Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Қирғизистон дигарбора баҳси марзиро бо Тоҷикистон шарҳ дод


Содир Ҷабборов гуфтааст, "азмашон барои ҳалли масъалаи марзӣ бо Тоҷикистон ҷиддист"
Содир Ҷабборов гуфтааст, "азмашон барои ҳалли масъалаи марзӣ бо Тоҷикистон ҷиддист"

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, гуфтааст, дар масъалаи таъйину аломатгузории марз бо Тоҷикистон созиши пешакӣ ҳосил шудааст ва қарор аст, ба зудӣ мақомоти Душанбе барои гуфтугу дар ин бора ба Бишкек сафар кунанд.

Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Содир Ҷабборов ҳангоми суханронӣ дар Қурултой ва ё ҷаласаи Шӯрои мардумии Қирғизистон дар рӯзи 27-уми ноябр гуфт: “Мо бо Тоҷикистон ба тавофуқи пешакӣ расидем, вале санадҳои ниҳоӣ имзо нашудаанд. Ҳарду тараф ба мувофиқа расиданд. Қамчибек Тошиев, (раиси Кумитаи амнияти миллӣ) ба Душанбе рафт ва (ёддошти ҳусни тафоҳум) имзо кард. Акнун онҳо меоянд ва имзо мекунанд.”

Ба гуфтаи ӯ, баъдан санадҳо ба порлумони Қирғизистон пешниҳод мешаванд ва Тоҷикистону Қирғизистон саъй доранд, ки ҷангу хунрезӣ дар марз такрор нашавад. Хабаргузории ТАСС-и Русия аз қавли Содир Ҷабборов навиштааст, ки азми онҳо барои ҳалли масъалаи марз бо Тоҷикистон ҷиддист ва ҳукумати Қирғизистон тамоми чораҳои лозим барои таъйину аломатгузории марзро меандешад, чун вуҷуди манотиқи баҳсбарангез дар марз сабаби низоъ ва талафот дар байни низомиёну мардумони деҳоти сарҳадӣ мешавад.

Даҳ рӯз пештар аз ин Содир Ҷабборов гуфт, ки онҳо қасд доранд, масъалаи таъйину аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон то охири имсол ҳал шавад. Ӯ ваъда дод, ки санадҳои лозимаро дар ин замина то охири моҳи декабр ба порлумони кишвараш пешниҳод мекунад.

Моҳи гузашта ҳайатҳои ду кишвар дар Душанбе 5 рӯз масъалаи таъйину аломатгузории марзро баррасӣ кардаанд. Гуруҳҳои маконнигории ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба таъйину аломатгузории марзи ду кишвар аз рӯзи 10-ум то рӯзи 15-уми октябр дар бораи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда мубодилаи афкор намуданд ва ба гуфтаи вазорати умури хориҷӣ “ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.” Маълум нест, мулоқот кай ва дар кадом шаҳри Қирғизистон сурат мегирад.

Таъйину аломатгузориношуда боқӣ мондани садҳо километр марзи байни ду кишвар то ҳол сабаби муноқишаҳои сахту марги садҳо нафар шудааст. Фақат дар рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар натиҷаи низоъ дар сарҳади ду кишвар дар вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон бештар аз 100 нафар кушта шуданд. Ҳарду кишвар якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карданд.

Қирғизистон гуфт, ки дар натиҷаи муноқиша 63 шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расиданд. Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо 41 ғайринизомӣ кушта ва тақрибан 200 нафари дигар захмӣ шуданд. Радиои Озодӣ ному насаби бештар аз 80 нафарро ҷамъ овард, ки дар ин муноқишаҳо кушта шудаанд.

Баъди ин муноқиша муносибати Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳадде сард шуд, ки раҳбарони ду кишвар бо ҳам ба қавле “қаҳрӣ” карданд ва дар як мулоқоти сеҷониба бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба ҳам даст надоданд. Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи апрели имсол гуфт, ки аз 987 километр марз “663,7 километр ё 68,4 дарсади хати сарҳад муайян ва мувофиқа карда шудааст”.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG