Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ӯ террорист не, муҳоҷир буд, ки маҷбурӣ бурда шуд." Тоҷики кушташуда дар Белгород маълум шуд. ВИДЕО


Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин). Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин). Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Радиои Озодӣ бо мадади корбарон ҳувийяти яке аз тоҷикони кушташударо дар тамрингоҳи Белгород муайян кард ва ӯ Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин), шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон аст. Хабарро як манбаи наздик ба мақомоти тафтишотии Русия низ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Ӯ ҳамчунин ба мо рӯйхати ҳамаи ҳалокшудагонро дар тамрингоҳи Белгород дастрас намуд, ки асосан шаҳрвандони Русия ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, тоҷики дигари кушташуда Меҳроб Раҳмонови 23-сола аст.

Ҳамла ба тамрингоҳи Белгород рӯзи 15-уми октябр рӯй дод. Мақомоти Русия онро кори ду зодаи як кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва "ҳамлаи террористӣ" хонданд, вале аз ҳеч давлате ном набурданд.

Пайвандони Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин) мегӯянд, "ӯ дар тарабхонае бар асоси патент кор мекард ва нияти ба ҷанги Украина рафтан надошт". Онҳо гуфтанд, ки ӯ рӯзи 10-уми октябр дар назди метрои Люблинои Маскав "гум шуда буд" ва хабари маргашро 16-уми октябр мақомоти рус расонданд.

Тоҷиддин Аминзода, падари Эҳсон ва мудири Маркази ҳамоҳангсозии ва маркетингии Вазорати саноат дар вилояти Хатлон, рӯзи 17-уми октябр дар тамоси телефонӣ хабари марги писарашро тасдиқ кард, аммо гуфт, ҳолати равонӣ барояш имкон намедиҳад, ки дар бораи писараш ҳарф занад.

Фирӯз Аминзода, бародари Эҳсон Аминзода, рӯзи 17-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ аз Маскав гуфт, ӯ ҳафт моҳ пеш ба Русия рафта, дар як тарабхона кор мекард.

"Бародарам шаҳрвандии Русияро надошт ва бо патент фаъолият дошт. Ҳоло маро ба Прокуратураи ҳарбӣ даъват карданд. Намедонем, ӯ чӣ хел дар Белгород пайдо шуд. Бародари ман на террорист буд, на чунин фикр дошт. Як муҳоҷири одӣ буд, ки мехост кор кунад ва зиндагияшро бисозад," – афзуд ӯ.

Як тоҷики кушташуда дар Белгород маълум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Аминзода гуфт, бародараш рӯзи якшанбеи гузашта, 10-уми октябр, баъд аз кор гуфтааст, ба назди дӯстонаш меравад ва ба ҳамин телефонаш хомӯш шудааст. Ӯ гуфт, бародараш "шахси мутаасиб набуд".

Як дӯсти Эҳсон, ки нахост номашро зикр кунем, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳеч гоҳ қасди ба ҷанг рафтан надошт ва мехост, зудтар пул кор кунад ва ба Тоҷикистон рафта, бо дӯстдоштааш издивоҷ кунад.

"Ҳамаи мо ба шок афтодем. Ӯро мекофтем ва фикр кардем, шояд ба назди кадом шинос ё ба Тоҷикистон рафтааст. Ният доштем, эълон диҳем, ки ӯ гум шуда. Ақидаи ифротӣ надошт ва мисли ҷавонони дигар буд. Агар сахт диндор мешуд, дар ресторан кор мекард?" -- гуфт ӯ.

Ҳамла дар тамрингоҳи Белгород рӯзи 15-уми октябри имсол рӯй дод ва мақомоти Русия онро кори ду зодаи як кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва "ҳамлаи террористӣ" хонданд.

Алексей Арестович, мушовири Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, ҳамлагарон аз Тоҷикистон буда, баъди баҳс бар сари дин ба сӯи ҳамхидматони худ оташ кушодаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даст доштани шаҳрвандони кишварро ба ҳамла ба Белгород таҳқиқ доранд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар номае ба Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми октябр навишт, "сафорат дар Маскав аз пайи муайян кардани даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар воқеа ҳастанд."

Тибқи иттилои Вазорати дифои Русия, дар ин ҳодиса 11 нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шудаанд. Онҳоро дар доираи маъракаи басеҷ (басиҷ, мобилизатсия, сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ) ба артиши Русия даъват шуда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG