Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикон ҳам номнавис карданд." 23 ҳазор кас аз зиндонҳои Русия куҷо шуданд?


Яке аз зиндонҳои Русия
Яке аз зиндонҳои Русия
Дар моҳи сентябр ва октябри имсол теъдоди маҳбусон дар зиндонҳои мардонаи Русия, ки дар миёнашон тоҷикон низ ҳастанд, 23 ҳазор нафар кам шудааст. Дар ин бора сомонаи “Медиазона” бо такя ба маълумоти Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои (ФСИН) хабар дод.
То аввали моҳи сентябр дар муассисаҳои ислоҳии Русия тақрибан 348 ҳазор нафарро нигоҳ медоштанд. Ин рақам дар аввали моҳи октябр ба 338 ҳазор ва дар аввали моҳи ноябр ба 325 ҳазор нафар поин омад. Шумори маҳбусон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва зиндонҳои занона бетағйир мондааст.

“Меҳроб Раҳмонов дар зиндони Брянск буд”

Ба иттилои муаллифони мақола, бори аввал аст, ки теъдоди зиндониён дар Русия ба ин ҳад кам мешавад. “Медиазона” навиштааст, камшавии бесобиқаи маҳбусон ба сафарбарии онҳо ба ҷанги Украина вобастааст, ки аз тарафи ширкати “ЧВК Вагнер” анҷом мешуд.

Моҳи августи имсол маълум шуд, ки гурӯҳи ғайрирасмии низомии “ЧВК Вагнер” барои ҷангидан дар Украина маҳбусонро ҷалб мекунад. Ба маҳбусон ваъда медиҳанд, ки пас аз 6 моҳи иштирок дар ҷанг афв мешаванду барояшон пули хуб дода хоҳад шуд. Созмони “Вагнер” солҳост, ки бо ҷонибдорӣ аз Русия барои ҷанг дар кишварҳои гуногун зархарид ҷалб мекунад.

Дар охири моҳи октябр мудири бунёди “Рус сидяшая” Олга Романова эълон кард, ки беш аз 20 ҳазор маҳбус ба ҷанг бурда шудаанд.

Дар зимн, дар зиндонҳои Русия муҳоҷирони зиёдеро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, нигаҳ медоранд ва дар ин муддат чанд мавриди ҷалби муҳоҷирони тоҷику узбек аз маҳбасҳо расонаӣ шуд.

Бино ба баъзе гузоришҳо, яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамла дар тамрингоҳи Белгород гумонбар аст, то рафтан ба артиш дар зиндони вилояти Брянск будааст. Аз ӯ Меҳроб Раҳмонов ном мебаранд.

Пайвандони ӯ ба ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, Валентина Чупик, гуфтаанд, Меҳроб аз зиндони вилояти Брянск шикоят карда буд, ки ӯро ба имзои қарордод ва рафтан ба ҷанги зидди Украина маҷбур кардаанд. 15-уми октябр хабари кушта шудани ӯро ба наздиконаш расониданд.

“Чанд тоҷик номнавис карданд, вале...”

Як муҳоҷири тоҷик аз зиндони Русия дар номае ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, ба зиндони онҳо ҳам гуруҳе омада, ба маҳбусон раҳоӣ аз зиндонро бар ивази ширкат дар ҷанг пешниҳод карданд. Ба онҳо ваъда додаанд, ки баъд аз ним сол озод мешаванд.

Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, “ба ин пешниҳод чандин шаҳрванди Узбекистон розӣ шудаву рафтанд, аммо аксаран ин даъватро онҳое қабул карданд, ки як ё ду сол пеш зиндонӣ шудаву солҳои зиёд бояд дар маҳбас бимонанд. Онҳое, ки ба адои муҳлати ҷазояшон як ё ду соли дигар мондааст, ин пешниҳодро қабул накардаанд.”

“Тақрибан 100 касро бурданд. Аксаран русҳову доғистониҳо рафтанд. Узбекистониҳо ҳам рафтанд. Тоҷикҳо якчанд нафар худро номнавис карданд, вале баъдан аз роҳ гаштанд. Онҳое, ки рафтанд, баъзеаш занг заданд, ҳоло хубанд. Баъзеи дигар дар беморхонаанд,” – гуфт ҳамсуҳбати мо дар яке аз зиндонҳои Маскав.

Бар асоси омори ду сол пеш дар боздоштгоҳу зиндонҳои Русия ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро нигоҳ медоранд. Мақомоти Тоҷикистон аз зиндон ба ҷанг рафтани шаҳрвандони ин кишварро тасдиқ ё рад накардаанд.

Саидзода: “Ягон шикояту иттилои дақиқ нест

Дар намояндагии Тоҷикистон дар Екатеринбург гуфтанд, онҳо бо тоҷикони зиндонӣ дар тамоми минтақаи Урал тамоси доимӣ доранд, вале дар ин бора “ягон шикояту иттилои дақиқ” нагирифтанд.

Зафар Саидзода
Зафар Саидзода

Зафар Саидзода, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург, рӯзи 29-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Моҳҳои июл ва сентябри соли равон аз колонияҳои ислоҳии 12, 53 ва 54-и вилояти Свердловск дидан карда будам. Бо ҳамватанон оид ба мушкилоташон суҳбат доштам. Масъалаи асосӣ мусоидат дар мавриди барасмиятдарории асноди шартан озод кардани маҳбусон буд. Оид ба мавзӯи матраҳкардаи Шумо ягон шикояту иттилои дақиқ аз ҳамватанони зиндонӣ то ҳол нагирифтаем.”

Сафорати Тоҷикистон дар Русия моҳи сентябр бо нашри баёнияе гуфта буд, ҳар касе, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат мекунад, “ба ҷавобгарии ҷиноӣ” кашида хоҳад шуд. Маълум нест, чӣ қадар аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ҳамчун зархарид дар ҷанги Украина ширкат кардаанд. То кунун дар бораи ҳузури тоҷикону узбекҳо ва шаҳрвандони Қирғизистон дар ҷанги Украина гузоришҳо расидаанд. Дар ин миён чанд мавриди кушта шудани тоҷиконе расонаӣ шуд, ки дар ҷанги Украина аз ҷониби Русия ширкат мекарданд.

“Дар зиндони Русия буд, аз Украина тамос гирифт”

Радиои Озодӣ бо бародари як тоҷики узбекистоние суҳбат кард, ки аз зиндон ба ҷанг бурда шудааст. Бародари ӯ, ки худро Азиз муаррифӣ кард, дар суҳбати телефонӣ аз Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, додараш 26 cол дорад ва соли 2021 ба далели қочоқи маводи мухаддир боздошту ба зиндон маҳкум шуда буд.

Азиз мегӯяд, пайваста бо бародараш, ки дар зиндони Иванова буд, тамос дошт ва ҳар моҳе барои ӯ 20 ҳазор рубл мефиристод, то ба мушкиле гирифтор набошад. Аммо додараш миёнаҳои моҳи октябр аз Украина занг задаву аз рафтанаш ба ҷанг хабар додааст.

“Ҳар вақте бо ӯ суҳбат мекардам ё ба хабаргирияш мерафтам, мегуфтам, ягон кори ғайриқонунӣ накарда ором нишинад ва чӣ қадар маблағе лозим аст, барояш мефиристам,” – афзуд Азиз, бародари муҳоҷири зиндоние, ки ба ҷанг рафтааст.

Ба нақли Азиз, онҳо 4 сол пеш аз Узбекистон барои кор ба Русия рафтанд ва чун ронандаву сохтмончӣ кор мекарданд. Ба ин фикр аст, ки эҳтимол бародараш гумроҳ шудаву бо умеди раҳоӣ аз зиндон барои рафтан ба ҷанг розӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, бародараш дар суҳбатҳои телефонӣ шикоят намекард ва талош мекард, дар бораи ҷанг ва сабаби рафтанаш зиёд суҳбат накунад. Аз рафтани ин муҳоҷири маҳбус ба ҷанг ба ғайр аз бародар дигар аъзои хонавода хабар надоштаанд. Ҳоло ин шаҳрванди Узбекистон мехоҳад, бидонад, ки оё роҳе барои берун баровардани бародараш аз майдони ҷанг вуҷуд дорад ё не.

Қаблан наздикони чандин маҳбуси дигари узбекистонӣ, ки дар Русия маҳкум ба зиндон шудаанд, ба ҳомиёни ҳуқуқ гуфта буданд, пайвандони онҳоро бо ҳар шева, аз ҷумла шиканҷа аз зиндонҳои он кишвар ба ҷанги Украина бурдаанд.

Ҳомии ҳуқуқи маъруф Олга Романова дар Телеграм навишт, ширкати хусусии низомии Русия – “Вагнер” хориҷиҳоро ҳам аз зиндон ба ҷанг ҷалб кардааст.

Хабарҳо дар бораи аз зиндонҳои Русия ба ҷанг рафтани одамон хонаводаҳои маҳбусони тоҷикро сахт нигарон кардааст. Онҳо метарсанд, ки пайвандони маҳбусашон бо умеди раҳо шудан аз чордевори зиндон чунин даъватҳоро қабул хоҳанд кард.

Пас аз фармони сафарбарии сарбозони иловагӣ ба артиши Русия ва ҷанги Украина ҳамчунин эълонҳо дар бораи ҷавонони гумшудаи тоҷик дар ин кишвар афзудааст. Фақат дар моҳи октябри имсол тақрибан 10 нафар аз бедарак шудани фарзанд ва ё бародарашон ба Радиои Озодӣ хабар додаанд. Хешовандони ҷавонони бедаракшуда тахмин мекунанд, ки онҳоро ба артиши Русия ва ё ба ҷанг дар Украина бурдаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG