳур ва ё шахсони наздик ба онҳо "натанҳо назорат бар созмонҳои молии кишварро ба даст гирифтанд, балки аксариятро зери даст даровардаанд". Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, дар чунин шароит кор натанҳо ба бонкҳои мустақили дохилӣ, балки ба бонкҳои хориҷӣ низ мушкил мегардад.

Абдуманнон Шералиев
Абдуманнон Шералиев

"Шарти вуҷуд ва фаъолияти як бонки хориҷӣ дар як кишвари дигар вуҷуди рақобати солим аст. Бе рақобати солим имкони фаъолияти бонки хориҷӣ бисёр камтар аз бонкҳои маҳаллӣ мешавад. Вақте рақибонаш бонкҳое ҳастанд, ки моликонашон на танҳо ба хонаводаи ҳукмрон маҳсубанд, балки кулли сохторҳои нозир ба бонкҳоро низ зери фармон доранд, имкони фаъолияташ бисёр суст мешавад. Ҳатто агар ба моликони бонкҳои маҳаллӣ, ки дасти хеле дароз доранд, супориш шавад бинобар сабабҳои сиёсӣ ба фаъолияти бонкҳои хориҷӣ халал нарасонанд, худи муҳит доираи фаъолияти онҳоро бисёр танг мекунад," – шарҳ дод ӯ рӯзи 20-уми ноябр.

Дар ҳоли ҳозир “Ориёнбонк” ба Ҳасан Асадуллозода, бародари ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, марбут аст. Зарина Раҳмон, хоҳарзодаи ӯ ва духтари президент Раҳмон, яке аз муовинонаш аст.

“Спитамен Бонк”-ро низ ба наздикони раиси ҷумҳурӣ ва бахусус домодаш Ҷамолиддин Нурализода (Нуралиев) рабт медиҳанд, вале ӯ як сол пеш дар нишасти матбуотӣ ва дар мансаби муовини аввали раиси Бонки Миллӣ чунин сарусадоро рад карда буд.

Ба маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, ширкати “Фароз”, ки ба Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои президент пайванд медиҳанд, молики “Коммерсбонки Тоҷикистон” аст.

Хатар кадом аст?

Коршиноси тоҷик Амони Асрор мегӯяд, то рафт дар дасти як гуруҳи муайян ҷамъ шудани бахши аъзами низоми бонкӣ чанд хатар дорад.

“Дар ихтиёри як гуруҳ қарор гирифтани аксар бонкҳои Тоҷикистон боиси кунд шудани рақобат ва ба вуҷуд омадани инҳисор (монополия) дар бозор мешавад. Дар натиҷа, баҳра (фоиз)-и қарзи бонкҳо, хадамоти дигари бонкӣ гарон мемонад, ки на ба фоидаи мардум ва на иқтисоди кишвар аст. Чун ҳама бонкҳо аз як гуруҳанд. Сармоягузорон ҳам маъмулан кӣ будани моликони бонкҳоро месанҷанд. Минбаъд дороиҳои худро ба бонкҳое, ки ҳамагӣ ба як гуруҳ тааллуқ дорад, бовар нахоҳанд кард,” – шарҳ дод ӯ рӯзи 21-уми ноябр.

Намояндагии “Халиқ Бонк” дар Тоҷикистон, ки соле пеш тасмими барҳамхӯрияшро гирифт, вале ё бо хости худ ва ё зери фишор ба кори худ идома доду ҳоло саҳмияҳояшро фурӯхт, яке аз 15 бонк дар кишвар аст, ки тибқи маълумоти расмӣ 34 миллион сомонӣ сармояи оинномавӣ дорад.

Ин бонки қазоқистонӣ аз соли 2008 корашро дар Тоҷикистон оғоз карда, ду шуъбаву шаш маркази хидматрасониаш дар кишвар фаъол аст. Се дарсади амонатҳои кулли бозори бонкии Тоҷикистон дар “Халиқ Бонк” гузошта шудааст. Ба иттилои Бонки Миллӣ, дар тӯли фаъолият “Халиқ Бонк” дар Тоҷикистон 130 миллион сомонӣ (наздик ба 13 миллион доллар) фоида ба даст оварда.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG