Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омадам, дидам, миёну гардан ва пойҳояш шикаста буд. ВИДЕО


Фирдавс Валиев ҷойи ҳодисаро нишон медиҳад.
Фирдавс Валиев ҷойи ҳодисаро нишон медиҳад.

Як шаҳрванди Русия шикоят дорад, ки фарзандашонро писари як мансабдори Тоҷикистон бо мошин зада кушт, вале гунаҳкор ҷазои сазовор нагирифт. Анастасия Вишнякова мегӯяд, касе, ки сабаби марги писараш Абубакр Абдураҳимов шуд, изҳори пушаймонӣ ва кумаке ба ӯ накард.

Абубакр Абдураҳимови 13-сола тобистони имсол бори аввал ба дидори хешони падариаш аз Русия ба Тоҷикистон омад. Вале баъди як ҳафтаи ба Тоҷикистон омадан риштаи умраш ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Рӯзи 10-уми августи имсол Абубакр Абдураҳимов дар канори шоҳроҳи Хуҷанд-Бобоҷон Ғафуров дар наздикии хонаи бобояш мехост аз роҳ гузарад, вале мошин ӯро пахш кард.

Фирдавс Валиев, амаки Абубакр Абдураҳимов ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҷиянам фикр мекунад, ки мошинҳо дар пиёдароҳ меистанд. Вале Ҷамшедзода Ёқуб Ҷамшед дар якум хати пиёдароҳ ӯро пахш мекунад”.

Видеоро инҷо бубинед:

"Омада дидам миён, гардан ва пойҳояш шикаста буд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00

Фирдавс Валиев, амаки Абубакр Абдураҳимов яке аз аввалин нафароне буд, ки ба ҷойи ҳодиса омад. Вай аз рӯи мушоҳидаҳояш иддао дорад, ки ҳодиса ба хотири беэҳтиётии ҷиддии ронанда рух дод. Вай мегӯяд ронанда бо хатти роҳе ҳаракат мекард, ки танҳо барои нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ” ва бехатарӣ пешбинӣ шудааст. Абдураҳимов мегӯяд, суръати ҳаракати мошин нисбат ба қоидаи муайяншуда баландтар буд.

“Нафарони дидагӣ мегӯянд, ки ҷияни ман қариб то ними сутуни барқ баланд шуда, баъд ба замин афтидааст. Вақте ман худам омада дидам сутунмуҳраву миён, гардан ва пойҳояш шикаста буд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки ронанда агар бо суръати 60 километр дар як соат меомад фарзанди хонадони мо ба ин аҳвол намемурд. Вай аз рӯи 100 ё 120 километр дар як соат омадааст, вале инро ба гардан намегирад,”-афзуд Фирдав Валиев.

Пайвандони маҳкумшуда дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Ёқуб Ҷамшедзода бинобар дар роҳи дур қарор доштанаш омода нест, бо рӯзноманигорон суҳбат кунад. Вале падараш Ҷамшед Маҳмадалиев, ки як корманди баландмақоми Хадамоти Давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аст мегӯяд, ин ҳодиса тасодуф аст. Вай иддао дорад, ки бо ҷабрдидагон суҳбат дошт ва узри фарзандашро расонидааст.

Пайвандони навраси ҳалокшуда ҳарчанд аз ҷараёни баррасӣ ва тафтиши ҳодиса изҳори норозигӣ кардаанд, вале охири моҳи октябр мақомот тафтишотро тамом карда, парвандаро ба додгоҳ фиристоданд. Додгоҳи Бобоҷон Ғафуров қарор кард, ки Ёқуб Ҷамшедзода ба хотири вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки боиси марги инсон шудааст (моддаи 212, қисми 2)-и Кодекси ҷиноятӣ се соли ҷазоро дар дар колонияи ислоҳии низомаш сукунат гузаронад. Бар асоси қарори додгоҳ, Ҷамшедзода ҳамчунин давоми ду сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳкум шуд.

Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ҷонибҳо барои зиёни молӣ ба мувофиқа нарасидаанд. Пайвандони навраси ҳалокшуда аз қарори додгоҳ розӣ нестанд.

Модари Абубакр Абдураҳимов гуфт: “Аз Додгоҳи олӣ талаб мекунам, гунаҳгор на дар колонияи сукунатӣ, балки дар зиндони умумӣ ҷазои худро гирад. Ҳамчунин зарари моддии моро маҳкумшуда пардохт кунад, вале ёрии равонии вай ба мо лозим нест. Вай дигар фарзанди маро баргардонида наметавонад ва бигзор ҷазои худро бигирад”.

Ҳоло ин хонавода ба зинаи болоии додгоҳ шикоят бурда, умедворанд ҳукм бозбинӣ мешавад. Консулгарии Русия дар шаҳри Хуҷанд низ бо дархости ҷабрдида ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, бо муроҷиат ба мақомоти додситонӣ ва Додгоҳи вилояти Суғд талаби бозбинии ҳукм ва баррасии одилонаро кардааст.

Ҳамасола дар роҳҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷонашонро аз даст медиҳанд. Бархеҳо зиёд будани садамаҳоро ба фасодкорӣ дар додани ҳаққи ронандагӣ медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG