Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар гурӯҳи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” аз назари озодиҳои динӣ


Намозгузорӣ дар масҷиде дар Душанбе дар аҳди пандемияи коронавирус. Акс аз соли 2021
Намозгузорӣ дар масҷиде дар Душанбе дар аҳди пандемияи коронавирус. Акс аз соли 2021

Тоҷикистон дар поёни соли 2022 ҳам дар феҳристи кишварҳое боқӣ монд, ки аз назари озодиҳои динӣ ба гурӯҳи кишварҳои мавриди нигаронии хос дохил мешаванд.

Ба ин феҳрист, ки ҳар сол дар ИМА таҳия мешавад, инчунин Бурма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Русия, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Туркманистон дохил мешаванд.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен, ки дар изҳороте ҳафтаи ҷорӣ исми кишварҳоро бар пояи Қонуни озодиҳои динӣ гурӯҳбандӣ кард, гуфт, ба хотири нақзи қонун ва ҳам бетаҳаммулӣ дар нисбати озодиҳои динӣ ин давлатҳоро ба гурӯҳи мавриди “нигаронии хос” шомил мекунад.

Тоҷикистон баъди соли 2016 чун як кишвари поймолкунандаи ҷиддии озодиҳои динӣ сабт мешавад ва дар гузориши солонаи ИМА оид ба озодиҳои динӣ, ки моҳи июли имсол нашр гардид, гуфта шуд, ки бо вуҷуди онки Қонуни асосии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандон ҳақ додааст, ки ҳар гуна динеро пайравӣ ва ё расму русумҳои онҳоро иҷрову риоят кунанд, мақомот ва дигар қонунҳо ин ҳаққу ҳуқуқи мардумро маҳдуд мекунанд.

Ҳанӯз мақомот дар Душанбе ба изҳороти ахири котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен вокунише накардааст. Вале моҳи июли имсол дар вокуниш ба ин гузориш Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, “гузориши навбатии Амрико чун гузоришҳои қаблӣ вазъи воқеии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро баён намекунад.”

Гузориши ҳукумати Амрико, ки вазъи соли 2021-ро арзёбӣ кардааст, аз ҷумла, танҳо дар ҷои махсус муайяншуда ё масҷид ҳақи намозгузорӣ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон, манъи наврасони то 18-сола ба масҷидравӣ, боздошту ҳабси пайравони созмони мазҳабии “Шоҳидони Яҳуво”, манъи фаъолияти созмонҳои Ихвонулмуслимин ва равияи Салафия ва дигар мавридҳоро чун намунаи ин маҳдудиятҳо ёд кардааст. Он замон дар вокуниш ба ин гузориш Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим навишт: “Гузориши навбатии Департаменти давлатии ИМА оид ба озодиҳои динӣ чун гузоришҳои қаблӣ вазъи воқеии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро баён намекунад”. Ӯ афзуд, “дар гузориши навбатӣ ҳатто ба ҷавобгарӣ кашида шудани пайравони ташкилотҳои дар Тоҷикистон экстремистию террористӣ эътирофшуда низ ҳамчун “маҳдудияти динӣ” арзёбӣ шудааст, ки аслан қобили қабул нест. “

Гурӯҳи "Вагнер" дар феҳристи поймолкунандаҳои озодиҳои динӣ

Вебсайти Департаменти давлатии Амрико, ки изҳороти имсолаи Блинкенро нашр кардааст, мегӯяд, бар асоси қонуни байналмилалии озодиҳои динӣ аз соли 1998 президенти ИМА ҳар сол ба вазъи озодиҳои динӣ дар кишварҳои ҷаҳон баҳогузорӣ мекунад. Ин қонун ба Блинкен имкон медиҳад, ки сиёсатҳои фарогир, аз ҷумла таҳримҳоро ҷорӣ кунад. Озодиҳои динӣ бахши муҳими ҳуқуқи инсон ва ҳам шарти муҳими эҷоди ҷомеаи демократӣ шумурда мешавад.

“Садои Амрико” менависад, соли ҷорӣ чандин гурӯҳу созмон, аз ҷумла Гурӯҳи хусусии ниманизомии “Вагнер”, ки ба Кремлин рабт дорад ва бо фаъолияташ дар ҷангҳои Сурия, Африқо ва Украина ном баровардааст, ҳамчун “ташкилоти мавриди нигаронии хос” ёд шудааст. Блинкен гуфт, гурӯҳи “Вагнер” барои амалҳояш дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ба ин феҳрист ворид карда шуд.

Блинкен гуфт, “дар саросари ҷаҳон ҳукуматҳо ва ҳам гурӯҳҳои ғайриҳукуматӣ даст ба озор, таҳдид, ҳабс ва ҳатто куштор ба хотири эътиқод даст мезананд”. “ИМА чунин азияту озорро таҳамул нахоҳад кард”, гуфт ӯ. Блинкен гуфт, ки Вашингтон барои мулоқот ва баррасии иқдомҳои мушаххаси ҳукуматҳо барои аз ин феҳрист берун кардани исми онҳо омода мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG